(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори фарҳанги шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Гулбаҳор Назирӣ ба муҳассилини макотиби миёна доир ба таъсиси парлумон, фаъолият, рисолат ва уҳдадориҳои вакили парлумон маълумоти муфассал дода, аз ҷумла афзуд, ки таъсиси парламенти касбӣ яке аз зуҳуроти низоми демократии давлатдории навини мо мебошад, ки он дар таҳияву қабули қонунҳои ҷавобгӯ ба талаботи замон нақш ва мақоми муайянкунанда дорад. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум барои ворид шудани ҷараёни рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеа ба марҳилаи нав, волоияти қонун ва инкишофи парламентаризми тоҷик мусоидат намуда, бо фаъолияти намояндагиву қонунгузорӣ ва байнипарламентии худ дар миёни аҳли ҷомеаи кишвар ва берун аз он сазовори мақоми мустаҳкам гардид. Қобили тазаккур аст, ки дар тамоми комёбиҳо ва пешравиҳои соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши Маҷлиси намояндагон, қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қабулкардаи он равшан аён аст. Имрӯз кишвари тоҷиконро дар арсаи байналмилалӣ ва байнипарламентӣ дар баробари дигар дастовардҳои даврони истиқлолият бо парламент ва қонунҳои замонавиаш мешиносанд ва эътироф менамоянд.

Таъкид шуд, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ мутобиқи санадҳои зикргардида дар се самти асосӣ ҷарён гирифт: 1. Фаъолияти қонунгузорӣ: таҳия, баррасӣ ва қабули қонунҳо, қабул ва тасдиқи дигар ҳуҷҷатҳои меъёрю ҳуқуқӣ.2. Фаъолияти намояндагӣ: мулоқот бо интихобкунандагон, баррасии арзу шикоят, муроҷиат ва дигар пешниҳодот.3. Робитаҳои байнипарламентӣ ва хориҷӣ. Бояд зикр кард, ки фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар бахшҳои номбурда дар савияи баланди касбӣ ва дар асоси талаботи меъёрҳои муқарраршуда сурат гирифт.

Яке аз бахшҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон дар давоми даъват аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат буд, ки аз ҷониби субъектҳои ташаббуси қонунгузор пешниҳод мегардиданд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлиси вакилони халқи Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон пешниҳод шудаанд.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар ҷараёни даъвати панҷум қабулшуда барои пешрафти ҳарчи бештари ҷомеаи кишварамон заминаи комилан мусоидат фароҳам оварданд. Фаъолияти қонунгузорӣ ҳамчун бахши асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагон аз қабули қонуну қарорҳо ва дигар санадҳои муҳиме иборат аст, ки ҷиҳати инкишофи ҳарчи бештари тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳуриамон мусоидат менамоянд. Лоиҳаи қонунҳо мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 54 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун самари Созишномаи истиқрори сулҳи миёни тоҷикон, нахустин парламенти касбии тоҷик ва мактаби навини намояндагӣ ва қонунгузорӣ зуҳур намуда, ҷиҳати ҳарчи бештар таҳким бахшидани пояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушду нумӯи тамоми бахшҳои ҷомеаи Тоҷикистон саҳми арзанда гузошт. Вай ҷиҳати ба марҳилаи нав ворид гардидани рушду такомули ҷомеа дар асоси принсипҳои ҳуқуқбунёдӣ мусоидат намуд, дар амри ҳарчи бештар риоя шудани волоият ва эҳтироми қонун дар ҷомеа заминаи воқеӣ ба вуҷуд овард. Вай на танҳо дар муносибатҳои байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ марҳилаи нави ҳуқуқиро эҷод кард, балки дар шинохт ва эътирофи ҳарчи бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёду ягона аз ҷониби аҳли ҷомеаи олам саҳми шоиста гузошт. Ин мақом ҳамчун мақоми намояндагӣ бо оммаи васеи ҷомеаи Тоҷикистон фарогири робитаҳои мутақобила гардид. Вай ҳамчунин бо аксари мақомоти давлативу ҷамъиятӣ, хусусан шохаҳои дигари ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати арзёбии сифати қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, мавриди амал қарор гирифтани қонунҳо ва дигар махсусиятҳои марбут ба қонунҳо робитаҳои корӣ барқарор намуд. Бо таъсиси шакли думаҷлисаи Парламент имконоти равобити байнипарламентӣ ва берунии Маҷлиси Олӣ бештар гардид. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба узвияти чандин созмонҳои байнипарламентӣ пазируфта шудааст, ки ин амр дар густариши парламентаризм дар кишвари мо мусоидати комил менамояд. Ассамблеяи Байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи байнипарламентии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Иттиҳоди парламентии кишварҳои аъзои Конфронси исломӣ, Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Иқтисодии Евроосиё, Иттиҳодҳои парламентҳои Осиё барои сулҳ дар шумори он созмонҳое ҳастанд, ки Парламенти Тоҷикистон ба узвияти онҳо пазируфта шудааст. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси намояндагон Латвия, Озарбойҷон, Туркия, Белорусия, Югославия, Покистон, Эрон, Қувайт, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Корея, Хитой, Ҳиндустон, Япония ва дигар кишварҳои ҷаҳон ташкил ёфтаанд.

Сипас Гулбаҳор Назирӣ доир ба самтҳои муҳими Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ иттилоъи муфассал дод.

Дар ҷараёни мулоқот Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ва Наим Маликисломӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд иштирок ва баромад намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...