(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Ҷаласаи зимистонгузарони доир гардид.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовинон,  масъулини шӯъбаву бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, сарварони мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои тиббӣ, корхонаҳои воҳиди давлатӣ, имомхатибон, сарварони бозорҳо ва марказҳои савдои шаҳр ҷаласаи навбатӣ доир намуд.
Сараввал Раиси шаҳр ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа, ки аз бандҳои оид ба пешгирии ҳолатҳои сар задани сӯхторҳо дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва савдо, оид ба шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистидошта, оид ба вазъи ҷиноятсодиршавӣ дар шаҳри Хуҷанд ва оид ба омодагиҳо ба Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ дар шаҳри Хуҷанд иборат буд, ошно сохт. Роҷеъ ба масъалаи аввал сардори хадамоти оташнишонии шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Шокиров маълумот дода, зикр сохт, ки дар соли 2014 дар миқёси шаҳр 48 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5 адад кам мебошад. Дар натиҷаи корҳои фаврии кормандони хадамот молу амволи корхонаву муассиса ва хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ба миқдори 8 миллион сомонӣ эмин дошта шуд. Бахтиёр Шокиров аз натиҷаи санҷиш, ки дар муассисаҳои таълимиву тиббӣ ва бозорҳову марказҳои савдо гузаронида шуд, маълумоти муфассал пешниҳод карда, камбудиҳои ошкоргардидаро ба ҳозирин баён сохт. Аз он ҷумла, зикр гардид, ки дар бозору марказҳои савдои «Панҷшанбе», «20-солагии Истиқлолият», «Баракат», «Бадри мунир», «Барфак», «Ҳоҷӣ Абдулазиз», «Ваҳдат» ва амсоли инҳо риоя нашудани одитарин меъёрҳои зиддисӯтор риоя нагашта, роҳҳои даромад ва баромади мошинҳои оташхомӯшкунӣ вуҷуд надоранд, онҳоро бо ҳар гуна молҳо банд кардаанд, конструксияи чӯбу тахтаҳои биноҳо бо маҳлулҳои кимиёвии ба оташ тобовар коркард нашудаанд. Нисбат ба огоҳиву пешниҳодҳои хадамоти оташнишонӣ бемасъулиятӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷа ба 32 роҳбари бозорҳо ва 315 соҳибкор протокол тартиб дода шуда, ҷаримабандӣ гардиданд. Чунин камбудиҳо дар муассисаҳои таълимиву тиббии шаҳр низ ба назар расида, роҳбарияти муассисаҳо огоҳ гардиданд. Вобаста ба ин масъала Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода мудирони шуъбаҳои маорифу тандурустӣ ва кумитаи маҳаллаҳои шаҳрро вазифадор кард, ки барои осебдидагон аз сӯхтори марказҳои савдои шаҳри Хуҷанд чораҳои зарурӣ андешида, барои муваққатан аз маблағи хониши фарзандонашон озод кардан, бо нуқтаи тиббӣ таъмин намудан мусоидат намоянд. Зикр гардид, ки Ситоди вилоятӣ ва шаҳрӣ амал намуда истодааст ва дар вохӯрие, ки Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо зарардидагони сӯхтор доир намуд, лоиҳаи пешниҳодкардаи шаҳри Хуҷанд оид ба сохтани маркази савдои нав дар муддати ду моҳ қабул шуд. Раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳрро вазифадор кард, ки дар маҳаллаҳо ҳавзҳои мавҷударо барқарор сохта, дар маҳаллаҳои навбунёд ва ҳамчунин, микроноҳияҳо низ ҳавзҳо сохта шаванд.
