09 Сентябр 2024
9 сентябр дар рӯзи таҷлил аз 33 — юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи дӯзандагии ҶДММ “Лидер”-ро ифтитоҳ намуданд.
Корхонаи мазкур дар асоси талаботи стандартҳои байналмилалӣ истеҳсоли шимҳои маъруфи ҷинсро бо бренди “Ҷадид” (JADID) ба роҳ мондааст, ки 99 фоизи таркиби матои он аз пахта аст.
Азбаски шимҳои ҷинс ва дигар либосҳои пахтагӣ дар ҷаҳон харидорони зиёд дорад, соҳибкорони ватанӣ талош доранд, ки бо бунёди корхонаҳои нав ва ворид кардани технологияи муосир маҳсулоти ватаниро бо тамғаи “Мейд ин Таҷикистан” (Made in Tajikistan) дар хориҷи кишвар бештар муаррифӣ намоянд.
Дар ин корхонаи навтаъсис занону духтарон, ки 200 нафарро дар ду баст ташкил медиҳанд,ба пора кардани матоъи навъи Деним ва духти он машғуланд ва маоши хуб мегиранд.
Коргарону мутахассисони корхонаи дӯзандагии “Лидер” ашёи хомро аз корхонаҳои ватанию хориҷӣ дастрас карда, бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти замонавӣ имкон доранд, ки дар як рӯз то 800 дона шим омода намоянд.
Сарвари давлат ба иқдоми соҳибкорони ватанӣ ва сифати маҳсулоти истеҳсолгардида, ки пурра ба содирот нигаронида шудааст, баҳои баланд доданд.
Дар оянда бо зиёд шудани талабот ба ин намуди маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистон муассисони корхона азм доранд, ки ҳаҷми истеҳсолро дар заминаи қувваи кории мавҷуда қариб як баробари дигар зиёд намоянд.
Бо истифода аз 70 мошинаи дӯзандагӣ коргарон ҳамарӯза маҳсулоти баландсифат омода ва дар асоси талабот ба хориҷи кишвар содир менамоянд.
Барои таъмини фаъолияти доимӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ҳамзамон дар боми бино панелҳои офтобӣ насб гардидааст, ки дастгоҳҳои дӯзандагӣ аз онҳо неруи барқ мегиранд.
Саноати сабук дар баробари дигар бахшҳои соҳаи саноат яке аз самтҳои афзалиятнок дар ҷодаи таъмини занону бонувон бо ҷойи кор ба шумор меравад ва минбаъд низ дар доираи стратегия ва амалисозии ҳадафҳои “Солҳои рушди саноат” — 2022-2026 бунёду ба истифода додани чунин корхонаҳои муосир дар шаҳри Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст.