(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар хусуси хизмат ба Ватан, ҳимояаш ва арҷ гузоштан ба он бисёр мехонему мешунавем ва мегўему мебинем. Ватан мисоли модарест, ки фарзандро парасторӣ мекунаду ба воя мерасонад ва агар лозим ояд, ба ҳимояаш даъват мекунад. Бале, ватандорӣ ин модардорӣ аст ва манзили модарие, ки насиби фарзанд мегардад, ҳамон Ватан мебошад. Ҳамон Ватане мебошад, ки фарзанд ҳар лаҳза ва ҳамеша бояд ҳимоя кунад. Агар дар Ватан сулҳу салоҳ, оромӣ, озодӣ ҳукмрону парчами миллӣ парафшон бошад, яқин манзили модарии ҳар инсон обод мегардад. Хандаи кўдакону дуои пирони рўзгордида ҷовидона боқӣ мемонад. Албатта, ҳимояи Ватан бештар ба дўши ҷавонписарони паҳлавон вогузор гардидааст, ки боиси ифтихор мебошад. Волидайн аз доштани писарон фахр мекунанд ва итминони комил доранд, ки Ватани аҷдодиашонро маҳз фарзандони худашон ҳимоя менамоянду онҳо осуда хоб мераванд.

Тавре ба ҳамагон маълум, ҳар сол дар ду фасли сол: баҳор ва тирамоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ ҷараён мегирад. Дар ин марҳила ҷавонписарони солимақлу ҷисман обутобёфта ва онҳое, ки доғи судӣ надоранд, ба ҳимояи Ватан даъват мегарданд. Онҳо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тайи ду сол ва ҷавонони дорои маълумоти бакалавру олӣ, магистр ва аз ин дараҷаҳо боло як сол хизмат намуда, базаи моддиву техникии ҳарбиро пурқувват мекунанд. Инчунин, мактаби бузурги мардиву ҷасоратро ба итмом расонида, билети ҳарбӣ, ки мақоми он аз чандин диплому дараҷаҳои илмӣ баланд аст, ба даст меоранд ва бо ифтихор зиндагии шоистаро давом медиҳанд. Ин амали шарафмандонаи онон намуна ба садҳо ҷавону наврас шуда метавонад.

Ҳафтаи гузашта аввалин маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқўъ пайваст. Шахсан шоҳиди тантанавор гусел намудани ҷавонписарони Ватандўсту меҳанпараст гардидам. Аз бинои Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд то Амфитеатри Қасри Арбоб паҳлавонписароне, ки аввалин шуда, барои ҳимояи Ватан-Модар номнавис гардидаанд, бо автобусҳои махсус тантанавор ва бошукўҳ роҳ тай менамуданд. Қариб 20 автобус пури ҷавонони баору номус, тарбияи хубдида ва пурқуввату далер буд. Пешопеши автобусҳо ҳофизону навозандагон ба таври зинда суруд мехонданду мусиқии гўшнавоз менавохтанд. Аз қафо масъулини мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ, мақомоти қудратӣ ва дигар ниҳодҳои вобаста ин ҷавонони ҳимоятгарро ҳамраҳӣ мекарданд. Наваскарон бо тамоми овоз шукргузорӣ ва ифтихормандии худро ифода мекарданд. Зеро онон на мисоли бархе ҷавонон аз Ватан ба мулки бегона гурехта истодаанд, балки дар маъракаи даъватӣ ҳозир ҳастанду қувваю матонати худро нишон медиҳанд. Онон на мисоли баъзе ҷавонписарон, ки аз хизмат меҳаросанду паси домани модар пинҳон мешаванд. Онон на он ҷавонписароне, ки ҳуҷҷати бемории бардурўғу қалбакӣ харидаанд. Оре, ҳамон рўз ин ҷавонон ҳуқуқи аз ҳама баланд овоз бароварданро доштанд, чунки арзандаанд ва ба қавле «забонашон дароз аст». Овози баланди онон чунон форам ба гўш мерасид ва ҳар роҳгузар бовар кард, бо чашми худ дид, худ шоҳиди зинда шуд, ки ҳанўз инсоният насли солиму Ватандўстро ба дунё овардаву тарбия карда метавонистааст. Боварӣ ҳосил шуд, ки дунё соҳиб дорад ва соҳибаш ана ҳамин ҷавонони шарафманд мебошанд. Аз чашмони ҳар наваскар аён буд, ки онҳо орзуву умеди калон доранд. Як сол ва ё ду сол хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ онҳоро боз пухтатару зирактар мегардонад. Бо одоби шоиставу кўлбори илми ҳарбӣ дар даст билети ҳарбӣ ба хона бармегарданд. Падару модар, хоҳару бародарон ва ҳамсоягони олиҳиммат ин ҷавонони ифтихори миллатро ба таври шоиста пешвоз мегиранд. Модари меҳрубон писари қаҳрамонашро ба оғўш гирифта, бо ашки шодӣ сипос мегўяд. Сипос ба он хотир мегўяд, ки фарзанди ў дар қатори фарзандони мардум шабзиндадорӣ кард, то модарон ором хуспанд. Ин заҳмати ҷавононро аз ҳама беш модарон қадр мекунанд ва то вопасин лаҳзаи умрашон ҳар яки онҳоро қаҳрамон мешуморанд.

