(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Шоири ваҳдатсаро Усмон Олимро, ки дар беморхонаи клиникавии шаҳрии №2-и шаҳри Хуҷанд ба табобат машғул аст, аёдат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави мелодӣ ба Шоири ваҳдатсаро Усмон Олим расонида, барояшон саломатии бардавом, саодати рўзгор ва илҳоми саршори эҷодиётро таманно намуд.

Шоир ва рўзноманигори забардаст Усмон Олим аз ин таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ нисбати эҷодкорон ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён намуда, чанд намунаи шеъри эҷоднамудаашро қироат намуд.

Бояд қайд намуд, ки шоир ва нависанда Усмон Олим 30 июли соли 1936 дар қишлоқи Пастиғави ҷамоати деҳоти Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1953 ба Институти педагогии шаҳри Хуҷанд дохил шуда, соли 1957 факултаи забон ва адабиёти донишгоҳро хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиро аз омӯзгорӣ сар карда, аз сентябри соли 1957 то феврали 1958 омӯзгори мактаби миёнаи №5 ноҳия будааст. Аз феврали 1958 то январи 1960 мудири шуъбаи рӯзномаи «Байрақи Ленин», солҳои 1960-1961 ҷонишини директори мактаби миёнаи №5, соли 1961 ходими адабии рӯзномаи «КомсомолиТоҷикистон», солҳои 1962-1965 ҷонишини директори мактаби миёнаи №13, соли 1965 котиби масъули ҷамъияти «Дониш»-и ноҳия, солҳои 1965-1969 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳия, 1969-1971 шунавандаи шуъбаи журналистикаи Мактаби олии назди КМ КПСС (Маскав), 1971-1973 ҷонишини муҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», 1973-1988 муҳаррири рӯзномаи «Машъал»-и ноҳияи Мастчоҳ, 1988-1989 мухбири озоди рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», 1989-1994 омӯзгори мактаби №3 ноҳия, 1994-1996 роҳбари адабии Хонаи пешоҳангони ноҳия, аз соли 1996 мушовири рӯзномаҳои «Машъал»-у «Сухани халқ» ва машғули корҳои эҷодӣ аст. Аз моҳи августи соли 1997 гирандаи нафақа барои хидматҳои махсус дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Соли 1972 дар пленуми якҷояи коркунони эҷодию фарҳангӣ дар шаҳри Москва иштирок кардааст ва ҳамчун рӯзноманигори фаъол бо медали биринҷӣ-хотиравии рӯзномаи "Известия" қадр шудааст. Аз соли 1969 то соли 1988 вакилии маҷлиси шӯрои ноҳиявии вакилони ноҳияи Мастчоҳ, аз соли 1979 то соли 1990 аъзои Бюрои ҳизбии ноҳиявии ҲК Тоҷикистон буд.

Муаллифи зиёда аз 30 асарҳои назмию насрӣ. Беш аз 200 мақолаҳои публисистию адабӣ-бадеӣ ба табъ расонидааст. Ба зиёда аз 20 матни ашъораш овозхонҳои хушсалиқа сурудҳо эҷод кардаанд. Маҷмӯаҳои шеърии «Баландӣ» (1983), «Дасти дӯст» (1987), «Панди Оли Сомон» (достону шеърҳо; Хуҷанд, 1995), «Дуои хайр» (Хуҷанд, 1997), «Қиссаи қисмат» (Хуҷанд, 1995), «Дар ёди ҳама» (Хуҷанд, 1994), «Марзи сулҳу оштӣ» (2003), «Армуғони шоир» (2001), «Синопеша» (қисса; Хуҷанд, 2003), «Номбардорон» (қисса; Хуҷанд, 2000); «Пайроҳаи умр» (Хуҷанд, 2004) «Ситораҳои гулшани адаб» (Хуҷанд, 2005), «Ҳубби Ватан» (Хуҷанд, 2006), «Бақои умр» (2006), «Асолати Имоми Аъзам» (достону шеърҳо; Хуҷанд, 2007) «Достони ватанхоҳӣ» (2011) ва ғ. маҳсули қалами ӯстанд. Силсилаи шеърҳои ӯ дар бораи Роғун ва нақби Анзобу Шаҳристон дар авроқи китобҳои ҷашнӣ ба табъ расидаанд.

Барои хидматҳои шоёнаш дар рушди адабиёту журналистикаи тоҷик соли 1986 бо унвони фахрии «Ходими хидматнишондодаи маданияти Тоҷикистон», соли 1971 бо медали «Барои меҳнати шоён», солҳои 1985 ва 1999 бо Ифтихорномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 1999 бо унвони фахрии «Аълочии матбуоти Тоҷикистон», соли 2004 бо Ҷоизаи ба номи Камоли Хуҷандӣ, соли 2000 бо дипломи академики Академияи мардумии «Нури Хуҷанд» сарфароз гардидааст.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...