02 Январь 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар муассисаи томактабии рақами 13-и шаҳри Хуҷанд давоми 14 сол мешавад, ки гурӯҳи забони русӣ амал мекунад.
Муаллимаи ин кӯдакистон Роҳат Усмонова бо собиқаи 31 солаи худ ба кудакони ин боргоҳ бо забони русӣ таълим медиҳад. Дар замимаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба роҳандозӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои томактабӣ аз иқдомҳои муҳим ва зарурист. Дар ҳамин замина аз ҷониби омӯзгорони факултети забонҳои хориҷии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров лоиҳаи буҷетӣ зери унвони «Таҳия ва татбиқи технологияи муосири таълими забони англисӣ дар муассисаҳои томактабӣ» роҳандози гаштааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд