(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи "Суғдиён" шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҳамоиши «Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон» доир гардид.

Ҳамоиш дар ҳамрайисии Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд ва Хуршед Ахмедов, муовини Ҳокими вилояти Фарғона сурат гирифт.

Зикр шуд, ки Ӯзбекистон аз лиҳози ташрифи сайёҳон ба даҳгонаи кишварҳое шомил мешавад, ки сайёҳонаш бештар ба Тоҷикистон меоянд. Маҳз бо шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва талошҳои муштараки Роҳбарони ҳарду давлат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев равобити дуҷониба маҷрои тоза гирифта, имрӯз шарикии стратегӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла сайёҳӣ рушду таҳким меёбад».

Дар заминаи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба мусофирати мутақобилаи шаҳрвандон ва Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки зимни сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шуд, гурӯҳи зиёди сайёҳони Тоҷикистон ба Узбекистон ва аз Узбекистон ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон ба рушди ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятнок, аз ҷумла, мубодилаи иттилоот доир ба рушди сайёҳӣ тавассути маводи нашрӣ, филмҳо, гузаронидани чорабиниҳои тарғиботӣ, конфреренсияҳо, семинарҳо, ташкили намоишгоҳҳо ва барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии ватанию ширкатҳои сайёҳии Узбекистон нигаронида шудааст.

Тибқи созишномаи мусофирати мутақобила, шаҳрвандони ду давлати ҳамҷавор–Тоҷикистон ва Узбекистон ҳуқуқ доранд ба муҳлати 30 рӯз бидуни раводид ба кишварҳои ҳамдигар сафар намоянд. Оғоз гардидани сафари бидуни раводид миёни Тоҷикистон ва Узбекистон занҷири самаранокеро ба вуҷуд меорад, ки на танҳо ба рушди бахши сайёҳӣ байни ду кишвар, инчунин ба ҳамкории минтақавии сайёҳӣ мусоидат менамояд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки зимни ташриф ба Тоҷикистон сайёҳони Узбекистон ба намудҳои сайёҳии табобатӣ-солимгардонӣ, экологӣ ва сайёҳии зиёратӣ бештар майлу рағбат доранд. Ҳоло ҳамкорӣ миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хатсайрҳои минтақавӣ низ амалӣ шуда истодаанд.

Дар чорабинӣ ҷонибҳо тариқи рӯнамо оид ба зарфияти сайёҳии ҳарду кишвар маълумот доданд. Изҳори умед карда шуд, ки истифодаи таҷриба ва донишҳои пешқадам дар соҳаи сайёҳии Узбекистон ва Тоҷикистон ба рушди минбаъдаи ҳамкории башардӯстона ҷиҳати таҳкими робитаҳои муштараки сайёҳию фарҳангӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидати ҳамаҷониба менамояд.

Дар ҷараёни ҳамоиш бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар миёни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...