(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt8 апрел дар рӯзи дуюми сафари кории худ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Истаравшан ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар деҳоти “Зарҳалол”-и шаҳри Истаравшан бинои нави Маркази дастгирии оила ва кӯдаки “Фарзанди Ватан”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо имконияти таълиму тарбия дар он шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2020 оғоз гардида, дар он шароити муосири таълиму тарбия ва табобат фароҳам оварда шудааст.

Маркази мазкур дар доираи истиқболи шоистаи ҷашни бузурги миллӣ — 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби фарзандони ҳамин диёр — академикҳои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯлмас Мирсаидов ва Маҳмудзода Маҳкам Аъзам бунёд гардидааст.

Дар Марказ барои зисту зиндагонӣ ва таҳсилу табобати 150 нафар кӯдаки ятиму бепарастор ва дорои бемориҳои гуногун шароит муҳайё карда шудааст.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, бино бо ҷалби сохтмончиён ва устоҳои маҳаллӣ сохта шуда, аз ду ошёна, таҳхона ва болохона иборат аст. Дар маҷмӯъ масоҳати истифодашавандаи бинои Марказ зиёда 1200 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Бино дорои долонҳои барҳаво, 5 ҳуҷраи корӣ, 4 ҳуҷраи хоб, 4 толор барои бозӣ ва машғулияти кӯдакон, 5 ҳуҷраи санитарӣ, ҳуҷраи қабули рӯзона барои хизматрасонии иҷтимоӣ ва тавонбахшӣ ва ошхона мебошад.

Саҳни ҳавлӣ ва боғу дигар биноҳои ёрирасони муассиса бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва соҳибкорони саховатпешаи диёр ободу зебо гардонида шудааст.

Дар саҳни ҳавлии Марказ 2 ҳавзи оби нӯшокӣ ва полезӣ бо ғунҷоиши 36 ва 12 метри мукааб, 1 майдонча барои бозӣ дар рег, 2 суҳбаткадаи баҳорӣ ва таваққуфгоҳ мавҷуд аст. Дар ҳудуди Маркази дастгирии оила ва кӯдак дар оянда сохтмони 1 майдончаи варзишии болопӯшида низ дар назар дошта шудааст.

Айни замон дар Марказ кӯдакон дар гурӯҳҳои рӯзона ва будубоши доимӣ нигоҳубин ва табобат карда мешаванд. Дар гурӯҳи рӯзона хизматрасониҳои иҷтимоӣ, ба монанди тандармонӣ, кордармонӣ, ташаккули малакаҳои худхизматрасонӣ, рушди нутқи кӯдакон ва омодагӣ ба мактаб ба роҳ монда шуда, айни ҳол ба 48 кӯдак хизмат расонида мешавад. Аз инҳо 26 нафарашон бо бемориҳои гуногуни ба табобат ниёзманд ва 17 нафари дигар бо ақибмонии зеҳнӣ ва инкишофи нутқ дар Маркази мазкур табобату таълим мегиранд.

Ба Пешвои миллат иттилоъ дода шуд, ки дар шуъбаи будубоши доимӣ 18 кӯдак тарбия мегиранд, ки синну соли онҳо аз 1 то 7-сола мебошад. Гузашта аз ин, хизматрасонии “Ташриф ба хона” ба деҳаҳои  атроф ва кӯчаҳои шаҳри Истаравшан ба роҳ монда шудааст ва мутахассисони Марказ бо оилаҳое, ки фарзанди носолим доранд, тарзи муносибат, машғулият ва анҷом додани корҳои табобатиро меомӯзонанд. Аз 48 нафар мутахассисе, ки айни ҳол дар Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан фаъолият мекунанд, 18 нафарашон дар Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон курси кӯтоҳмуддати такмили ихтисос гузаштаанд.

Дар гурӯҳи рӯзона дар дохили муассиса ва хонаҳое, ки бо хизматрасонии иҷтимоӣ фаро гирифта шудаанд, барои модароне, ки дар ҳолати душвори зиндагӣ қарор доранд ё танҳоӣ мекашанд ва зарурати нигоҳубини кӯдак ба миён меояд, хизматрасонии “Дамгирӣ”-и рӯзона ташкил карда шудааст.

Президенти мамлакат ҳангоми суҳбат бо мураббиён ва бошандагони Марказ маслиҳат доданд, ки имконоти фароҳамовардашударо самаранок истифода бурда, ҷиҳати тарбияи дурусти насли наврас, махсусан кӯдакони маъюб тадбирҳои муассир андешанд. Инчунин бо инобати иқтидори ҳозираи бинову иншооти сохташаванда маслиҳат дода шуд, ки дар оянда Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Истаравшан ҳамчун маркази байниноҳиявӣ истифода бурда шавад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...