Ҷаҳони муосир ҳар дақиқаву сония ба пеш меравад, тараққӣ мекунад, ба дастовардҳои нав ноил мегардад, аммо бе кўмаки ҷавонписарон ҳеҷ аст. Базаи ҳарбии ҳар давлатро, дар маҷмўъ, маҳз ҷавонписароне, ки аз хизмати ҳарбии ҳатмӣ гузаштаанд, пойбарҷо нигоҳ медоранд. Аз ин лиҳоз, ҳар давлату миллат ба ҷавонони худ эътимоди комил дорад ва онҳоро аз мактаби ҷасорат мегузаронад, то ки кишвараш ободу осуда бошад.

Пўшида нест, ки ҳанўз ҳам байни мардуми камандеш ақидаҳои шахшудаи «дар қисмҳои ҳарбӣ шароит хуб нест, хўроки дилхоҳ нест, онҷо мезананд, ғам медиҳанд» ҳаст. Чунин амалҳо кайҳо аз байн рафтаву шукри Офаридгор дар ҳар қисми ҳарбӣ низом, тартиб ҷорӣ аст. Охир ба ҳамагон маълум аст, ки сафи Қувваҳои мусаллаҳ макони фароғату истироҳат нест! Ё макони дилхушиву дигар намуди хизматрасонии айшу ишрат нест! Низоми ҷиддияти қисмҳои ҳарбӣ аз қадимулайём, аниқтараш аз замони Паёмбар (с) тартиб дода шудаасту ҳадафаш тарбияи сиёсӣ ва ҳимояи Ватан маҳсуб меёбад. Яъне, дар замонҳои қадим ҳам ва ҳатто дар ҳукмронии Иттиҳоди Шўравӣ, ки беҳтарин замон ба ҳисоб мерафт, ба аскарон ҷиддӣ муносибат мекарданд. Онҳоро марди ҳақиқӣ, инсони пухта ва пуртоқат тарбия мекард. Дарвоқеъ, мардеро, ки барвақт аз хоб намехезад, мардеро, ки пурқувват нест, ки ҳамеша аз хўрок шикоят мекунад, оне, ки ба сухани куҳансолон гўш намедиҳад, чи гуна мард номидан мумкин аст? Ҷавоб ин ки маҳз дар Қувваҳои мусаллаҳ ба ҳамаи чунин шароити вазнин пуртоқат будану ба осонӣ аз он раҳоӣ ёфтанро меомўзонанд. Аммо на ҳар кас ин усули таълимро дарк мекунаду на ҳар кас аз чунин мактаби мардонагӣ гузашта метавонад!

Аммо ҷавонони даъватшуда аз авлоди шарафманд буданашонро исбот карданд. Амали мардонаи онҳо шоистаи таҳсин аст ва намуна ба дигар ҷавонон мебошад. Бешубҳа, ифтихори миллӣ ва Ватандўстии онҳо чандин ҷавонони гурезпоро бояд шарм доронад. Онҳо бо ақлу идроки худ фаҳмиданд, ки модари худ, замини худ, хонаи худро ҳаргиз ба дасти душман нахоҳанд дод!
Ба бисёр ҷавононе, ки дар қисмҳои ҳарбӣ хизматро ба ҷо меоранд ва ё хизматро тамом кардаанд, ҳамсўҳбат шавем, асло аз вазнинии сафҳои қувваҳои мусаллаҳ шикоят намекунанд. Баръакс, бо ифтихор мегўянд, ки хуб шуд, ки мо хизмат кардем ва ё хизмат намуда истодаем.

Бале, дар орзуи онем, ки ҳар ҷавонписар фикру ақидаи худро дошта бошад. Ба сухани дил гўш диҳад, зеро он ҳамеша мегўяд: бихез, Ватан-Модарро, ки туро парварид, аз дасти душман раҳо кун!!!

Таҳмина АЮБОВА,
«Тирози ҷаҳон»

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...