29 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори Қасри ҷавонони ба номи Лоиқ Шералии шаҳри Хуҷанд мулоқоти Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода бо донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят баргузор гардид.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар партави сиёсати дохиливу хориҷӣ ва маорифпарварию хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сўи дастовардҳои навин қадамҳои устувор мегузорад ва дар даврони ҷаҳонишавии тамаддунҳо масъалаҳои марбут ба рўзгори ҷавонон, хосатан донишҷўён ҳамчун нерӯи ояндасози миллат дар меҳвари сиёсати аввалиндараҷаи давлату ҳукумати кишвар қарор дорад.
Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи комил ба пояҳои асосии бунёди давлати навини миллии тоҷикон, ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, демократӣ, дунявӣ ва мутамаддин асос гузошта шуд.
Аз файзу баракати даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо сиёсати созандаю бунёдкорона ва хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо роҳи устувори рушди ҳамаҷонибаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пеш гирифта, дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа ба дастовардҳои бузург ноил гардидем.
Шаҳрдор гуфт, ки бунёди ҷомеаи мутамаддин дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба пояи маънавиёт истеҳком дорад. Фарҳангу маънавиёт дар асару маърўзаҳои Президенти мамлакат ҳамчун ҳастии миллат эътироф гашта, бо ҳидояти дурбинонаашон ин нуқта моҳияти амали созандагиву бунёдкории ҷомеаро ташкил медиҳад. Дар ташкил ва тарғиби арзишҳои маънавӣ муассисаҳои таълимӣ мақоми шоиста дошта, ҳамчун махзани бузурги илму маърифатомӯзӣ дар тарбияи насли созандаву бунёдкор саҳми назаррас гузошта истодааст.
Хусусан, дар шароити имрўзаи рушди босуръати илму техника ва технологияи муосир ҳар як давлат нерўи зеҳнии ҷомеаро ба кашфиёту ихтирооти нав ва тақвияти соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ равона месозад. Омўзиш ва татбиқи донишҳои наву замонавӣ шарти асосии пешрафт ва рушди босуботи ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Замони мо - замони таҳаввулоти бузурги илму техника, замони ҳамкориву ҳамгироии кишварҳову минтақаҳост. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ имрўз баробари истиқбол аз андешаҳои пешқадам ва таҷрибаҳои судманди ҷомеаи ҷаҳонӣ бо роҳи фароҳам овардани фазои эътимод, ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди илмиву фарҳангӣ бо ҷаҳони муосир пеш рафта истодааст.
Илму дониш воқеан маънибахшу шукўҳафзои ҳастии инсонҳост. Ҷомеаи инсониро илму дониш, маърифат ва ахлоқу маънавият мазмуну мўҳтавои амиқ ато мекунад. Устувориву пешрафти ҷамъияти инсонӣ ба маърифат ва илму дониш иртиботи қавӣ дорад. Маҳз дар даврони Истиқлолият бо ҳифзи асолати миллӣ, баҳри ноил шудани кишвари мо ба илму дониши пешрафтаи замони муосир заминаҳои боэътимод ба миён омаданд. Дар иҷрои ин мақсад эҳсоси худшиносии миллӣ, ватанпарварӣ ва садоқати тамоми равшанфикрон, бахусус олимону зиёиёни риштаҳои илмию техникӣ бисёр муҳиму тақдирсоз ва дастовардҳои онҳо шоистаи таҳсин мебошад.
Фирдавс Шарифзода таъкид дошт, ки таъмини рушди бонизоми зеҳни сунъӣ, рақамикунонии иқтисодиёти миллӣ ва технологияҳои инноватсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи давлат буда, дар як муддати кӯтоҳ бо ташаббус ва дастгирии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои инфрасохтори иқтисоди рақамӣ ва асосҳои ҳуқуқии соҳа ташкилу тақвият ёфтанд.
Бо дарки муҳиммияти мавзуъ, дар шароити муосири рушду таҳкими тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва дар ин ҷода вусъат бахшидан ба раванди рақамикунонии иқтисоди миллӣ ва рушди равандҳои инноватсионии кишвар, бо ибтикори навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи паёмашон солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон гардид.
