(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Ҷаласаи ҷамбастии соҳаҳои шаҳри Хуҷанд доир гардид.Имрӯз дар толори Маркази фарҳанг  маҷлиси фаъолони шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.
Дар маҷлис Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло, Амонулло, муовинони Раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти қудратӣ, воҳидҳои сохторӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳо, директорони мактабҳои миёна, сарварони бозорҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Мудири Шӯъбаи иқтисод ва савдои Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Усмонҷон  Алимов «Оиди натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014» маърӯза намуд. (матни пурраи маърӯза дар саҳифаи сомонаи МИҲД ҷой дода шудааст). Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи маърӯза зикр намуд,ки ба масалаҳои зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, ҷалби бештари муҳоҷирони баргашта ба меҳнат, хусусан ба иншоотҳои сохтмонӣ, корхонаю муассисаҳои нав  эътибори ҷиддӣ дода шавад. Агарчанде имрӯз 56 ҳазор нафар сокинони шаҳр ҷойи корӣ доимӣ доранд лек ин ҳадди ниҳоӣ  нест. Дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳои зиёди ташкили ҷойҳои нави корӣ мавҷуд аст. Ба Усмонҷон Алимов дар мавриди зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти истеҳсолӣ дар соли равон ба ҳаҷми 30 % ва дигар масалаҳои беҳтар намудани сатҳу рушди соҳаи иқтисодиёти шаҳр аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд супоришҳои мушаххас дода шуд.
Дар суханронии мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Маъруфҷон Мамадҷонов қайд гардид, ки «. Ҳоло дар 114 иншоотҳои маркази вилоят корҳои сохтмонӣ бо суръат идома ёфта истодааст. Баҳри назорат аз рафти корҳои сохтмонӣ ва таъмини риояи талаботҳои Меъёрҳою қоидаҳои сохтмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр Шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ якҷоя бо дигар сохторҳои марбутаи шаҳр дар соли сипаришуда дар 42 иншоотҳои сохташудаистода санҷишҳо гузаронида як қатор камбудииҳоро ошкор намуд. Дар натиҷа ба фармоишгарон ва пудратчиён 57 адад «Огоҳинома»-ҳо оиди боз доштани корҳои созтмонӣ то ислоҳи камбудиҳо дода шуда 38 адад Протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шудааст. Бо 78 адад Қарорҳои Шӯъба дар бораи таъйин намуданӣ ҷазои маъмурӣ ба шахсони ҳуқуқӣ ва воқеъӣ ба маблащи 50320 сомонӣ ҷарима таъин карда шуд,ки нисбати соли гузашта хеле зиёд мебошад. Дар асоси эътирози Прокуратураи вилояти Сущд як адад иҷозатномаи барои ощози сохтмон додашуда бо қарори мудири шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ бекор карда шуд».
Раиси шаҳри Хуҷанд ба шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ дастур дод, ки ба истиқболи Наврӯзи имсола омодагии ҳамҷониба дида биною иншоотҳоро таъмир намуда ба намуди зоҳирии онҳо эътибор диҳанд. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар корҳои сохтмонӣ бештар бояд сокинони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта ҷалб шаванд. Зеро тибқи таҳлилҳо дар ин сурати амалӣ гаштани тамоми лоиҳаҳои сохтмонӣ  зиёда аз 3 ҳазор нафар хоҳишмандон  имкони пайдо намудани ҷойи кори доимиро пайдо мекунанд. Ҳамчунин супориш дода шуд ,ки дар лоиҳаҳои минбаъдаи биноҳои истиқоматӣ системаи алоҳидаи гармидиҳӣ ва барқтаъминкунӣ пешбинӣ карда шавад. Дар баробари ин иттилоъ дода шуд, ки шурӯъ аз соли равон аз ҳисоби буҷа сохтмони манзилҳои истиқоматӣ оғоз ёфта, он барои кормандони соҳаи буҷавӣ,мутахассисони ҷавон ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ дода мешавад.Ҳамзамон тибқи нақша дар ду мактаб,- гимназия № 1 ба номи М Беҳбудӣ ва Литсеи ба номи Мю Осимӣ   толори варзишӣ ва дар маҳаллаи 28 ум бошад, бунёди мактаби миёна барои 640 хонанда пешбинӣ шудааст.
Баъди шунидани ҳисоботи солонаи мудири шӯъбаи нақлиёт ва алоқаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд Ғафурҷон Дадоҷонов аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода таъкид гардид, ки ҳоло дар мавриди тартиби ҳаракати бенизоми  нақлиётҳои  микроавтобусҳои мусофиркашон дар мавзеи автовакзали кӯҳна, кӯчаи Шарқ камбудиҳо  ҷой доранд. Барои дар назди  кӯдакистони президентӣ ва маҳаллаи 18-уми шаҳр гузоштани чароғакҳои раҳнамо ба мутасаддиён 3 моҳ мӯҳлат дода шуд. Нисбати фаъолияти кормандони БДА дар мавзеи Панҷшанбе, кӯчаҳои марказии шаҳр эроди ҷиддӣ гирифта шуда, барои ислоҳи вазъ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд супориш дода шуд.
Баъди шунидани ҳисоботи Бахтиёр Исматҷонов, мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ бошад Раиси шаҳри Хуҷанд доири пешгирӣ намудани шомилшавии ҷавонон    ба  гурӯҳҳои ифротгароӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон,баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо, тарғиби ҳаёти солим тариқи ВАО, дастуру супоришҳо дод. Ҳамчунин баъди баромади ҳисоботии мудири Бахши кор бо занон ва оила- Муҳайё Дадобоева, кор ба маҳаллаҳо- Сайфуллохон Ҳабибуллоев, Сарраёсати ободонӣ ва манзилию коммуналӣ Даврон Шокиров, маориф ва илм Саидмухтор Ҷалолов, тандурустӣ Абдумуталиб Каримов ва чанде дигарон вазифагузорӣ карда шуд.
Муовини Раиси вилояти Суғд Хайрулло Амонулло дар интиҳои ҷаласа барои саҳми корхонаю ташкилотҳои маркази вилоят бобати пешрафти соҳаҳои мухталиф изҳори сипосмандӣ намуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...