29 Март 2025
Недоступен ни однин перевод.
Иди Рамазон – рўзи шафқат ба ҳамагон
Шаҳрвандони гиромӣ, ҳамдиёрони азиз!
Наврўз – Соли нави аҷдодӣ, ки ба эътирофи ҷаҳонии он имсол понздаҳ сол пур шуд, воқеан, ба ҷашни бузурги байналмилалӣ мубаддал гашт. Ба кишвари мо аз ҷумҳуриҳои Ўзбекистону Қирғизистон, Эрону дигар кишварҳо, ки дар меҳвари ҳавзаи Наврўз қарор доранд, ташрифи идона карданд ва тантанаҳои наврўзӣ то ҳанўз идома доранд.
Имсол рўзи иди Рамазон бо ин ҷашни байналмилалӣ рост омад, ки басо рамзист. Моҳи санҷиши ирода поён ёфт ва хайру эҳсон, некиву накўкорӣ, шафқату меҳрубонӣ ба калонсолон идома хоҳад ёфт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз мулоқотҳояшон ба ходимони дини кишвар ёдовар шуданд, ки «…яке аз шахсиятҳои маъруфи илму ирфон Хоҷа Абдуллоҳи Ансорӣ хуб гуфтааст:
Дил ба даст овар, ки ҳаҷҷи акбар аст,
Аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст.
Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳамин радиф гуфтааст, ки Худоро дар як хонаи сангӣ наҷўед, чунин ҷустани Худо ҷустани нокомил аст, ў Худованди ҳама ҷост, ў дар қалбу дили мардуми олам аст, аз дари дил дар мақому манзалати инсон ўро шиносед…». Яъне, ба ин маънӣ, моҳи рамазон ва Иди Рамазон аз тадбирҳоест, ки инсон бояд бо кору амалҳои шоиста ба дили инсоне роҳ ёбад. Яъне, он аз суннатҳои муқаддаси мардуми мусулмон буда, беҳтарин арзишҳои инсонӣ – сабру таҳаммул, некиву накўкорӣ, дастгирии ҳамдигар, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайру созандаро нисбати якдигар раво донад. Ин суннати муҳим дар қатори дигар ҷашну маросими милливу мардумӣ дар кишвари ҳамешабаҳори мо ҳамасола чун дар дигар мамолики аҳолиаш мусалмон ба шоистагӣ доир ва таҷлил мегар-дад.
Дар мамлакати соҳибистиқлоли тоҷикон, таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озодии виҷдон, дину ақида, адои маросими суннатию динӣ бо имконияти васеъ роиҷ аст. Дини мубини ислом ҳам-чун дини поку беолоиш ва раҳнамои накўкориҳо дар кишвари мо мақоми хоса дорад. Аз ин ҷост, ки Сарвари кишвар дар аксари мулоқоти худ таъкид мекунанд, ки мо имрўз дар давлати озоди демократӣ ва дунявӣ имкон дорем, ки таълимоти созандаи дини мубини ислом, бахусус, тарғиби дўстиву муҳаббат ва кўмаку дастгирии байниҳамдигариро дар байни тамоми афроди ҷомеа густариш диҳем.
Ин аст, ки мардуми шарифи Хуҷандшаҳр аз ҳамаи ин фазилатҳои нек ба хубӣ огоҳ буда, чун анъана дар рўзҳои моҳи табаррук ба дастгирии мўҳтоҷону ниёзмандон мешитобад ва амалҳои хайрро дар ин моҳ бештар анҷом медиҳад.
Давлату ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода барои таъмини зиндагии шоиста ва иҷрои рукнҳои дини мубини ислом шароиту имконоти васеъро фароҳам овардаанд.
Умедворам, ки бо таҷлили иди Рамазон, меҳру муҳаббат ва масъулияти мо нисбат ба якдигар ва иҷрои ўҳдадориҳо дучанд мегардад ва ҳамагон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастоварду муваффақиятҳои бузург ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба шоистагӣ истиқбол менамоем.
Ҳамаи шумо, сокинон ва меҳмонони азизи шаҳрро ба муносибати Иди саиди Фитр шодбод мегўям, ба ҳар хонадон ризқу рўзии фаровон, рўзгори босаодат, осмони софу беғубор, шодиву нишоти тифлон ва меҳнати софдилона ба манфиати халқу кишварро орзу менамоям.
Иди меҳрубониву шафқат, Рўзи саиди Фитр муборак!