(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Раёсати молия дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» аз 20 ноябри соли 2020, №1724 ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, №689 «Дар хусуси тадбирҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» дар соли 2021 як қатор силсила корҳоро ба анҷом расонид.

Дар ин давра ба даромади буҷети маҳаллӣ 247569,5 ҳазор сомонӣ малағҳои андозӣ ва ғайриандозӣ ворид карда шуданд, ки ин нисбати нақша 11822,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 105,0 фоизро ташкил намуд. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети маҳаллӣ нисбат ба ҷамбасти соли 2020 маблағи 50940,1 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 125,9 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 10 намуди сарчашмаҳои даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 1 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 10,1 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети маҳаллӣ 10,1 ҳазор сомонӣ маблағ кам ворид гардид.

Дар ин марҳила даромади умумиӣ буҷети шаҳри Хуҷанд ба маблағи 522163,5 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин нисбат ба нақша 11538,5 ҳазор сомонӣ зиёд ва ё 102,3 фоизро ташкил медиҳад. Воридоти даромадҳои андозӣ ва ғайриандозии буҷети умумӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 маблағи 119107,6 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад, ки ин 129,6 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 11 намуди даромадҳои андозии ба нақша гирифташуда, 2 манбаъи воридоти буҷет таъмин нагардид, ки ин ҳам бошад аз ҳисоби андоз аз даромад ба маблағи 56,6 ҳазор сомонӣ кам аз нақша ва андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ба маблағи 10198,6 ҳазор сомонӣ кам аз нақша мебошанд, ки дар натиҷа ба буҷети умумӣ 10255,2 ҳазор сомонӣ маблағ ворид нагардид.

Бақияи қарзи андози андозсупорандагони шаҳр бо назардошти қарзи андози андозсупорандагони калон ба ҳолати 1 декабри соли 2021 маблағи 18752,9 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбати аввали соли ҷорӣ ба маблағи 1050,1 ҳазор сомонӣ зиёд гардидааст.

Қисми хароҷоти буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2021 ба маблағи 237789,8 ҳазор сомонӣ таъмин гардид, ки ин 100 фоизро ташкил намуда, дар соли 2021 барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ алалхусус маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ маблағи 154933,3 ҳазор сомонӣ ва ё 65,1 фоизи маблағҳои харҷгардидаи буҷетӣ равона карда шуда, барои таъмини маблағгузории моддаҳои ҳимояшавандаи буҷет, аз ҷумла барои пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва пардохти хизматрасонии коммуналӣ 120486,2 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 50,7 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ҳисоби пардохти музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ, стипендия, кумакпулӣ ва ҷубронпулии аз буҷет пардохтшаванда қарздорӣ ҷой надорад.

Дар ин давра барои маблағгузории корҳои ободонии шаҳр аз ҷумла, р-ўбучини кўчаҳои марказӣ, аз кўчаҳо баровардани партовҳо, дар майдонҳо шинонидани гулҳои ороишӣ, шинонидани дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ, таъмиру азнавсозии роҳҳои дохилӣ, таъмири намои берунаи хонаҳои дар кўчаҳои протоколӣ ҷойгиршуда, фаъолияти бомароми фаввораҳо ва корҳои равшаннамоии кўчаҳо, бо воситаи КВДК “Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ”-и шаҳр, ки ҳачун фармоишгари асосии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд оид ба корҳои ободонӣ ба ҳисоб меравад, 38239,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Дар ин давра ҷиҳати таъмини моддаи 16 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ҷиҳати ҳиссагузорӣ ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт ва мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни мазкур барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, аз ҳисоби иҷрои барзиёди нақшаи тасдиқшудаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд, ки маблағи 11822,5 ҳазор сомонӣ ҷой доштанаш, 20 фоиз ба Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт 2364,5 ҳазор сомонӣ ва 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ 472,9 ҳазор сомонӣ ҳиссагузориҳо саривақт ҳисоб ва равона карда шуданд.

Инчунин, мутобиқи талаботи моддаи 20 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, дар ин марҳила аз ҳисоби маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида 5 фоиз барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ маблағи 61,7 ҳазор сомонӣ ҳисоб ва равона гардид.

Ҷиҳати таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, таҳти №101, қарори Раиси шаҳр аз 5 майи соли 2021, таҳти №145 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022” ба тавсиб расонида шуда, эҳтиёҷот ба ангишт дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 барои муассисаҳои соҳаи тиб ба миқдори 432 тонна ва муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳр ба миқдори 956 тонна, ҳамагӣ ба миқдори 1388 тонна муайян карда шуда, дар ин давра аз ҳисоби маблағҳои буҷетии соҳаи маорифи шаҳр ба маблағи 691,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 993 тонна ангишт равона шуда, аз тарафи муассисаҳои соҳаи тандурустии шаҳр бошад ба маблағи 286,0 ҳазор сомонӣ барои харидории 452 тонна ангиш равона карда шуданд. Дар умуман, барои омодагии соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳр барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2021-2022 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сарпарастон 1444 тонна ангиштсанг ва 390 метри кубӣ ҳезуми сахт захира карда шуда, таъмини иҷрои нақшаи захираи ангишт ва ҳезуми сахт бо пуррагӣ таъмин гардидааст.

