(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд, ки дар он Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи аввали соли 2014 дар самти пешбурди хоҷагии халқ маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки корхонаҳои саноатии шаҳр давоми ним соли 2014 ба миқдори 231,8 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард. Дар давоми нимсолаи аввали соли равон 14 корхонаи хурду миёна таъсис дода шуд. Fайр аз ин, мувофиқи нақшаи амалигаштаистода то охири соли равон шумораи корхонаҳои навтаъсисшаванда ба 20 адад расонида хоҳад шуд. Ин имконият медиҳад, ки боз 400 нафар шаҳрванд бо ҷои доимии корӣ таъмин гардад. Аз 47 муассисаи таълимии шаҳр 32-тоаш дорои толори варзишӣ мебошад ва дар 44 муассисаи дигар майдончаи варзишӣ мавҷуд аст. Ҳамаи толорҳо ва майдончаҳои варзишӣ мувофиқи талабот бо лавозимоти зарурӣ таъминанд. Дар асоси нақшаи чорабиниҳо бо ҷалби соҳибкорон ва сокинон 7 майдончаи варзишӣ ва толори варзишӣ дар мактабҳои шаҳр сохта ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, дар 10 мактаби шаҳр системаи ягонаи гармидиҳӣ таъсис ёфт, ки минбаъд дар фасли сармо толибилмон аз хунукӣ эмин мемонанд. Мувофиқи Барномаи шаҳрии «Соли 2014- соли роҳҳои обод» соли равон таъмиру тармими 116 км роҳҳои асосии шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки то имрӯз 41,2 км роҳ аз таъмир баромад. Барои беҳтар гардонидани шароити зисти оилаҳои ниёзманд давоми ним сол ба 500 нафар эҳтиёҷманд участкаҳои наздиҳавлигӣ тақсим карда шуд.
Дар натиҷаи сафари кории Сарвари мамлакат, ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Белорусия шаҳри Хуҷанд бо шаҳри Могилёви ин кишвар бародаршаҳр гардид ва минбаъд дар натиҷаи ҳамкорӣ лифтҳои биноҳои баландошёни шаҳр бо лифтҳои истеҳсолкардаи ин мамлакат марҳила ба марҳила иваз хоҳанд шуд. Ҳамзамон, давоми ду соли минбаъда тамоми кӯчаву хиёбонҳои шаҳр бо лампаҳои каммасрафи замонавӣ чароғон карда мешаванд.
Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода дар боби таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ, таълимӣ, овардани нақлиётҳои мусофирбар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, созмон додани ярмаркаҳо, нарху навои бозор, ободию кабудизоркунӣ ва тозагии шаҳр ҳарф зада, сипас ба саволҳои намояндагони воситаҳои ахбори умум ҷавобҳои мушаххас дод.
Шероз Шарифов, намояндаи «Азия плюс»:
- Сабаби аз байн бурдани идораи ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз мавзӯи маҳаллаи 20 чӣ буд ва оё ҷуброни он пардохта мешавад?
- Нақшаи генералии шаҳр соли 2010 аз ҷониби ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, имрӯз амалӣ гаштани он оғоз шудааст. Аз он маҳал натанҳо идораи ҳизби наҳзати ислом, балки 7 иншооти дигарро аз байн бардошта, барои васеъ кардани роҳ шароит фароҳам овардем. Минбаъд дар шаҳр баҳри амалигардии нақшаи генералӣ чандин иншооти дигар низ бардошта мешавад. Ба ивази биноҳои вайроншуда, мо аз ҷои дигари шахр ба онҳо замин ҷудо менамоем.
Раҳимҷон Аҳмадов, хабарнигори радиои «Садои Хуҷанд»:
- Ҳарчанд имрӯз замони бозоргонӣ аст, вале танзими нархҳои навои бозор бар зиммаи кист? Зеро нархи тармеваҳо дар бозорҳои шаҳр гарон аст.
