29 Апрель 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо ташаббуси Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд ва ҳамоҳангӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр маросими бошукӯҳи пешвози сарбози шуҷоатманд ва фарзанди далер миллат — Фирӯзхӯҷа Дадохӯҷаев баргузор гардид.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ, муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҷамил Абдулозода, мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҷавонон ва аҳли касбу корашон иштирок намуданд.
Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии раиси Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ Мунзифа Ҷабборӣ оғоз гардида, мавсуф дар баромади худ таъкид дошт:
"Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддас ва шарафи ҳар як фарзанди миллат мебошад. Фирӯзхӯҷа Дадохӯҷаев бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба савганди ҳарбӣ ва садоқат ба Пешвои муаззами миллат хизмат намуда, бо сарбаландӣ ба зодгоҳи худ баргашт. Мо ба чунин фарзандони Ватан ифтихор дорем."
Сипас муовини раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Абдуҷамил Абдуллозода баромад намуда, иброз дошт:
"Ҷавонони мо бо ҳисси баланди миллӣ ва ҳисси масъулият дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат намуда, собит месозанд, ки амнияти кишвар ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар дасти фарзандони содиқи миллат мебошад. Фирӯзхӯҷа намунаи барҷастаи ҷавони асил ва садоқатманди Ватан аст."
Мудири Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуровзода зимни суханронии худ зикр намуд:
"Ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимоди ҷомеа бояд рисолати ватандӯстӣ ва меҳанпарастиро пайваста эҳсос намоянд. Фирӯзхӯҷа бо иҷрои содиқонаи вазифаи ҳарбӣ намунаи ибрат барои насли наврас ва ҷавонони дигар гардид."
Дар идома аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр ба Фирӯзхӯҷа Дадохӯҷаев сипоснома ва тӯҳфаи хотиравӣ супорида шуд. Ҳамзамон, ба падару модари ӯ — барои саҳми арзандаашон дар тарбияи фарзанди шуҷоатманд ва содиқ ба Ватан — раҳматнома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Маросим дар фазои пур аз эҳсоси ифтихори миллӣ ва ватандӯстӣ ҷамъбаст гардида, иштирокчиён ба сарбози шуҷоатманд барои фаъолияти минбаъдаи пурмаҳсул ва зиндагии сарбаландона орзуи нек баён намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд