(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» аз 24 ноябри соли 2021, №578 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2021, №553 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар соли 2022 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 260108,8 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 10196,8 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 104,1 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 12539,3 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 105,1 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқъӣ ба маблағи 4338,9 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 4338,9 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 574200,4 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 17619,4 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 103,2 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта маблағи 52095,9 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 110,0 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромади шахсони воқъӣ ба маблағи 14691,5 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 14691,5 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 декабри соли 2022 маблағи 17280,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли сипарӣ ба маблағи 1830,6 ҳазор сомонӣ кам гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2022 ба маблағи 256946,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 97,8 фоизро ташкил намуда барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 180392,6 ҳазор сомонӣ ва ё 70,2 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ 135424,5 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 52,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулии аз буҷет пардохтшаванда қарздорӣ ҷой надорад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, рўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 33353,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 10196,8 ҳазор сомонӣ ҷой доштанаш, 30 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 3059,0 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 356,9 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2022, таҳти №133, қарори Раиси шаҳр аз 4 майи соли 2022, таҳти №187 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023” ба тавсиб расонида шуда, барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 барои муассисаҳои соҳаи тиб эҳтиёҷот ба ангишт ва ҳезум мутаносибан ба миқдори 320 тонна ва 6 метри кубӣ ва барои муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр мутаносибан ба миқдори 887 тонна ва 381 метри кубӣ, ҳамагӣ ба миқдори 1207 тонна ангишт ва 387 метри кубӣ ҳезум муайян шуда, барои ин мақсад аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маориф 633,2 ҳазор сомонӣ барои захираи 927,3 тонна ангишт ва аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи тандурустӣ 282,3 ҳазор сомонӣ барои захираи 346,5 тонна ангишт ба харҷ дода шуда, дар ин хусус нақшаи захираи ангишт бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022-2023 пурра таъмин гардид.

Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» дар буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2022-ум 3000,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, дар ин давра маблағгузорӣ барои ин мақсад бо пуррагӣ таъмин гардида, корҳои обтаъминкунии аҳолӣ дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд аз тарафи Маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мувофиқаи бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Аз рўи 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ, аз ҷумла Лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд”, Лоиҳаи “Беҳдошти системаи обтаъминкунии шаҳри Хуҷанд” ва Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳри Хуҷанд”, ки бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои корхонаҳои коммуналии шаҳр ҷалб карда шудаанд, дар соли сипарӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои коммуналии КВДК “Хуҷандобуканал”, КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд ва КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд 2383683 доллари ИМА ва 134556 ЕВРО қарзҳо пардохт карда шуданд.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.


Абдусалом Бобоҷонзода,

сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...