19 Сентябрь 2022
Недоступен ни однин перевод.
Ин низомиёни хадамоти марзбонии Қирғизистон се рӯз қабл зимни ҳамла ба хоки Тоҷикистон аз ҷониби низомиёни тоҷик дастгир шуда буданд.
Мақомоти Тоҷикистон баъди ба имзо расидани санад миёни раҳбарони КДАМ Тоҷикистон ва Қирғизистон марзбонони боздоштаи кишвари ҳамсояро озод кард.
Бино ба иттилоъи манобеъ аз мақомоти марзбонии Тоҷикистон афсарони қирғиз, барои иштирок дар муноқишаи мусаллаҳонаи марзии рӯзи 16 сентябр мавриди боздошт қарор гирифта буданд.
“Шоми имрӯз миёни роҳбарони кумитаҳои амнияти миллии ду кишвар созишнома дар бораи оташбас ба имзо расид ва тибқи он марзбонони боздоштшуда раҳо карда шуданд” - гуфт, манбаъ.
Баъд аз зуҳри рӯзи 19 сентябр Саймуъмин Ятимов, раиси КДАМ-и Тоҷикистон ва ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев зимни баргузории мулоқоте санади навбатӣ дар бораи оташбас ба имзо расонданд.