- Барои ба танзим даровардани нархи навои бозор «Гӯшаи деҳқон» таъсис додем. Ба муассисаи Тоҷикматлубот низ ҷой ҷудо кардем, то аз тамоми шаҳру навоҳии вилоят деҳқонон маҳсулоти худро бо он нархе, ки ба мардум дастрас аст, ба фурӯш монанд. Айни ҳол дар моҳи шарифи Рамазон дар 4 мавзеи шаҳр, Панҷшанбе, Гулистон, маҳаллаи 34 ва Пахтакор чунин гӯша созмон додем, ки имрӯз қассобон 1 кг гӯштро бо арзиши 30-32 сомонӣ мефурӯшанд. ҳамчунин, дар оянда дар тамоми микроноҳияҳои шаҳр «Гӯшаи деҳқон» ба таври мавсимӣ амал хоҳанд кард, ки дар он деҳқонон бидуни додани таҳҷоӣ танҳо бо гирифтани патент аз нозироти андоз фаъолият ба роҳ мемонанд.
Ҷӯра Юсуфӣ, сармуҳаррири рӯзномаи «Дам»:
- Шумо дар суханронии худ аз бародаршаҳрии Хуҷанду Могилеви Белорусия ҳарф задед. Ҳамзамон Хуҷанд бо шаҳрҳои Табрези Эрон ва Линколни ИМА низ бародаршаҳр аст. Имрӯз ҳамкориҳо бо ин шаҳрҳо дар кадом сатҳ қарор дорад?
- Албатта шаҳри Хуҷанд натанҳо бо шаҳрҳои Табрезу Линколн, балки бо шаҳри Ганҷаи Озарбойҷон, Чимкенти Қазоқистон бародаршаҳр аст. Онҳо чандин маротиба моро барои иштирок дар чорабиниҳои идонаашон таклиф карданд. Натиҷаҳои ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Эрон буд, ки ба наздикӣ дар Қасри варзиш намоиши ярмарка-фурӯши маҳсулоти корхонаҳои саноатии Эрон гузаронида шуд. Лекин аз сабаби танқисии маблағ чандин сол аст, ки намояндагони мақомот ба шаҳри Линколн сафар накардаанд. Танҳо соҳибкорон рафта, салому паёми моро ба бародарони амрикоӣ мерасонанд. Нақшаҳо дорем, ки солҳои оянда доир ба ин масъала корбарӣ намуда, робитаро бо онҳо мустаҳкам мекунем.
Наталя Кутузова, хабарнигори нашрияи «Согдийская парвда»:
- Мо ба муносибати 80-солагии таъсисёбии нашрияамон аксия гузаронида истодаем. Ин аксия барои кӯмакрасонӣ ба бемори бистарӣ, сокини шаҳр Набӣ Абдуваҳҳобови 41-сола мебошад. Барои ҷарроҳии ӯ маблағи зиёд лозим аст. Аз ин рӯ, барои гузаронидани ҷарроҳиаш мусоидат намоед…
- Албатта мо ба ӯ барои ҷарроҳӣ дасти ёрӣ дароз менамоем.
Мафтуна Шукурова, намоянда аз ШТР «СМ-1»:
- Ҳангоми вохӯриатон бо сокинони маҳаллаи Чашмаи арзана шумо масъулинро вазифадор карда будед, ки дар ду тарафи қади роҳ дарахтони сояафкан шинонанд ва барои пиёдагардон роҳи махсус таъсис диҳанд. ҳамзамон сокинони кӯчаи Аҳмад Ашӯрро бо оби ошомидани таъмин созанд. То ҳол ин муаммоҳо ҳалли худро наёфтаанд…
- Доир ба масъалаи шинондани дарахтон моҳи март супориш дода будам, вале чи хеле ки худатон зикр кардед, танқисии об ба назар мерасид, бинобар ин, шинондани дарахтонро мавқуф гузоштем. Ба сардори КВД «Хуҷандобуканал» Муқим Бобоев супориш дода мешавад, ки то охири моҳ сокинони кӯчаи Аҳмад Ашӯрро бо оби нӯшокӣ таъмин карда, аз натиҷааш тариқи телевизиони «СМ-1» гузориш пахш гардад. Оид ба масъалаи роҳи пиёдагард, идораи роҳсозии шаҳр ва бозрасии давлатии автомобилӣ кор бурда истодаанд, то он мувофиқи стандартҳои меъёрҳои роҳсозӣ ва Нақшаи генералӣ созгор афтад.
Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода.Муҳайё Воситзода, сармуҳаррири нашрияи «Тирози ҷаҳон»:
- Хуб аст, ки соҳибкорони мо дар шаҳр марказҳои савдо таъсис медиҳанд. Дар масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатӣ низ онҳо саҳм мегузоштанд, айни матлаб мебуд, то сафи бекорон коҳиш ёбад.
- Дуруст қайд кардед. Мо ҳам ба ин масъала андеша дорем. Мувофиқи нақшаи генералӣ дар минтақаи саноатии шаҳр бояд то 30-40 корхонаи саноатии нав бунёд гардад ва ҳазорҳо нафарро бо ҷои корӣ таъмин созад.
Тавҳида Ҷӯраева, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд»:
- Сол аз сол мавзеи Сомғор обод шуда истодааст. Шаҳри Хуҷанд ба ободонии ин мавзеъ чӣ саҳм дорад?
- Бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ин мавзеъ 2 ҳазор гектар замин барои бунёди шаҳраки «Хуҷанд-2» ҷудо шудааст. Акнун баъди ба имзо расидани қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин хусус, мо бо Кумитаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҷумҳурӣ шартнома ба имзо расонида, барои омода кардани лоиҳаи ин шаҳрак тамоми меъморону лоиҳакашҳои ҷумҳурӣ давъат карда мешаванд. Бунёди ин шаҳрак имконият медиҳад, ки 100 ҳазор аҳолӣ бо ҷои истиқоматӣ таъмин гардад.
Тилав Расулзода, намояндаи «Бонувони Тоҷикистон»:
- Оё дар Нақшаи генералӣ аз ҳудуди шаҳр берун кардани комбинати консервбарорӣ назардошт шудааст? Зеро он дуди зиёдро ба атроф паҳн карда, муҳити экологии шаҳрро вайрон месозад.
- Ин масъала ба нақша гирифта нашудааст, вале баробари васл гаштани таҷҳизоти нави замонавӣ дар ин корхона ин камбудӣ бартараф карда мешавад.
Алишер Охунов, намояндаи «Фараж»:
- Оё бунёди шабакаҳои гармидиҳӣ назардошт шудааст ва дар фасли сармо таъминоти сокинон ба қувваи барқ дар ҳамон меъёри пештара нигоҳ дошта мешавад?
- Барои зимистонгузаронӣ ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ омода мегарданд ва миқдори зарурии ангиштро захира мекунанд. Сардори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Иброҳимзодаро вазифадор кардем, ки масъалаи таъминот бо барқро дар фасли сармо бо ташкилотҳои болоӣ корбарӣ намоянд.
Хайрулло Мирсаидов, намоянда аз «Азия плюс»:
- Саволи ман оид ба марказҳои фароғатӣ барои кӯдакон мебошад. Азбаски дар боғи фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ корҳои азнавсозӣ идома дорад, аттраксионҳои онро ба куҷо бурданд? Оё рост аст, ки дар Наврӯзгоҳ ба ҷои овардани аттраксионҳои нав меҳмонхона месозанд?
- Аттраксионҳои Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Хоҷа Камол ба боғи Fалаба оварда мешавад ва пас аз гирифтани иҷозатнома дар масоҳати 4 гектар онҳо шинонда мешаванд. Аз ҷониби соҳибкорон овардану васл намудани аттраксионҳои наву замонавӣ дар боғи Наврӯзгоҳ зери назорати мо қарор дорад. Мо назорат мекунем, то боғ вазифаи аслии худро иҷро кунад, ҳамеша ҷои фароғату истироҳати сокинон бошад.
Додохон Эгамзод, сармуҳаррири маҷаллаи «Ноҳид»:
- 15 сол пеш аввалин қомуси Хуҷанд бо забони русӣ аз чоп баромада буд. Дар ин муддат шаҳр рушд ёфт ва бевосита дар пешрафти иҷтимоиёту иқтисоидёти он насли дигар саҳмгузорӣ кардааст. Ҳоло вақти он расидааст, ки қомуси Хуҷанд аз нав бо забони тоҷикӣ нашр гардад…
- Таклифи хуб аст, бо пешниҳоди олимон маълумотномаи касоне, ки дар рушду нумуи шаҳр саҳм гирифтаанд, ба қомуси нав ҷой дода мешаванд. Шумо пешниҳод кунед, мо дастгирӣ менамоем.
