(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи шаҳрдорӣ ҷаласаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд бо иштироки аъзои Шӯро ва ҷавонони фаъоли шаҳр баргузор гардид.

Раиси Шўрои кор бо ҷавонони шаҳр, Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзодаро кори Шӯроро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки дар он ду масъала мавриди бааррасӣ қарор дода мешавад: Рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардида ва тасдиқи Нақшаи корӣ Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои нимсолаи дуюми соли 2023.

Аз рӯйи масъалаи аввал мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолии кишвар пайваста ба масоили дастгирии давлатии ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир гардида, баҳри бо сифати баланди касбӣ роҳандозӣ намудани тадбирҳои пайваста ва судманду таъсирбахш, ки маҷмўи онҳо аз дастуру супоришҳо ва ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон сарчашма мегиранд, нақш ва ҷойгоҳи ҷавонон дар ҷомеаи муосир мустаҳкам мегардад.

Аз ҷумла бо ибтикороти наҷиб ва ташаббусҳои ҳамешагии Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд имрӯзҳо ба масоили дастгирии олимони ҷавон, ҳавасмандгардонии хонандагону донишҷўёни муассисаҳои таълимӣ, таъсиси стипендияи Раиси шаҳр ва муқаррар намудани силсилаи имтиёзҳо ба устодон ва хонандагони дар олимпиадаҳо ғолибгардида, эҳёи намудҳои муосир ва аҷдодии варзиш ҳамчун рамзи муаррифии давлату миллат дар арсаи ҷаҳонц, муқаррар намудани имтиёзҳо ба варзишгарон ва амсоли инҳо нерӯи ҷавонони шаҳр дучанд гардонида, барои расидан ба ормонҳои созандаи онҳо марҳилаи басо ҳассос ва тақдирсоз маҳсуб меёбад. Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд якҷоя бо сохторҳои дахлдор баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ андешид.

Дар ин радиф қарори Раиси шаҳр «Дар бораи таъсис додани Шӯрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд» ва нақшаи чорабиниҳои он аз санаи аз 16 октябри соли 2015, таҳти рақами 742 ба тавсиб расида шуда, он амалӣ гардида истодааст. Ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Таъкид шуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар зери таваҷҷўҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар меҳвари сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар мақоми хосаи худро касб намуд. Бо мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳр, мактабҳои варзишӣ, кўчаву маҳаллаҳо, марказҳои савдо ва қисмҳои низомӣ мулоқоту вохўриҳо, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳи баргузор гардиданд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 150 то 300 нафар ҷавонон ва сокинон фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон 40 аксияҳову ҳамоишҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва иттилоотӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!”, “Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон!”, “Танзим баракати зиндагӣ!”, “Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!”, “Ба Пешвои худ содиқ мемонем!” ва “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” баргузор гардида, 14650 нафар дар аксияҳои мазкур иштирок ва 9800 дона маводҳои тарғиботӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардид. Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ аксияи тарғиботӣ - ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!” бо доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид. Волонтёрон ва ҷавонони фаъол корҳои фаҳмондадиҳиро миёни навинтихобкунандагон, сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногун ба роҳ монда, варақаҳои иттилоотӣ, маълумотномаҳо ва дастурҳои истифодаи умумро ба тақсим ва дар ҷойҳои серодам насб намуданд.

Бо мақсади тарғиби иштироки шаҳрвандон дар маъракаи муҳими сиёсӣ ҷиҳати фарогирии бештар дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук дар саҳифаи бахш маводҳои тарғиботӣ вобаста ба Интихоботи Президенти Тоҷикистон гардид. Саҳифа дар маҷмуъ зиёда аз 1500 нафар аъзои доимӣ дошта, дар он беш аз 40 маводи иттиллоотӣ бо номи “Овози ман ҳалкунанда аст”, “Интихобот нишонаи давлати демократӣ”, бо тарҳи махсус, 45 маводи хабарӣ аз рафти корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳошияи баргузории хонишҳои сиёсӣ дар мавзӯи “Ҷавонон, интихобот ва манфиатҳои миллӣ” гузошта шуд.

Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рўҳияи меҳнатдўстию созандагӣ, сазовор таҷлил намудани 35 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 рўзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!” 26 маротиба шанбегиҳо, ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои тозагиву ободкорӣ бо иштироки зиёда аз 2400 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор гардида, оромгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, кўчаву хиёбоноҳо, ҳудуди муассисаҳои варзишӣ, соҳили дарё ва ҷўйбору майдонҳо тоза карда шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо шуғл фаро гирифтани ҷавонон ва фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони бешуғл, ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи зиндагии ин қишри ҷомеа яке аз масъалаҳои умдаи рўз ба ҳисоб меравад, ки дар ин самт як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумотҳои оморӣ шумораи ҷавонони бекори расман ба қайд гирифта шуда дар соли 2020 ба 566 нафар расида, аз ин 370 нафар духтарон, ҷавонони маъюб 321 нафар буда, аз ин 180 нафар духтарон ва ҷавонони бепарастор 75 нафар ба қайд гирифта шуда, аз ин 68 нафар духтарон мебошанд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар панҷ моҳи соли 2023, 8 маротиба ярмаркаҳои ҷойҳои холии корӣ дар маркази шаҳр, ҷойҳои аҳолинишин, Регистони Панҷшанбе, муассисаву ташкилотҳо баргузор гардиданд. Дар ярмаркаҳои мазкур ба 185 нафар ҷавонон барои ба шуғл фаро гирифтан мусоидат карда шуда, 96 нафар ба курсҳои кўтоҳмуддат фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон бо мақсади амалигардонии ин самти афзалиятнок 4 мулоқоту вохўриҳо доир гардиданд, ки дар он 234 нафар ҷавонон аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ фаро гирифта шуда, 150 дона варақаҳои иттилоотӣ тақсимот гардиданд.

Айни замон дар мақомоти маҳаллии шаҳр 26 нафар ҷавонон, аз ҷумла 12 нафар ҷавондухтарон дар вазифаҳои гуногуни хизмати давлатӣ фаъолият намуда истодаанд, ки 38% хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад. Ҳамзамон, 7 нафар ҷавонон ба ҳайси вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд интихоб гардиданд.

Абдувосит Ғафуров афзуд, ки ҷиҳати таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш беш аз 70 чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, спартакиадаҳо, дави наврўзӣ, веломарафон ва монанди инҳо баргузор гардиданд. Тибқи Нақшаи тақвими ягонаи чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва бахшида ба санаҳои таърихӣ мусобиқаҳо рўи намудҳои футбол, волейбол, баскетбол, теннис, каратэ – до, таэквандо, варзиши сабук, ушу, гўштини тарзи озод, дзюдо, гўштини юнони-румӣ, гўштини миллӣ, самбо, камарбандӣ, бокс, бадминтон, чавгонбозӣ, шашкаю шоҳмот, шиноварӣ, қаиқронӣ, тенниси рўи миз, муай-тай кикбоксинг ташкил ва гузаронида шуданд.

Баҳри таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, ташвиқу таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба варзиши касбӣ ва муҳайё намудани имкониятҳои мусоиди инфрасохторию ташкилӣ барои варзишгарон тадбирҳои зерин андешида шудааст. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ шаҳри Хуҷанд беш аз 300 иншоотҳои варзишӣ аз ҷумла варзишгоҳ, иншоотҳои одии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншоотҳои барои машғулиятҳои варзишӣ сохта мутобиқгардонида мавриди истифода қарор дорад.

Ҳамчунин дар шаҳр 6 муассисаҳои давлатии мактабҳои варзишӣ фаъолият менамоянд, ки дар он 128 нафар мураббиён аз рўи 28 намуди варзиш дар 285 гурўҳ машғулиятҳои варзиширо мегузаронанд. Дар мактабҳои варзишӣ 3843 нафар наврасону ҷавонон ҷалб гардида аз шумораи умумии машқварзони мактабҳои варзишӣ 497 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд.

Зимни музокира омӯзгори ҷавон Ҷӯрабой Бобоҷонов, варзишгар Ҳасан Ёқубзода Ҳасан, гирандаи Стипендияи Президентӣ Нодира Сангинова, ҷавони фаъоли шаҳр Маҳмудов Муталиб баромад намуда, нуқтаи назари хешро доир ба шароитҳои имрӯзаи фароҳамшуда ба ҷавонон изҳор дошта, аз ҷавон даъват ба амал оварданд, ки мутахасиси арзандаи касбу кори худ шуда, Давлату миллати хеш содиқона хизмат намоянд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода фикру ақидаҳои худро доир ба рафти тадбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар шаҳр баён намуда, аз ҷумла афзуд, ки сиёсати давлатии ҷавонон сиёсатест, ки татбиқи он аз сохторҳои гуногуни ҳукумативу ҷамъиятӣ фаъолияти муштаракро тақозо менамояд. Аз ҷониби дигар масъалаҳои ҷавононро бо истифодаи нерӯи созандаи онҳо ба манфиати рушди давлату ҷомеа бо роҳи фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ҳаёти иқтисодиву сиёсӣ ва иҷтимоиву фарҳангии шаҳр метавон ҳаллу фасл кард. Инкишофи маънавию ҷисмонии ҷавонон ва нерӯи солими онҳо барои давлату миллат омили муҳим аст. Асоси тафаккури нави сиёсӣ ва фарҳангии ҷавононро ғояи таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату худшиносии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, таъмини амнияти давлату миллат, ҳифзи тамомияти арзӣ ва манфиатҳои умумимиллӣ ташкил медиҳад. Арзишҳои умумимиллӣ ва умумидавлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд аз ҳама гуна манфиатҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва гурӯҳӣ боло бошад ва пойдевори тарбияи ватандӯстии ҷавононро фаро гирад. Ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар пеш аз ҳама ба зиммаи шумо - ҷавонон вогузор аст. Шумо бояд Ватанро дар баробари модари худ дӯст доред, қадр кунед ва ҳифз намоед. Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату миллат, сарчашмаи ташаббусҳо ва манбаи асосии кадрҳо ҳастанд. Онҳо дар дигаргунсозиҳои демокративу иқтисодии Тоҷикистон такягоҳи боэътимод ва ҷузъи ҷудонопазири муносибатҳои байни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва давлат мебошанд. Ҷавонон бояд аз фарҳанги сиёсӣ ва арзишҳое бархурдор бошанд, ки онҳоро барои ба манфиати ҷомеа ва давлати Тоҷикистон фаъолият намудан ҳидоят созанд. Фаромӯш набояд кард, ки танҳо шахси воқеан ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад.

Бо мақсади таъмини самаранокии кори Шўро нақшаи Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд аъзои Шӯро тасдиқ намуданд.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд як қатор ҷавонони фаъоли шаҳр, ки дар тадбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон саҳми муносиб гузоштанд, бо Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...