28 Март 2025
Недоступен ни однин перевод.
28 март дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид, ки дар кори он аз 715 нафар вакилон 709 нафар иштирок намуданд. Ҷаласа бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.
Дар ҷаласа як масъала - интихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, рақами 2 пешниҳод ва тасдиқ карда шуд.
Вобаста ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумораи аъзои комиссия, тартиби баргузории интихобот ва шароити мавҷуда раиси комиссияи ҳавзавии интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, №2 оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Биволида Самадӣ суханронӣ намуд.
Мутобиқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташкил ва гузаронидани интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи ҳавзавии интихоботии бисёрмандатии вилояти Суғд, рақами 2 таъсис дода шуд.
Интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ мутобиқи моддаи 43-юми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар сатҳи баланди ташкилӣ доир шуда, вакилон ба таври пинҳонӣ ба номзадҳо овоз доданд.
Тибқи тартиби мақарраргардида интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки фаъолонаи вакилони вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо баргузор гардид ва ширкаткунандагон ба ҷонибдории номзадҳои арзанда овоз доданд.
Пас аз анҷоми овоздиҳӣ Комиссияи ҳавзавии интихобот овозҳои додашударо ҳисоб намуда, натиҷаи интихоботро эълон кард.
Дар натиҷаи овоздиҳии вакилони халқ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, директори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Конибодом Дилором Ғафурзода, раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода, директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Бӯстон» Замира Рустамзода ва раиси шаҳри Панҷакент Абдухолиқ Холиқзода аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва дигар аъзоёни тозаинтихоби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои эътимоду боварӣ ва интихоб ба вазифаи пурмасъулияту шарафманд арзи сипос намуда, зикр доштанд, ки донишу малака ва таҷрибаи худро баҳри пешрафти ҷомеа ва беҳтар намудани шароити иҷтимоии сокинон сарф хоҳанд намуд.
Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки фаъолон ва сокинони вилояти Суғд бо тақвияти корҳо дар ҳамаи самтҳо 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо дастовардҳои арзанда истиқбол менамоянд.
Бо ҳамин кори ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳо ҷамъбаст гардид.