Вобаста ба масъалаи дуюми ҷаласа прокурори шаҳр Қурбоналӣ Мирзозода сухан карда, гуфт, ки дар шаҳри Хуҷанд 56 иттиҳодияи динӣ амал мекунад ва фаъолияти онҳо аз тарафи давлат ба қайд гирифта шудааст. Аммо ҳастанд ҳизбу ҳаракатҳое, ки ақидаҳояшон бар зидди давлату ҳукумат равона гашта, ҷавононро ба доми фиреб мекашанд. Ҳоло  ҷавонони ба ин ҳизбҳои тундрав  шомилбуда аксар дар кофтукови ҷиноӣ қарор доранд. Ҳамчунин, 58 нафар дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар таҳсил доштанд, ки 53 нафарашон бозпас хонда, аз ин миқдор 8 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. 5 нафар ҳоло дар хориҷи кишвар таҳсилашонро идома дода истодаанд, ки мақомотҳои дахлдор барои овардани онҳо кӯшиш доранд. Роҷеъ ба ин масъала раиси Шӯрои уламои дини вилоят ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода низ фикру ақида баён намуда, аз  ҳолатҳои номатлуби ҷамеъа,ки имрӯз ба чашм мерасад иҳори нигаронӣ намуд. Раиси шаҳр шуъбаи масоили иҷтимоӣ ва кумитаи маҳаллаҳоро вазифадор кард, ки роҷеъ ба ин масъала ҷиддӣ кор баранд.
Ба масъалаи сеюм сардори шӯъбаи ВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов ибрози назар карда, аз вазъи ҷиноятсодиршавӣ, навъҳо ва сабабҳои рух додани онҳоро шарҳ дод. Гуфта шуд, ки ҳамаи ҷиноятҳо аз бетарафии аҳли ҷомеа сар мезанад. Афзудани сафи занони дала ва сабукпой, хонаҳои иҷорае, ки барои мулоқотҳои маҳрамона истифода мешаванд, ҳусни шаҳри Хуҷандро коҳонда, ахлоқро вайрон мекунад. Раиси шаҳр ба кумитаи маҳаллаҳо супориш дод, ки дар муддати кӯтоҳ рӯйхати бошандагони шаҳрро тартиб дода, муайян кунанд, ки шахсони аз дигар минтақаҳо омада бо чӣ кор машғуланду хонаҳои ба иҷорадода дар кадом ҳолат қарор доранд.
Муовини аввали Раиси шаҳр Иброҳим Иброҳимов роҷеъ ба ба масъалаи чоруми ҷаласа маърӯза карда, тайёрии Хуҷандро ба Наврӯзи умумиҷумҳуриявӣ ва қабули меҳмонон ба аҳли толор ошно сохт. Гуфт, ки соли 2014 дар шаҳр 2 миллиону 300 бех гулу бутта, аввалин маротиба 20 ҳазор бех лола низ дар шаҳр шинонда шуд. Дар соли нав нақша доранд, ки то Иди Наврӯз 20 майдони гул бунёд карда, гулҳои ороишии садбаргу 1 миллион бех лола мешинонанд. Боғи ба номи Хоҷа Камоли Хуҷандӣ пурра аз нав сохта мешавад ва ба қабули меҳмонон омода мегардад. Бинобар ин, тамоми муассисаҳои таълимӣ, тиббиву табобатӣ, фарҳангиву фароғатӣ, масҷидҳо, корхонаву ташкилотҳо гирду атрофи бинои худро барои шинондани гули лола ва садбарг омода карда, то санаи 20-декабр корҳои кабудизоркунию гулшинониро ба охир расонанд.
Дар охири ҷаласа Раҷаббой Аҳмадзода оид ба таъмини мунтазами барқ ба аҳолии шаҳр, риоя гаштани қонуни забон дар лавҳаю овезаҳои рекламавӣ, сохтани кӯдакистон, навсозии меҳмонхонаҳои «Ленинобод» ва «Эҳсон», бунёди чойхонаҳо дар маҳаллаҳо, аз маҳалли аҳолинишин дур будани нуқтаи таъминоти сӯзишворӣ ва амсоли инҳо масъулинро вазифадор карда, ба кори ҷаласа хотима бахшид.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...