31 Декабр 2024
СОЛИ ПЕШРАФТУ ТАРАҚҚИЁТ ГАРДАД
Ҳамдиёрони гиромӣ, шаҳрвандони азиз!
Дар оғози Соли нави мелодии 2025-ум қарор дорем ва ба ин муносибати неку фархунда аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли хуҷандиёнро бо самимият ва ифтихормандӣ шодбод мегўям, умед дорам шаҳри азизамон – Хуҷанд ва кулли кишвари маҳбубамон – Тоҷикистон дар соли ҷадид боз ҳам ободу шукуфон, пешқадаму пешрафта мегардад, иқтисодиёту иҷтимоиёташ тараққӣ мекунад ва сокинони сарбаланди он дар фазои сулҳу субот, амну оромӣ зиндагиву фаъолият мебаранд.
Ба соли сипаригашта назар дўхта, ифтихор мекунем, ки таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидоятҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода соли 2024-ум дар маҷмўъ, соли бобарору комёбиҳои нав, соли пешрафту муваффақиятҳо барои сокинони шаҳри Хуҷанд гардид. Сокинони сарбаланди шаҳр барои омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, заҳмату талош карданд ва ба даҳҳо дастоварди дигар шарафёб гардиданд.
Соли 2024 чун солҳои қаблӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр марҳилаи муҳимеро боз намуд. Давоми сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қаламрави вилояти Суғд сафарҳои хидматӣ анҷом дода, дар шаҳри бостонӣ ва ҳамешаҷавони Хуҷанд низ корхонаҳои нави саноатӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва савдоро ифтитоҳ намуданд.
Сокинони шарафманду соҳибхиради Хуҷанди бостонӣ бо шукргузории ҳамешагӣ аз фазои сулҳу суботи комил таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷўҳи доимии Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли сипарӣ баҳри саҳмгузорӣ дар таъмини зиндагии шоистаю арзандаи ҳар сокини шаҳрамон корҳои назаррасро ба сомон расониданд.
Пешвои муаззами миллат дар Паёми навбатиашон аз 28-уми декабри соли 2024 пешниҳод намуданд, ки солҳои 2025- 2030 «Солҳои рушди иқтисодиёти рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шавад. Ин иқдоми Сарвари давлат назди кулли ҳамватанон, аз ҷумла, хуҷандиён вазифаҳои бузург ва масъулияти навро вогузор намуд. Аз ин лиҳоз, аз рўзҳои аввали соли нави фарорасида, мо бояд баҳри амалӣ гардидани он заминаҳои мустаҳкам гузорем.
Мо ба нерўи созанда ва бунёдкорона, таҳаммулгароиву заҳматқаринии мардуми сарбаланди шаҳри Хуҷанд такя намуда, умед ба он мебандем, ки шумо тамоми имконияту дониши хешро ба хотири таҳкими ваҳдати миллӣ, озодиву истиқлоли Ватани аҷдодӣ, пешрафту тараққиёт, ҳифзи дастовардҳо ва манфиатҳои давлату миллат сафарбар хоҳед намуд.
Бигзор Соли 2025-ум барои ҳар фарди ватандўсти тоҷик соли барору комёбӣ, муваффақияту музаффарият, амалишавии орзуҳои нек, соли пешрафту дастовардҳои нав ба нави меҳнатӣ гардад.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамдиёрони арҷманд!