(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода, муовини аввали комисари ҳарбии вилоят полковник Исмоил Амирзода, муовини Раиси шаҳр, комиссари ҳарбии шаҳр, раисони маҳаллаҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва шахсони масъули шаҳрдорӣ ҷаласаи навбатии Ситод оид ба маъракаи даъвати баҳоронаи наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Нахуст, раиси Комиссияи даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода доир ба омӯзиши пеш аз даъватӣ ва омода намудани шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1998-2007 дар даъвати баҳории соли 2025 маълумот дод.
Иттилоъ дода шуд, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар марҳилаи рушд қарор гирифта, рўзгори мардум обод гашта, халқ шукри осмони софу мусаффо ва сулҳи бебозгашт карда, ба ояндаи дурахшон дилпурона назар меандозанд. Хизмат ба Ватан баробари хизмат ба модар аст.
Имрўз дар натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳ генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар бо инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои соҳибихтисос таъмин мебошад.
Бо ҳидоятҳои Пешвои миллат ва саъю кўшишҳои назарраси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди вилояту шаҳр, беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад.
Аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар асоси Қарори Раиси вилояти Суғд 6-уми декабри соли 2024, Қарори раиси шаҳр аз 27-уми декабри соли 2024, ба тавсиб расида, ба сохторхои дахлдор дастрас гардидааст.
Тибқи қарори мазкур аз 2-юми январи соли 2025 дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аз ҷониби кормандони комиссариати ҳарбӣ ва раисони маҳаллаҳо корҳои омӯзишӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин як қатор корҳои тарғиботию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардидааст.
Сипас аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва муовини Раиси вилоят Ҷамшед Ҷӯразода фаъолияти комисияи даъвати ҳарбӣ мавриди таҳлил қарор гирифта, масъулини комиссариати ҳарбӣ, раисони маҳаллаҳова шахсони мутассаддӣ барои иҷрои босифати нақшаи пешбинигардида муваззаф гардиданд.
Таъкид шуд, ки хизмат ба Ватан ва ҳифзи оромиву осоиштагии сарзамини муқаддас қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмарди ба ору номус ба ҳисоб рафта, Қувваҳои Мусаллаҳ сипари боэътимод ва такягоҳи давлату миллат арзёбӣ мегарданд. Маҳз бо шарофати ҷасорати касбӣ, садоқату ҷоннисорӣ ва хизматҳои афсарону сарбозон дар ҷомеаи мо сулҳу субот пойдор буда, мардум осоишта меҳнат ва зиндагонӣ мекунанд.
Мо бояд шукронаи сулҳу амонии кишварро кунем, зеро файзу баракат ва ҳаёти осуда аз сулҳу субот вобастааст. Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як мамлакати соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он сарзамин ба ҳисоб меравад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...