(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд бо иштироки намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр ва муовинони сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр оид ба корҳои тарбиявӣ машварати доимоамалкунанда баргузор гардид.

Дар ҷараёни машварат рафти иҷрои “Барномаи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон барои солҳои 2020-2024” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таълиму тарбияи насли наврас якчанд санади меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардида, сохторҳои махсус таъсис дода шуданд. Аз тарафи Вазорати корҳои дохилӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон» пешниҳод шуд, ки 2 январи соли 2020 қабул гардид.
Тибқи ин қонун, низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон –маҷмӯи фаъолияти инфиродӣ ва дастаҷамъонаи субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, мақомоти дигари давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки дар самти огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд. Субъектҳои низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон – мақомоти давлатӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, ки барои огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон, ошкор намудан ва бартарафсозии сабабу шароитҳои ба он мусоидаткунанда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор мебошанд;
кирдорҳои зиддиҷамъиятии (зиддиҳуқуқии) ноболиғ – кирдорҳое, ки дар машғул шудан ба оворагардӣ, талбандагӣ ё фоҳишагӣ, истеъмоли воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва мадҳушкунанда, кашидани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ ва нӯшокиҳои дар асоси он тайёркардашуда, инчунин кирдорҳои дигари поймолкунандаи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои қонунии шахсони дигар ва давлат зоҳир мегардандмақомоти низоми огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон дар доираи ваколатҳои худ барои таъмини риояи ҳуқуқу озодӣ ва манфиатҳои ноболиғон аз ҳама гуна шаклҳои ҳуқуқвайронкунӣ, азобу шиканҷа, зӯроварии руҳӣ ва ҷисмонӣ, муносибати бераҳмона, истисмори шаҳвонӣ, меҳнатӣ ва шаклҳои дигари истисмор ноболиғони дар ҳолати номусоиди иҷтимоӣ қарордоштаро ҳимоя менамояд.
Зикр гардид, ки мо набояд нисбат ба тақдиру ояндаи давлату миллат бепарвоӣ ва фориғболӣ зоҳир намоем, балки бояд завқу шавқ ва садоқати шаҳрвандии насли наврасро ба идомаи таҳсили босифат ва ҳаёти солим ҷалб созем.
Сипас дар синфхонаҳои алоҳида дарсҳои кушод бо ҳузури муовинони тарбиявии сарварони муассисаҳои таълимии шаҳр дар мавзуҳои “Терроризм-вабои аср”, Пешвои миллат-кафили сулҳу ваҳдат”, “Китоб-сарчашмаи дониш”, “Хуҷанд-марвориди Тоҷикистон”, “Донистани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ-омили ҳаёти солим” ва ғайраҳо гузаронида шуданд. Баъдан машғулиятҳо таҳлилу баррасӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...