Мувофиқи нақшаи тасдиқшудаи Ҷамъияти «Иттифоқи Чернобил»-и шаҳри Хуҷанд барои соли 2021 ҷиҳати барқарорсозии саломатии 74 нафар иштирокчиёни бартарафкунии садамаи нерўгоҳи барқии атомии Чернобил, дар буҷети шаҳр 261152 сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шуда, иҷроиши он 259286 сомониро ташкил дод. Ҳамзамон, дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳр аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети маҳаллӣ, ҷиҳати баргузории чорабиниҳо бахшида ба 35-умин солгарди “Рўзи байналхалқии Ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ” 14500 сомонӣ маблағҳои буҷетӣ ба харҷ дода шуданд.

Инчунин, ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2006, №514 «Дар бораи тасдиқи Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» дар буҷети маҳаллии шаҳр дар соли 2021-ум 3000,0 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ гардида, маблағгузорӣ барои ин мақсад сари вақт таъмин карда шуданд. Корҳои обтаъминкунии аҳолӣ дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд аз тарафи Маъмурияти корхонаҳои сохташавандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мувофиқаи бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷро расонида шуданд.

Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.Дар шаҳри Хуҷанд 3 лоиҳаҳои сармоягузории хориҷӣ бо маблағи 55,1 млн. доллари ИМА, аз ин ҳисоб 27,8 млн. доллари ИМА малағҳои қарзӣ ва 27,3 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ мебошанд ва бо кафолати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (минбаъд БАТР) ҷалб карда шуданд, амалӣ гардида истодааст.

Дар соли 2021, аз рўи Созишномаи қарзии №38746 аз 18 майи соли 2008 (марҳилаи 2) ва Созишномаи қарзии №44753 аз 16 октябри соли 2014 (марҳилаи 3) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК “Хуҷандобуканал” дар назди БАТР то санаи 15 май ва 16 ноябр мутаносибан 69323 ва 67647,08 ЕВРО, то санаи 12 феврал ва то санаи 12 август мутаносибан 179819,51 ва 190901,97 доллари ИМА муайян шуда, маблағҳои мазкур аз ҳисоби даромади корхона дар мўҳлатҳои муайяншуда пардохт гардида, қарздории корхона дар соли 2021 дар назди БАТР ҷой надорад. Қарздории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 86,7 ҳазор доллари ИМА низ бо пурраги рўйпўш карда шуда, аз рўи шартномаҳои қарзгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар назди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарздорӣ ҷой надорад.

Ҳамзамон, аз рӯи Созишномаи қарзии №46288 аз 24 декабри соли 2015 ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КДК «Нақлиёти мусофиркашон»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР то санаи 20 май ва 20 ноябр мутаносибан 690506,78 ва 681447,55 доллари ИМА муайян ва маблағи мазкур аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Хуҷанд дар мўҳлати муайяншуда пардохт гардида, дар соли 2021 дар назди БАТР қарздории корхона ҷой надорад.

Инчунин, аз рӯи Созишномаи қарзии №41769 аз 25 ноябри соли 2011 (марҳилаи 1) ва аз рӯи Созишномаи қарзии №47477 аз 13 майи соли 2016 (марҳилаи 2) ва мувофиқи ҷадвали пардохти қарзи навбатии КВДК «Хизматрасони нақлиёти санитарӣ»-и шаҳри Хуҷанд дар назди БАТР то санаи 20 апрел, то санаи 4 июн, то санаи 20 октябр ва 4 декабр мутаносибан 84332,05, 116245,07, 96228,17 ва 115160,56 доллари ИМА муайян шуда, маблағҳои мазкур аз ҳисоби даромади корхона дар мўҳлатҳои муайяншуда пардохт гардида, дар соли 2021 дар назди БАТР қарздории корхона ҷой надорад.

Раёсати молияи шаҳр минбаъд низ барои сари вақт маблағгузорӣ намудани муассисаҳои буҷетии аз ҳисоби буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд маблағгузоришаванда ва назорати маблағҳои харҷгардидаро зери назорати доимӣ қарор медиҳад ва тамоми чораҳои таъхирнопазиро меандешад то, ки маблағҳои буҷетӣ мақсаднок ва сарфакорона ба харҷ дода шаванд.


Абдусалом Бобоҷонзода, сардори раёсати молияи шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...