(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altПрофессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизулло Авезов ба сафи Академияи муҳандисии байналмилалӣ пазируфта шуд.

Ба ин муносибат дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар вазъияти тантанавӣ маросими супурдани Диплом ва нишони академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ ба академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои раёсати академия Азизулло Авезов баргузор гардид.

Чорабиниро ноиби раиси Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи муҳандисии байналмилалӣ Мунимҷон Абдусамадов ифтитоҳ намуда, оид ба фаъолияти корӣ ва дастовардҳои намоёни мавсуф маълумот додаа, аз ҷумла қайд намуд, ки Азизулло Авезов фаъолияти меҳнатиашро соли 1973 оғоз намуда, солҳои зиёдеро ба фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбияи олимони ҷавон бахшидааст. Дар айни замон ба ҳайси профессори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, сармуҳаррири маҷаллаи илмӣ ˗ техникии “Паёми Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон” дар вилояти Суғд, роҳбари бахши вилоятии Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академики Академияи байналмиллалии муҳандисӣ фаъолият дошта, дарозои ин солҳо барои рушду нумуи илми муосири Тоҷикистон хизматҳои арзанда намудааст.

Мавсуф муаллифи 14 монография, 12 маводи таълимӣ - методӣ ва 210 мақолаи илмӣ мебошад. Моҳи сентябри соли 1986 Азизулло Авезов дар шаҳри Маскав дар мавзўи “Эффективность энергоснабжения децентрализованных потребителей (на примере Республики Таджикистан)” (Таъминоти самараноки энергетикии истеъмолкунандагони маҳаллаҳои кӯҳӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон) рисолаи номзадиашро ва соли 1999 рисолаи докториро дар мавзӯи “Формирование и развитие национальной энергетической системы (на примере Республики Таджикистан)” (Ташаккулёбӣ ва рушди низоми миллии энергетикӣ (дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон)) бомуваффақият ҳимоя намуд ва бо Қарори комиссияи олии аттестатсионии Вазорати маориф ва илми Федератсияи Руссия аз декабри 1999 доктори илмҳои иқтисодӣ гардид.

Директори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ аз номи устодону донишҷӯёни донишкада академик Азизулло Авезовро барои гирифтани ин унвон ва диплом муборакбод намуда, қайд намуд, ки мавсуф аз зумраи олимони мўътабар ва мураббиёни варзидаи муҳаққиқони ҷавон ва донишҷӯён маҳсуб ёфта, 48 сол инҷониб пайгирона ва босамар ба фаъолияти илмӣ-таълимӣ машғул аст ва ҳамчун иқтисодшинос дар байни олимони сатҳи ҷаҳонӣ ва ҷумҳурӣ эътироф гардидааст.

Боиси зикр аст, ки Академияи муҳандисии Тоҷикистон соли 1991 ҳамчун Филиали Академияи муҳандисии ИҶШС ташкил ёфта, аз 3 июли соли 1992 дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун Академияи мухандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АМҶТ) ба қайд гирифта шудааст.

Дар аъзоёии он маслиҳатчиёни академикӣ, докторон ва номзадҳои илм, кормандони шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон, муаллифони китобҳои фанҳои дақиқ ва патентҳои зиёд оид ба ихтироот дохиланд.

Алҳол ба ҳайати АМҶТ 32 нафар аёзои пайваста (академикон) ва зиёда 80 нафар аъзоёни вобаста шомиланд, ки аз онҳо 11 нафарашон занон мебошанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...