Мукаррама Сатторова, намоянда аз рӯзномаи «Ризқофарин»:
- Дар мавзеи «Спутник» ҷои ҳузнангезе мавҷуд аст. Агар соҳибкоре онро обод кунад, боз як гӯшаи шаҳр назаррабо мегашт…
- Ин мавзеъ аллакай соҳибмулк гаштааст. Муовини Раиси шаҳр Муҳаммадӣ Давлатов вазифадор мешавад, ки ин соҳибкорро даъват карда, масъалаи обод намудани мавзеъро гузорад. Барои ин ба ӯ 10 рӯз мӯҳлат муқаррар карда шавад.
Ҷамшед Маъруфов, намоянда аз радиои «Пайванд»:
- Болоравии маблағи муассисаҳои томактабӣ то 80 сомонӣ кай муқаррар гардид?
- Танҳо бо розигии волидайн ба хотири ғизонокии хӯроки тарбиягирандагони муассисаҳои томактабӣ мо ба баланд кардани маблағ иҷозат дода будем.
Саидмухтор Ҷалолов, мудири шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд: доир ба ин масъала бо 5 ҳазор волидайн маҷлис гузаронидем ва 80 фоизи онҳо барои баланд бардоштани маблағи кӯдакистон розӣ шуданд. Вале азбаски аз беъзе оилаҳо то 3 фарзандашон ба боғча мераванд, инро ба назар гирифта, маблағи кӯдакистонро на 80, балки 60 сомонӣ муқаррар кардем, ки он аз ҷониби хадамоти зиддиинҳисорӣ тасдиқ шуд. Лекин то ҳоло ин нархнома ҷорӣ нашудааст, зеро аз ҷониби Раиси шаҳр аз ғози сол ба муассисаҳои томактабӣ 870 ҳазор сомонӣ аз буҷаи маҳаллӣ ҷудо гардид ва он то моҳи сентябр мавқуф гузошта шуд.
Муҳайё Холиқова, хабарнигори ШТР «Азия»:
- Чаро роҳи Душанбе-Чаноқ то охир асфалтпӯш нагаштааст?
- Азбаски кӯчаҳои Муҳиддин Аминзода, Муродии Хуҷандӣ, Белинский, Бахтиёр Ёқубов, Шота Руставели аз ҷониби идораи роҳсозӣ мумфарш гардид, таъмири роҳ муваққатан мавқуф гузошта шуда буд. ҳоло мумфаршкунии ин роҳ оғоз гашт ва рӯзҳои наздик он то охир таъмир мешавад.
Муҳаббат Мамадҷонова, намоянда аз телевизиони «Ҷаҳоноро»:
- Трансформатори барқии назди МТМУ№22, ки ба фалокати аз даст маҳрум гаштани духтарчае боис шуд, ҳоло ҳам дар ҳолати ғайри меъёрии техникаи бехатарӣ қарор дорад. Кай он ба талабот ҷавобгӯ мешавад?
Набиҷон Иброҳимзода: аз ин ҳолати рухдода мо воқиф ҳастем. Он замон қулфи дари трансформатор аз ҷониби шахси номаълум шикаста шуда буд. ҳоло он бо қулфи ҳозиразамони мустаҳкам маҳкам гардидааст, ки он хатаре ба саломатии одамон надорад.
Дилошӯб Орифзода, намоянда аз оҷонсии «Озодагон»:
- Сокини шаҳр Шарифов, ки аз Русия маҷрӯҳ гардида, ба ватан баргашта буд, оид ба гирифтани хонаи истиқоматӣ ба шумо муроҷиат кард. Он чӣ гуна ҳалли худро ёфт?
- Хоҳиши ин нафар иҷро гардида, ба ӯ аз маҳаллаи 32-юм хонаи дуҳуҷрагӣ дода шуд.
Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода аз намояндагони ВАО даъват кард, ки барои боз ҳам ободтару зеботар кардани шаҳри Хуҷанд ҳамкориро ба роҳ монанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...