(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрӯз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, бо иштироки Роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва фаъолони хоҷагии халқи шаҳр оид ба натиҷаи фаъолият дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ ҷаласаи васеъ баргузор гардид.

Нахуст маърӯзаи муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд дар 9 моҳи соли 2022 ироа гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мардуми шарафманди Хуҷандшаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода чораҳои амалӣ андешида, барои ноил гаштан ба нишондиҳандаҳои назаррас аз тамоми иқтидорҳою имкониятҳо самаранок истифода бурда истодаанд. Боис ба тазаккур аст, ки дар ин ҷода кулли сокинони шаҳр бо руҳияи баланди меҳанпарастӣ дар самти тараққиёти ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешбурди паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, фарҳангию маънавӣ, равнақи созандагию бунёдкорӣ тадбирҳои рўзафзун андешида, нўҳ моҳи соли 2022-ро бо нишондиҳандаҳои назаррас натиҷабардорӣ намуданд.

Зикр гардид, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо назардошти истеҳсол ва фурўши обу барқ ба 1074,8 миллион сомонӣ баробар гашта, нисбат ба ҳамин давраи соли сипарӣ 117,1 фоизро ташкил додааст. Аз ин миқдор ба маблағи 292,0 миллион сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот карда шудааст, ки он нисбати нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 27,1 дар сад афзоиш ёфта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад. Дар 9 моҳи соли равон 16 адад корхонаҳои нави хурду миёнаи истеҳсолии пурра бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳазгардида таъсис дода шуда, шумораи умумии корхонаҳои саноатии шаҳр ба 184 адад расид, ки танҳо аз ҳисоби корхонаҳои нав бунёдгашта 195 нафар шаҳрвандон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Ҳамзамон аз ҷониби 92 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 544,4 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 106,1 млн. сомонӣ ё 24,2 фоиз зиёд мебошад.

Дар ин давра аз 136 намуд маҳсулотҳои асосӣ истеҳсоли 55 намуд ё 40,4 фоиз нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Дар рушди бемайлони иқтисодиёти шаҳр ҳиссаи муомилоти гардиши молҳо саҳми арзанда дошта, ҳаҷми он дар ин давра ба 2 миллиарду 653,6 миллион сомонӣ расида, ҳаҷми хизматрасониҳо 1081,6 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки он мутаносибан ба ҳар як сари аҳолӣ 13,3 ҳазор сомонӣ ва 5,4 ҳазор сомонӣ рост меояд. Дар ин давра баҳри беҳдошти дастрасии аҳолии шаҳр ба соҳаи хизматрасонӣ 20 нуқтаҳои савдою хизматрасонӣ сохта ба истифода дода шуда, ҳамзамон ҷиҳати пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока бо дастгирии бевоситаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят 76 маротиба ярмарка-фурўши маҳсулотҳои кишоварзӣ ташкил карда шуда, 4 ҳазору 630 тонна маҳсулотҳо ба фурўш бароварда шуданд.

Дар раванди густариши муносибатҳои иқтисодӣ, муомилоти савдои беруна мавқеи хос дошта, нишондиҳандаҳои асосии он дар давраи ҳисоботӣ 197,5 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он ҳиссаи содирот 37,7 миллион доллар, ҳиссаи воридот бошад 159,8 миллион долларро ташкил дод. Ин нишондиҳандаҳо нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта зиёда аз 100,0 фоиз таъмин гардидаанд.

Натиҷаҳои рушди бонизоми бахши воқеъии иқтисодиёти шаҳр ва чораҳои андешидашудаи ин давра ба мо имкон дод, ки иҷрои нақшаи буҷети давлатӣ 102,1 фоиз ва буҷети маҳаллӣ 102,4 фоиз таъмин гашта, он боиси аз нақшаҳои пешбинишуда мутаносибан дар ҳаҷми 8,7 млн. сомонӣ ва 4,4 млн. сомонӣ зиёд ворид шудани андозҳо гардид.

Нақшаи хазинаи иҷтимоии шаҳр 102,0 фоиз таъмин шуда, ба буҷети иҷтимоӣ 3,0 миллион сомонӣ аз нақша зиёд маблағ ворид гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ба кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр зам намудани ҳусну таровати замонавӣ 768 адад лампаҳо, чароғакҳою фурўзонакҳо, равшанкунакҳо ва шилшилаҳои муосир, 29 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 84 адад даромадгоҳҳо, 6906,0 м2 боми биноҳо ва 668,0 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд.

Дар ин раванд ҷиҳати кабудизоркунӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр чораҳои амалӣ андешида шуда, дар натиҷа 2 ҳазору 138 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, 1120,2 ҳазор дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, виола, карамгул, карнайгул ва 200,0 ҳазор дона қаламчаи гули садбарг шинонида шуда, таҳти нигоҳубин қарор дорад.

Тибқи нақшаи тасдиқгардида дар соли 2022-юм 41,0 км таъмири роҳҳо, аз ҷумла 30,0 км таъмири асосӣ ва 11,0 км таъмири ҷориро дар бар мегирад.

То имрўз 42,4 км роҳҳо таъмири асосию ҷорӣ карда шуданд.

Ҳамчун самти афзалиятнок ба рушди соҳаи маориф таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда шуда, бо мақсади тақвият бахшидан ба омўзиши фанҳои дақиқ, илму техника, ихтироъкориву навоварӣ ва ташаккули тафаккури техникӣ, инчунин баланд бардоштани завқи китобхонӣ ва дар доираи Озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм – фурўғи маърифат” 90 адад маҳфилҳо, ба монанди “Ровиёни беҳтарин”, “Шеърдўстони беҳтарин”, “Техникони наврас”, “Математикони ҷавон”, “Барномасозон”, «Кишваршиносони ҷавон» ва “Табиатдўстони ҷавон” дар муассисаҳои таълимӣ ташкил гардидаанд. Мувофиқи нақшаи солона дар соли 2022 бояд 393 нафар омўзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузашта, савияи дониши худро баланд бардоранд ва то имрўз 372 нафар кормандони соҳаи маориф савияи дониши худро баланд бардоштанд, ки ин ба ҳисоби миёна 95 % - и нақшаи солонаро ташкил медиҳад.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 12 августи соли 2022 ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, бинои асосии табобатии Беморхонаи клиникавии № 1-уми шаҳри Хуҷандро баъди таъмиру азнавсозии куллӣ ва бинои маъмурияти корхона, стансияи ёрии таъҷилии тиббӣ, чойхонаи миллӣ, меҳмонхона ва коргоҳи истеҳсоли оксигени тиббиро ифтитоҳ бахшиданд.
Дар шаҳр баҳри хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ 95 адад муассисаҳои тиббии давлатӣ ва хусусӣ амал мекунанд, ки дар онҳо зиёда аз 6 ҳазору 300 нафар кормандони соҳаи тиб адои вазифа доранд.

Шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 140 чорабиниҳои сатҳи мухталиф аз қабили вохўриву мулоқотҳо, озмунҳо, конфронсҳо, аксияҳо, чорабиниҳои маънавӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, фестивалҳо, корҳои ободониву созандагӣ, тарғиботиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бо иштироки беш аз 80 ҳазор нафар наврасону ҷавонон, варзишгарону мухлисон баргузор гардиданд.

Дар шаҳр зиёда аз 310 адад иншооти варзишӣ, аз ҷумла варзишгоҳ, иншоотҳои оддии варзишӣ, толорҳои варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва иншоотҳои барои машғулиятҳои варзишӣ мавриди истифода қарор доранд.

Соли ҷорӣ 14 адад майдончаҳои варзишӣ ва бозии кўдакона дар ҳудуди маҳаллаҳои шаҳр ва назди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд ва азнавсозӣ гардида, мавриди истифода қарор гирифтанд.

Дар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр аз 21 нафар мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 7 нафарашонро занон ишғол намудаанд.

Аз 97 ҳазору 660 нафар занону духтарони шаҳр занони роҳбарикунандаро 1216 нафар ташкил медиҳанд. Аз ҳисоби занони шаҳр 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар занон вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд буда, дар Маҷлиси вакилони шаҳр аз 40 нафар намояндаи мардумӣ, ҳамагӣ 14 нафарашонро занҳо ташкил медиҳанд.

Сипас муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Боқизода ва муовини аввали Раиси шаҳр Хайрулло Ғайбуллозода роҷеъ ба самтҳои фаъолияти таҳти сарпарастиашон ҳисобот доданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар ҷараёни кори ҷаласа аз масъулини соҳаи саноат, занон, ҷавонон, ободонӣ, нақлиёти мусофиркашон, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дод.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба самти пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодият ва маҷмуаъан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Ҷамолиддин Абдуллозода, роҳбари гуруҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд оид ба таҷлили 35 солагии Истиқлолият, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмуан фаъолияти хоҷагии халқи шаҳри Хуҷандро дар давраи сипаришуда мусбат арзёбӣ ва миннатдорӣ баён карда,ҳамзамон аз фаъолон даъват ба амал овард, ки ҷиҳати бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашмнҳои умумиллӣ ва рушди бемайлони шаҳр саъю кӯшиши бештар намуда, якдилона Ватани маҳбубамонро ободу мунаввар созем.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҷаласаи ҷамъбастиро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла таъкид намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр минбаъд низ ҷиҳати дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нишондодҳои Раиси вилоят ва истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои муассир меандешад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...