(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28 бо садо додани Суруди миллӣ Конференсияи 29 – уми ғайринавбатии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд бо ҳузури Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, собиқадорон, занону ҷавони фаъоли ҳизб, раиси ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 ва вакилони конфронс ба кори худ оғоз намуд.

Баъди гузаронидани тартиботи муқарраргардида, Бахтиёр Исматҷонов, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, ки дар баррасии рӯзномаи конфронс 2 масъала: Якум: “Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон”, Дуюм “Пешбарии номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13” баррасӣ карда мешавад.

Аз рӯйи масъалаи якум Абдуҳаким Шарипов, раиси шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, дотсенти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад кард.

Таъкид шуд, ки воқеан ҳам, пешниҳоди лоиҳаи қонун аз ҷониби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ саривақтӣ буда, қабули қонуни мазкур тақозои замон, хусусан дар шароити зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд зарурӣ мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи шаҳрвандон, алалхусус кӯдакону наврасон ва ҷавононро дар рӯҳияи арзишҳои суннатию башарӣ, дӯст доштани Ватан, тарбияи шахсиятҳои сатҳи баланди ахлоқӣ, дорои эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва худогоҳии миллӣ, масъулиятшиносу фаъол ва созандаю эҷодкор вазифаи аввалиндараҷаи давлат, ҷомеа ва оила ҳисобида, пайваста дар ин бора роҳнамоӣ ва ҳидоят менамоянд.
Мувофиқан, масъалаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан дар вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо кардани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, беш аз пеш муассир буда, вусъат бахшидани кори тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва танзими ҳуқуқии он хеле зарур ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад.

Аз ин рӯ мо фаъолони ҳизбро зарур аст, ки дар татбиқи амалии Қонуни мазкур саҳми назаррас гузошта, барои дар тафаккури шаҳрвандон тарбия намудани дарки зарурати бошууронаи хизмати фидокоронаю беғаразона ба Ватан, муҳаббат ба кишвари маҳбуб, ташаккули фарҳанги ҳуқуқӣ, риояи қонун, ахлоқи ҳамида, фарҳанги умумӣ, мавқеи амиқи шаҳрвандӣ, омодагии доимӣ барои адои қарзи конститутсионӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандӣ, ифтихор аз дастовард ва анъанаҳои ниёгон чораҳои зарурӣ андешем.

Зимни баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи конференсия иттилоъ дода шуд, тибқи қарори Комиссияи Марказии интихобот ва райъпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2023, таҳти №184 “Дар бораи таъин кардани интихоботи вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13”, рӯзи баргузории интихобот 16 июли соли 2023 таъин карда шудааст.

Моддаҳои 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ҳизбҳои сиёсӣ имконият медиҳад, ки 60 рӯз пеш аз интихобот ва 45 рӯз мондан то интихобот ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои якмандатии интихобот як нафар номзадро пешбарӣ намоянд.

Бахтиёр Исматҷонов гуфт, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд таклиф менамояд, ки номзадии Мавсума Муинӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешбарӣ карда шавад.

Вакилон номзади пешниҳодшударо дастгирӣ намуданд. Сипас собиқадори ҳизб Нодирҷон Солиҷонов баромад намуда, доир ба сифати инсонӣ ва кордонии номзади пешниҳодшуда Мавсума Муинӣ андешаронӣ намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Муинӣ Мавсума Муинзода 8-уми октябри соли 1981 дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, дар оилаи коргар таваллуд шудааст. Соли 1998 мактаби миёнаи №23-и шаҳри Хуҷандро бо медали тилло хатм кардааст. Пас аз хатми мактаби миёна, соли 1998, ба факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда, онро муваффақона бо дипломи аъло, соли 2003 бо ихтисоси «Ҳуқуқшинос» хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз моҳи сентябри соли 2003 ба ҳайси ассисенти кафедраи ҳуқуқ ва мурофиаи ҷиноятии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оғоз намуда, то соли 2009 ба ҳайси омӯзгори кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ, инчунин сармуаллимаи кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминалистикаи факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳи номбурда фаъолият намудааст.

Аз 30 – юми сентябри соли 2009, дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (№523), то 12-уми июли соли 2014 дар вазифаи муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12.07.2014; №474 то 12-уми январи соли 2017 ба ҳайси муовини якуми раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст. 12-уми январи соли 2017 ба ҳайси муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардида, то 26-уми январи соли 2022 кору фаъолият намудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26-уми январи соли 2022; №324 иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон таъин гардидааст. Солҳои 2014-2018 муовини якуми Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон буд. Солҳои 2007-2011 аспиранти шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров буда, рисолаи номзадиро, соли 2019, дар мавзӯи «Иштироки ҷавонон дар дигаргунсозии иҷтимоӣ – иқтисодӣ дар солҳои истиқлолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (1991-2018)» ҳимоя кардааст. Номзади илмҳои таърих мебошад. Соли 2019 маълумоти дуюми худро аз рӯи ихтисоси “Иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо”-и Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро хатм кардааст. Давоми фаъолияти меҳнатӣ бо Сипосномаву Ифтихорномаҳо ва дигар мукофотҳо сарфароз гардидааст. Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10-уми августи соли 2015, №530 бо медали «Хизмати Шоиста» сарфароз гардонида шуд. Муинӣ Мавсума Муинзода аз соли 2010 узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Оиладор, соҳиби ду фарзанд мебошад.

Сипас дар кори конфронс аз рӯйи масъалаҳои матраҳшуда, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Сипас вакилони конфронс тибқи муқаррарот ному насаби номзади пешбаришавандаро тариқи овоздиҳӣ ба бюллетени овоздиҳӣ ворид намуда, дар ҳуҷраҳои овоздиҳии пинҳонӣ иштирок намуда, раъйи худро доданд.

Ҳамин тариқ Конференсияи 29-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд тибқи моддаи 30 ва 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 4.17 Оинномаи ҲХДТ ва дар асоси протоколи маҷлиси комиссияи баҳисобгирии Конференсия аз санаи 29 майи соли 2023 таҳти №2 қарор намуд, ки Мавсума Муинӣ аъзои ҲХДТ номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешбарӣ карда шавад. Аз комиссияи ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 хоҳиш карда шуд, ки номзадии Мавсума Муиниро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакили хориҷшуда ба қайд гирад.

Дар анҷоми конфронс номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ «Хуҷанд- 13» Мавсума Муинӣ баромад намуда, миннатдории хешро барои боварӣ ва пешниҳод ба вазифаи пурмасъулият баён дошт.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори Конференсияи 29-уми ғайринавбатии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...