(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати амалӣ намудани ҳадафҳои чоруми стратегии мамлакат-саноатикунонии босуръати кишвар чораҳои амалӣ андешида шуда истодааст, ки имрӯз теъдоди корхонаҳои истеҳсоли хурду миёнаи шаҳр ба 306 адад расидааст, ки он дар соли 2024-ум ба миқдори он 39 адад зиёд шудааст.

Бояд қайд намуд, ки дар натиҷаи фаъолияти пурсамари корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2024 ба маблағи 2 миллиарду 30 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шуд.
Алҳол дар шаҳри Хуҷанд бунёди якчанд адад корхонаҳои нави саноатӣ бо фарогирии садҳо ҷойҳои нави корӣ босуръат идома дорад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид аз раванди сохтмони ин корхонаҳо аз наздик шинос гардид.
Дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд сохтмони корхонаи нави ҶДММ «Дороинвест» бомаром идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи нави истеҳсолӣ бо мақсади саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат сохта шуда, дар он коркарди меваву сабзавот ва банду басти он ба роҳ монда мешавад. Тавре мушоҳида гардид, корҳои асосии сохтмонӣ дар як бино ба итмом расида, дар ду бинои истеҳсолии дигар идома дорад. Тибқи нақша воридсозии дастгоҳу таҷҳизот аз Олмону Чин дар назар буда, бо мавриди истифода қарор гирифтани корхона даҳҳо нафар соҳиби ҷойи корӣ хоҳанд шуд.
Дар Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” аз ҷониби ширкати ватании “Афрангпласт” ҷараёни бунёди як корхонаи замонавии калон низ идома дорад, ки баъди истифодадиҳии он дар як сол беш аз 4000 тонна профилҳои пластикӣ истеҳсол карда мешавад. Ин ширкат дар ҳамкорӣ бо шарикони туркӣ маҳсулоти баландсифати профилҳои пласткӣ бо таҷҳисзоти муосир роҳандозӣ хоҳад намуд.
Дар ин минтақаи озоди иқтисодӣ ҳамчунин аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ ва ширкати “Тоҷпанел” бо сармоягузории беш аз 6 миллион сомонӣ дар масоҳати 0,73 га сохтмони корхонаи истеҳсоли панелҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад ва он рӯзҳои таҷлили Наврӯзи байналмилал дар соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад, ки он маҳсулоти истеҳсолшаванда воридивазкунанда мебошад.
Фирдавс Шарифзода дар маҳаллаи “Бофанда” бо рафти бунёди корхонаи истеҳсолии «Афзали Нур» шинос гардид.
Корхонаи мазкур дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тақвияти нерӯи истеҳсоливу содиротии мамлакат бунёд гардида, дар он истеҳсоли ҷӯроб ба роҳ монда мешавад.
Корхона аз ҷониби ширкати бисёрсоҳавии илмӣ-техникии «Нур» бунёд шуда, 100 адад таҷҳизоти истеҳсолӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид карда шудааст. Дар корхона дар як моҳ то 600 ҳазор ҷуфт ҷӯроб истеҳсол гардида, ба бозори дохилӣ бароварда хоҳад шуд. Тибқи талабот як қисми маҳсулоти истеҳсолшаванда содирот мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар марҳилаи аввал 50 нафар занону духтарон бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон аз ҷониби ширкат дар ин мавзеъ бо ташкили Парки инноватсионӣ, аз ҷумла корхонаву марказҳои хизматрасонӣ низ ба нақша гирифта шуда, дар назар аст, ки дар доираи омодагиҳо ба ҷашни Наврӯзи байналмилали 2025 ба истифода дода шавад.
Раиси шаҳри Хуҷанд ин иқдоми соҳибкори ватаниро намунаи ибрат унвон намуда, ҷиҳати суръатбахшии корҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи Давлату Ҳукумат дастуру супоришҳо дод.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...