(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altТаҳти ҳамин унвон дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иқдоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд конференсияи илмӣ – назариявӣ ба ифтихори 70 – солагии ходими намоёни давлативу ҷамъиятӣ шодравон Анвар Ҷалилов баргузор гардид. Дар конференсия муовини Раиси ҲХДТ Асрор Латифзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонӣ, собиқадорони ҳизбу меҳнат, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, кормандони ВАО, дӯстон ва пайвандони марҳум ширкат варзиданд.

Чорабиниро Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки бо талош ва ҷонбозиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба нерӯи хиради халқ сулҳу субот ва оромии сиёсӣ дар қаламрави кишвари азизамон ҳукмфармо аст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки ин фазои ободу озод ба осонӣ ба даст наомад. Дар суботи сиёсии сартосарӣ, даъват ба ҳамдилӣ нақши шахсиятҳо низ хеле равшан ба назар мерасад.
Имрӯз аз равзанаи беш аз 31 соли соҳибистиқлолӣ дида андӯхта, месазад номи шахсонеро ба хотир орем, ки барои солимии афкори ҷомеа, раҳнамоӣ ба зиндагии ростин саҳм гузоштаанд. Аз қабили чунин шахсиятҳо номи шодравон Анвар Расулович Ҷалилов бо меҳр ёд карда мешавад. Зиндагиномаи Анвар Расулович Ҷалилов саропо намунаи ибрат буда, ҷавҳаре дорад ки, аз тарбияву раҳнамоии қиблагоҳи бузургашон, ки инсони бомаърифат, хидматгори воқеии халқ будаанд, ибтидо меёбад ва ҳамчун идеал дар зиндагии он кас мавқеи шоиста касб кардаанд. Бисёр ибратбахшу муассир буд, ки Анвар Расулович Ҷалилов пайваста андарзу насиҳатҳои қиблагоҳашонро дар зиндагӣ шиор карда буданд. Ин буд, ки ҳамеша дар хидмати халқу Ватан қарор гирифта, заҳмати хешро барои пешрафту тараққиёти кишвари маҳбуб дареғ надоштанд. Анвар Расулович Ҷалилов бо истифода аз дониш, малака ва мавқеи хосаи худ дар ҷамъият ҳастии хешро барои рушду ташаккули ин ҳизби сиёсӣ бахшидаанд. Қисмати асосии фаъолияти кории шодравон дар КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд сурат гирифта, хеле серҷабҳа ва пурмазмун аст. Ба маънии дигар, ҳаёти пуртакопӯ, муваффақияту комёбиҳои Анвар Расулович бо таърих ва марҳилаҳои пасисаркардаи ҳизб тавъам мебошад. Зеро 25 соли умри шодравон ба пешрафти ҳаёти ҳизбӣ сарф гардида, натиҷаҳои судманд ба бор овардаст. Солҳои тӯлонӣ ба сифати Раиси кумитаи иҷроия ва муовини раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд фаъолият доштанд. Баъди нафақаи меҳнатӣ ҳам ғайрату ҳиммат нагузошт, ки Анвар Расулович ором гиранд, раиси шӯрои собиқадорони ҳизб интихоб гардиданд. Фаъолияти шӯрои мазкур бо роҳбарии Анвар Расулович намунаи беҳтарини фаъолнокӣ ва саҳми назарраси собиқадорони ҳизб дар рушду пешрафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии вилоят аён гардид.Дар даъвати чорум (солҳои 2010-2015), ки узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буданд, аксар ҳамсафон аз кордонӣ, дурбинӣ ва маҳорату малакаи фавқулодаи Анвар Расулович ба хубӣ дарак ёфта буданд. Ин буд, ки ба хотири баҳрабардорӣ аз таҷрибаҳо, донишу биниши сиёсии мавсуф он касро дар як вақт мушовири раиси кумиҷроия таъйин намуданд. Бешубҳа, аз дарси ибрати Анвар Расулович кулли ҳамсафону ҳамраъён дар вилоят бархурдор гардида, он касро ҳамчун устод ва ба қавли мардумӣ “пири кор” эътироф мекунанд. Хастагинопазирӣ, ҳамеша андармон будан бо меҳнати манфиатовар ба мардум аз хислатҳои намоёни шодравон буд. Новобаста аз фаъолияти густурдаи ҳизбӣ ба худоомӯзӣ ва эҷод мароқи беандоза доштанд. Доир ба равандҳои ҷомеа андешаҳояшонро пайваста тариқи телевизион ва мақолаҳо дар рӯзномаҳо баён мекарданд. Як силсила китобҳои мавсуф, ки фарогири марҳилаҳои гуногуни таърихи ҲХДТ мебошанд, рӯи чоп омада, мероси мондагори шодравон Анвар Расулович ба наслҳои оянда ба ҳисоб мераванд.

Анвар Расулович ҳамчун як фарди миллатдӯст, инсони комил ва дилсӯз нисбат ба имрӯзу фардои кишвар тавонистанд дар дилу дидаи мардум ҷо гиранд. Халқ фарзандони бовафову содиқи худро фаромӯш намекунад.