Дар ҳама давру замонҳо маъвои асосии илму дониш таълимгоҳҳо мебошад. Вобаста ба ин, дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон, аз ҷумла дар шаҳри Хуҷанд, маркази вилоят бевосита бо ташаббусу дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба рушди таълимгоҳҳо ва ободии онҳо таваҷҷўҳи махсус зоҳир карда мешавад, ки ин аз беҳтарин падидаҳои даврони Истиқлолият ислоҳот дар соҳаи маориф мебошад. Дар ҳамин давра барқарор намудани ҳамкории байнидавлатии донишгоҳҳо, қабули барномаву лоиҳаҳои нав, беҳтар гардонидани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили мактабҳои нав, литсейҳо, гимназияҳо, коллеҷҳо, литсейҳои муштарак, мактабҳои хусусӣ ва амсоли инҳо, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» таъсис ёфта, аз рўи барномаҳои хоси худ амал мекунанд, фаъолияти назарраси худро дар пешрафти илму маориф ва омодасозии мутахассисони баландихтисос нишон доданд.
Дар иртибот бо вазъи ҷаҳони имрӯза зикр гардид, ки он мураккаб гардидааст, ҳар як шаҳрванди кишварро водор мекунад, ки ба қадри давлати соҳибистиқлол ва зиндагии орому осуда расида, ҳеҷ гоҳ зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ҳаргиз фирефтаи таблиғоту ақидаҳои бебунёди ифротӣ нашавад. Имрўзҳо равияҳои тундрави терроризм ва ифротгароӣ, ки оқибатҳои фоҷиабору ҳалокатовари он ба ҳамагон равшан аст, беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри бистуяк табдил ёфтааст.
Бинобар ин, ҳар яки моро зарур аст, ки бар зидди терроризму экстремизм, ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷинояткорӣ, таълимоти ғайрирасмии динӣ мубориза барему ҷиҳати таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, дар баробари ин, тарбияи кадрҳои худшиносу ватандӯст, дорои масъулият ва малакаи баланди касбӣ, соҳиби донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии муосир, фидокор ва содиқ ба Ватану миллат, ҳушёру зирак, муборизи роҳи ҳақиқату адолат тадбирҳои муассир андешем. Бахусус, дар айёми пурталотуми имрўзаи сайёра ин падидаи нанговар аз ҳар як узви ҷомеа, махсусан Шумо ҷавононро талқин мекунад, ки ба ҳар гуна воқеаҳои сиёсӣ баҳои воқеӣ дода тавонем, ҳизбу равияҳое, ки имруз давлати тинҷу ороми моро халалдор месозад, маҳкум намоем. Амалӣ сохтани ин тадбир бошад, аз ҳар яки мо ҷаҳонбинии васеъ, дониши амиқ, муҳимтар аз ҳама ҳисси баланди миллӣ ва худогоҳиву худшиносиро тақозо менамояд.
Барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ дар самти пешравии илму дониш аввалан зарур аст, ки тамоми ҷомеа ба масъалаи таълиму тарбия ва рушди илму маориф рўй оварад. Ҳар яки мо вазифадорем, ки наврасону ҷавононро дар рўҳияи арҷгузорӣ ба илму маърифат худшиносиву худогоҳӣ, ватандўстиву ватанпарастӣ тарбия намоем, то ки онҳо ворисони ҳақиқии ин давлату миллат буданашонро ботинан эҳсос намоянд ва барои ободии сарзамини аҷдодии хеш ҳамеша талош варзанд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар анҷоми суханрониаш изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавонони сарбаланди кишвар дастуру ҳидоятҳои раҳнамунсози Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро бо ҳисси баланди масъулият иҷро намуда, дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд, дар ҳар ҷое ки бошанд, бо Ватан, миллат, давлати соҳибистиқлолу соҳибтамаддуни худ ва забону фарҳанги миллии хеш ифтихор мекунанд.
Ҳамчунин, барои вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ба хотири истиқболи ҷашни муқаддасу бузурги миллиамон 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастовардҳои арзанда саҳми назарраси худро мегузоранд.
Сипас муовини Раиси вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, ҷавононро бо омӯзиши амиқи илму ҳунар, забонҳои хориҷӣ, дӯст доштани давлату миллат, саҳмгузорӣ ба рушди ояндаи Тоҷикистон даъват намуд.
Сипас аз ҷониби як қатор донишҷӯёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии маркази вилоят ба Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода суолу дархостҳо манзур гардиданд.
Аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба 210 нафар донишҷӯёни фаъолу аълохон маблағҳои пулӣ тақдим карда шуд.
Барномаи фарҳангии ватандӯстона ба мулоқот ҳусни анҷом бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд