(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТавре, ки иттилоъ додем, аз 24 то 27 сентябр дар шаҳри Хуҷанд Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс миёни калонсолон баргузор шуд. Муштзанон аз рӯи 13 вазн сабқат карда, ғолибон муайян гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии мусобиқа Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуда, ба ғолибон Ҷом ва медалу туҳфаҳои молӣ тақдим намуданд.

Ҳамин тавр, дар охирин рӯзи мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс рақобатҳои финалӣ баргузор шуда, соҳибони ҷом муайян гардиданд. Нахуст дар вазни то 48 кг Усмонҷон Мирзоев ва Умарқул Эрматов барои медали тиллои мусобиқа миёни ҳам сабқат карданд.
Рақобати муштзанон 3 давр идома кард ва билохира муштзани тоҷик Усмонҷон Мирзоев тавонист, ки бо ҳисоби 4 бар 1 рақибаш аз Узбекистонро шикаст дода, соҳиби медали тилло ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардад.

Дар вазни то 54 кг зинаҳои сеюми ифтихорӣ насиби Бузургмеҳр Иксанов аз Тоҷикистон ва Бобур Тухтаев аз Узбекистон шуданд. Дар натиҷа медали тиллои ин вазн ба Ҳасанов Муҳаммадалӣ муштзани вилояти Суғд анҷом ёфт. Сабқати ниҳоии вазни то 57 кг низ ҷолиб сурат гирифта, ду варзишгари суғдӣ дар се давр бо ҳам қувваозмоии шадид намуданд. Ҳарду ҷониб ҳам дар раванди мубориза аз худ маҳорати баланд нишон доданд ва дар сонияҳои охир Хусравхон Раҳимов тавонист Искандарбек Рустамовро ба нокаут фиристад. Ҳамин тавр, ғолиби ин вазн соҳиби Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шуд.

Дар вазни то 60 кг медалҳои биринҷӣ ба варзишгарон Асланбек Азимов ва Абдулло Шарипов дода шуданд.

Барои медали тиллои Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абубакр Муродзода аз вилояти Хатлон ва Абдураҳим Ёқубов аз вилояти Суғд миёни ҳам рақобат карданд. Дар ин сабқати ҷолиб Абдураҳим Ёқубов зафар ёфт.

Мавриди зикр аст, ки Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазни то 66,5 кг ба Ҷумҳурии Узбекистон рафт, зеро дар рақобати ниҳоӣ ду варзишгари ҳамин кишвар- Уткурбек Абдулқодиров ва Сулаймон Латипов бо ҳам қувва озмуданд. Дар ин нерусанҷӣ аз оғоз Сулаймон Латипов зарбаҳои ҳадафрастар дошта, пеш аз муҳлати анҷоми сабқат ҳарифашро шикаст дод. Ин рақобатро Мансур Муҳидинов- довари дараҷаи олимпӣ аз Тоҷикистон идора мекард ва пас аз як нокдаун вохӯриро қатъ карда, пирӯзӣ ва медали тиллои мусобиқаро насиби Сулаймон Латипов донист.

Дар зинаи дуюм Уткурбек Абдулқодиров ҷой гирифта, медалҳои биринҷии мусобиқа насиби ду варзишгари тоҷик- Расул Аҳадов ва Шоҳин Ҳикматов гардид.

Финали вазни то 74,5 кг низ интизори мухлисон буд, зеро дар он муштзани умедбахши тоҷик Абдумалик Болтаев бо Ашурбек Ҷиянов вориди майдони рақобат шуданд. Абдумалик дар даврҳои гузашта ҳарифонашро пеш аз муҳлат ба нокаут фиристода буд ва интизор мерафт ин бор низ ҳарифашро пеш аз муҳлат шикаст диҳад. Ӯ дар пайти аввали нерусанҷӣ чанд зарбаи шадид ба ҳариф зада, ӯро ба нокдаун ҳам фиристод, бинобар ин мураббиёни Ашурбек пас аз пайти аввал рақобатро мутаваққиф карданду медали тилло дар ин вазн насиби Абдумалик Болтаев гардид.

Дар вазни то 80 кг ба финал Шаҳбоз Негматуллоев ва Шаҳбоз Ҳаитов барои ба даст овардани медали тиллои мусобиқа миёни ҳам сабқат карданд. Рақобати муштзанон 3 раунд идома карда, дар ниҳоят Шаҳбоз Негматуллоев бо ҳисоби 3 бар 2 музаффарият ба даст овард. Рақобатҳо дар вазни то 86 кг миёни ду варзишгари тоҷик Наврӯз Ҷафоев ва Парвиз Каримов сурат гирифт. Ин рақобат ҳам диданӣ буд ва ду ҷониб зарбаҳои ҳадафрас низ доштанд. Дар ин вазн Наврӯз Ҷафоев ғолиб дониста шуда, соҳиби медали тиллои мусобиқа шуд ва медали нуқра насиби Парвиз Каримов гардид.

Муштзани узбекистонӣ Бобур Юлдошев тавонист, ки нишони тиллои вазни 92 килограммро соҳиб шуд. Дар финали ин вазн Бобур бо Насим Шарипов аз Тоҷикистон неру санҷида, се пайтро бо ғалаба анҷом дод. Ҳамин тавр, Бобур Юлдошев дуюмин муштзан аз Узбекистон шуд, ки медали тиллои мусобиқаи Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб гардид.
Миёни сангинвазнҳо Асадбек Манонов зинаи сеюми ифтихориро ишғол кард. Муҳаммад Аброридинов ба гирифтани медали нуқра даст ёфту ғолиби вазни мутлақ ва Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштзани ботаҷриба ва номдори тоҷик Ҷаҳон Қурбонов шуд.

Ҳамин тавр, дар якумин мусобиқаи Ҷоми Президети Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба бокс аз сенздаҳ вазн 11-тояшро муштзанони тоҷик соҳиб шуданд. Ду медали тиллои дигарро муштзанони узбек ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи сеюми мусобиқаи байналмилалӣ дар вазни 51 кг ва 63,5 кг рақобатҳои финалӣ доир шуданд, ки Меҳроҷ Ҳомидов ва Баҳодур Усмонов соҳиби медалҳои тиллои ин вазнҳо гардиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...