Асрор Латифзода минатдории муовини аввали Раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизиро ба кумитаи тадорукоти конференсия расонида, лаҳзаҳои ҳамкорӣ бо Анвар Расулович Ҷалиловро ба хотир оварда аз ҷумла баён дошт: “Саҳифаҳои таърих аз корнома ва фаъолияти босамару ибратангези нафарони закӣ, пешқадам, таҷрибаандӯхта паём мерасонад. Ин паём ва муждаҳои нусратовар мояи ифтихор ва мактаби омӯзишу ибратанд, ки шабеҳи занҷирҳои тиллоӣ дирузу имрӯзро побарҷо нигоҳ медоранд. Мактаби одамияту абадиятро ба наслҳои оянда ба мерос мегузоранд. Таърихи начандон дури оғози фаъолияти ҳизб шаҳодатгари он аст, ки Анвар Расулович собитқадамона, ҷасурона, қотеъона бо сухани буррову нишонрас ҳамарӯза ба гӯшаву канори вилоят рафта, бо ҷалби нафарони фидоии ҳизб барои ҷалби аъзо, ячейкаи ҳизбӣ кӯшишҳо ба харҷ медоданд. Махсусан самараи заҳматҳои шабонарӯзии Анвар Расулович ва ҷамъи ҳамкорон буд, ки маъракаҳои интихоботии солҳои 2000 – 2020 - ум бо пирӯзии ҳизб анҷом ёфта, кор бо харитаи сиёсӣ, корбарӣ дар маҳалҳо боиси баланд гардидани обрӯ ва нуфузи ҳизб дар ҷомеа зиёд гардад. Дар муколамаҳои ҳизбҳои сиёсӣ, ки моҳе як маротиба бо иқдоми Созмони амнияти ҳамкории Аврупо дар шаҳри Хуҷанд сурат мегирифт, ҳамеша бо суханони таъсирбор бо истифода аз далелу аснодҳои воқеӣ ба намояндагони рақибони сиёсӣ вориди баҳс шуда, пирӯз мешуд. Асарҳои таълифнамудааш аз қабили “Бо халқ, барои саодати халқ”, “Эҳёи афкори ҷомеа ва ҳизб”, “На путях перехода к многопартийности”, “Сиёсат тақозои замон”, “От колонниального гнёта до формирования политических партий Таджикистане”, “Бо роҳи суботи сиёсӣ ва тараққиёт”, “Сабақи нодир”. Аз ин рӯ, насли нав бояд пайравони чунин фидоиён бошанд. Зиндагиномаи фаъолони ҳизб, роҳи тайкардаи онҳо монанди Анвар Расулович он қадар рангину ибратангез ва пурсамар аст, ки фикр мекунем омӯзиши кору фаъолияти онҳо аз манфиат холӣ нест.”.

Зимни маъруза Тоҷибой Султонӣ салому паёми Раиси вилоятти Суғд, Муовини аввали Раиси Маҷлисми миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба аҳли нишаст расонид. Мавсуф аз давраҳои ҳамкорӣ бо ин марди шариф ёдовар шуда, қайд намуд, ки дар сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷ гузоштан ба заҳматҳои содиқонаи шахсиятҳои маъруф дар таҳкими худшиносӣ, устувории пояи миллӣ ҷойгоҳи хоса дорад. Номи Анвар Расулович Ҷалилов барои ҷамъияти имрӯза хеле шинос аст. Зеро равоншод яке аз аввалин бунёдгузорони кохи муҳташами Кумитаи тиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд маҳсуб шуда, дар баланд бардоштани мавқеъ ва нуфузи ҳизб дар байни ҷомеа хизмати мондагор анҷом додаанд. Сафарҳои корӣ ба ҳамаи гӯшаҳои вилоят, фаҳмонидани мазмун ва моҳияти ҳизби навтаъсис, ҷалби аъзо, таъсиси ташкилотҳои ҳизбӣ, сарҷамъ намудани нафарони дар ҷамъият мавқедошта боис шуд, ки дар як муддати муайян ҳизб дар ҷомеа мавқеъ пайдо кунад.

Дар идомаи кори конференсия номзади илмҳои педагогӣ Абдуҳаким Шарипов, номзади илмҳои биологӣ, собиқ раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Исматдинзода Муҳаммад, ходими давлативу ҷамъиятӣ, собиқ муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуҷоат Ҳасанова, дӯст ва ҳамкори равоншод, раиси шӯрои собиқадорони Кумиҷроияи вилоятии ҲХДТ Саидбой Зокиров, хоҳари марҳум аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалилова Турғуной дар бораи хислатҳои ҳамида, кору пайкор ва зиндагиномаи Анвар Расулович Ҷалилов ёд карданд.

Конференсияро Зуфар Исмоилзода ҷамъбаст намуда, зикр намуд, ки ҳизбиёни вилоят аз мактаби бузурги одамияту роҳбарии Анвар Расулович Ҷалилов минбаъд низ васеъ истифода хоҳанд бурд.

Бо ҳамин конференсия хотима ёфт.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...