(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо максади иштирок дар чорабиниҳои наврўзӣ ба «Боғшаҳри наврўзӣ»-и маркази вилоят-шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, фаъолон ва сокинони шаҳри Хуҷандро бо Наврўзи хуҷастапай табрику таҳният намуд.

Нахуст Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз намоиши дастовардҳои аҳли ҷомеаи Хуҷанди бостонӣ ошноӣ пайдо кард. Маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд дар растаи ҳунармандӣ маҳсули эҷод ва истеҳсоли хешро гузошта муаррифӣ намуданд. Таъкид гардид, ки ҳар як маҳаллаи шаҳри Хуҷанд аз қадимулайём бо хусусиятҳои хоси худ анвои гуногуни ҳунарҳои миллиро истеҳсол намуда, то ба имрўз асолати онро нигоҳ доштаанд. Идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бо муаррифии дастархони наврўзӣ ва урфу одатҳои қадимаи тоҷикон омодагии комили худро аз Иди Наврўзи байналмилал собит намуданд. Варзишгарони хуҷандӣ ки дар риштаҳои гуногун муваффақ шуданд, бо маҳорату санъати хеш намунаи олии тарбияи тану ҷон ва рўҳро ба маърази тамошо гузоштанд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба варзиши ҷисмонӣ ҷалб намудани наврасону ҷавононро амали нек арзёбӣ намуда, аз масъулини соҳа даъват ба амал овард, ки бо истифода аз имконоту василаҳо барои музаффарият расонидани варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ҷаҳд намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиивилояти Суғд ҷиҳати дастгирии лаёқатмадон ва варзишгарони парчамбардор омода аст.

Дар хаймаҳои наврўзӣ армуғонҳои наврўзӣ ва дигар намунаҳои ифодагари суннатҳои миллӣ мо ба маърази тамошо ва фурўш гузошта шуда буданд. Раҷаббой Аҳмадзода барои тавсеаи чунин нуқтаҳои хостаҳои сайёҳони хориҷию дохилӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Дар муаррифии устодон ва донишҷўёни муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд санъати миллӣ, урфу одат ва русуми тоҷикон дар рўзҳои таҷлили Иди Наврўзи байналмилал муаррифӣ карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни ирои номаи табрикотии худ бахшида ба Иди Наврўзи байналмилал аз ҷумла афзуд, ки боиси ифтихор аст, ки ҷашни Наврўз таҳти сиёсати дурандешона ва бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун падидаи хиради созанда, таҷассумгари фалсафаи таҳаммулгароӣ, сулҳу ваҳдат, ҳамзистии осоишта, нишони арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва анъанаҳои ниёгон ба аҳли башар муаррифӣ гардида, мақоми байналмилалиро соҳиб шудааст. Гузаштагони мо дар тўли таърихи дароз новобаста аз монеаҳои замон Наврўзро ҳамчун айёми бедоршавии табиат, оғози киштукор, баробарии шабу рўз, ҷашни пайвандбахши миёни табиату инсон, хайру эҳсон, накўкориву инсонпарварӣ, созандагиву бунёдкорӣ арҷ мегузоштанд ва ҷиҳати интишори суннату ойинҳои он талош меварзиданд. Дар ин бора, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Аҷдоди шарафманди мо бо вуҷуди монеаву мушкилоти зиёд Наврўзро на танҳо ҳамчун мероси муқаддаси гузашташтагони худ ҳифз кардаанд, балки онро ба сифати ойини башардўстонаву офаранда ба дигар халқҳои дунё ба таври шоиста муаррифӣ намудаанд».

Таъкид гардид, ки мардуми кишвари азизамон аз он ифтихор доранд, ки Тоҷикистон натанҳо ватани Наврўзи ҷаҳонӣ, балки Ватани ҷашнҳои дигари мардумӣ, аз қабили Сада, Тиргон ва Меҳргон аст, ки бо фалсафаи бузурги созандагии худ дар таърихи рушди тафаккури инсоният беш аз шаш ҳазор сол инҷониб нақши арзишманд мегузоранд.

Дар марҳалаи нави таърихи давлатдории мо – яъне дар замони соҳибистиқлолии кишвар мақоми ҷаҳонӣ гирифтани Наврўз имкон фароҳам овард, ки мардуми кишварҳои гуногуни олам аз фитрати офарандагии ин падидаи куҳани башарӣ огоҳ гардида, дар таҳкими ҳамзистии осоишта, тақвияти дўстию ҳамдигарфаҳмӣ, ки аслу моҳияти фарҳанги ахлоқии Наврўз аст, бештар таваҷҷўҳ намоянд.

Дар анҷоми суханронии худ Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки ҷашни Наврўзи байналмилалӣ соли равон бо таҷлили санаи фархундаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад ва ин падидаи фараҳбахш сокинони сарбаланди вилоятро водор менамояд, ки барои татбиқи иқдому ташаббусҳои бунёдкоронаи давлату Ҳукумат фаъолияти густурдаро ба роҳ монда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани арзишҳои фарҳанги миллӣ талош варзанд.

Аҳли санъати шаҳри Хуҷанд ба чорабинии идона ҳусни дигар зам намуданд.

Бояд қайд намуд, ки бори аввал соли ҷорӣ бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ бо иқдоми шаҳрдории Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар «Майдони ситораҳо»-и шаҳри Хуҷанд «Боғшаҳри наврўзӣ» бунёд карда шуд, ки дар меҳвари он дарахти сунъии зардолу бо баландии 15 метр, рамзҳои наврўзӣ ва дигар ороишоти марбут ба ҷашни Наврўз гузошта шуданд.

«Боғшаҳри наврўзӣ» аз 6 дарвоза ва деворҳои рамзии иҳотавӣ иборат буда, дар ин мавзеъ ҳамзамон хаймаҳои наврўзӣ ташкил гардида, тўҳфаҳои наврўзӣ ва дигар ниёзҳои ҷомеа ба фурўш гузошта шуданд.

Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳамсозии шароити созгор барои истироҳату фароғати сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд дар рўзҳои тантанаҳои идонаи Наврўзи байналмилалӣ амалӣ гардидааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...