(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altҶашни Наврўз пастиву баландиҳои зиёдро дар масири таърих паси сар кардааст: душманони мардуми ориёӣ чандин маротиба кўшиш карда буданд, ки онро аз байн баранд, чандин нафар сарсупурдагони миллат ҷон ба каф гирифта, барои пойдории он мубориза бурдаанд. Хушбахтона, имрўз Наврўз ҷаҳонӣ гаштааст, ки ба қадри он бояд расид.

Доир ба асотири пайдоиши Наврўз хонандагони арҷманд маълумоти кофӣ дар даст доранд. Аммо на ҳама кас доир ба воқеа ва ҳодисаҳои таърихӣ, ки ба Наврўзу одатҳои он марбутанд, маълумоти кофӣ доранд. Дар ин мақола бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии асримиёнагии форсӣ-тоҷикӣ чанд воқеаро нақл мекунем, ки онҳо перомуни ҷашни бостонии Наврўз мебошанд.

Кўшиши бебарори дигар кардани ном ва вақти Наврўз Дар замони хилофати Аббосиён, соли 282 ҳиҷрӣ / 895 мелодӣ халифаи араб Муътазид хост, ки номи ҷашни Наврўзро дигар кунад. Онро на Наврўзи эронӣ, балки Наврўзи муътазидӣ номанд. Ҳамчунин санаи баргузор гаштани онро на дар якуми моҳи фарвардин, балки дар санаи ёздаҳуми моҳи ҳазирон қайд кунанд. Барои амалӣ гаштани ин кор вай супориш медиҳад, ки ба тамоми қаламрави кишвар мактуб фиристонанд ва номи Наврўз ба номи халифа пайваст гардад ва он дар моҳи ҳазирон, ки ба моҳи июн рост меояд, ҷашн гирифта шавад. Инро воқеаро дар китоби «ал-Комил» Иззудин Алӣ ибни Асир (ҷ.18. с.301) нақл кардааст. Муаллиф эълон гаштани чунин тадбирро ба хотири осон кардани супоридани хироҷ – як навъ андоз аз ҳосили рўёнида номидааст. Он замон мардум бо баробари фарорсии Наврўз хироҷ месупоридаанд. Наврўзи муътазидӣ дер давом накард ва он ба зудӣ аз байн рафт. Мардум боз Наврўзро дар оғози моҳи фарвардин – ҳамал ҷашн мегирифтанд.

Ин воқеа бозгўи он аст, ки ба таври маҷбурӣ ва бо сиёсат ҷашни мардумиро тағйир дода намешавад ва он боз ба асли худ бармегардад.

Ҳадяҳои наврўзӣ

Дар ҷашни Наврўз ба ҳокимону амалдорон ҳадя фиристодани зердастон кори маъмулӣ будааст. Чун ҳудуди кунунии Осиёи Миёна ва сарзамини Эронро арабҳо забт мекунанд ва амирони онҳо фармонравои ин минтақа мегарданд, ҳадяҳои ҷашни Наврўз ва Меҳргонро аз мардум қабул мекарданд. Гоҳо ҳокимони чашмгуруснаву ҳарис бо сўиистифода аз мансаби худ дар ситонидани ҳадяҳо ба зиёдаравӣ роҳ медоданд.

Яке аз хулафои араб – Умар ибни Абдулазиз, ки дар таърих бо адолати худ ном баровардааст, дар як мактубаш ба Уқба ибни Заръаи Тоӣ, ки масъули ҷамъоварии хироҷ буд, супориш додааст, ки ҳадяҳои Наврўзу Меҳргон ва дигар хароҷоти мардумро вазнин накунанд. Ҳамчунин дар ин мактуб ба мансабдор супориш дода шудааст, ки маблағҳои аз ҳисоби ҳадяи наврўзӣ ва амсоли инҳоро ба мардуми фақиру бечора тақсим карда диҳанд. Дар ин бора дар «Таърихи Табарӣ» (ҷ.9. с.3972) маълумот дарҷ гаштааст.

Подшоҳон на танҳо аз зердастон ҳадя мегирифтанд, балки ба онҳо худашон низ ҳадя медоданд. Ҳадяи наврўзии подшоҳон ба лашкариён зини чинӣ, асп ва дигар аслиҳаи ҷангӣ будааст. Аз хўрданиҳо ҳалво ва ширинӣ дар Наврўз ҳадя мегашт.

Олимон ва адибон ба подшоҳон асарҳои худро дар Наврўз ҳадя мекарданд. Дар таърихи тамаддуни мо чандин асарҳо ҳастанд, ки марбут ба тиб, фалакшиносӣ ва ғайра мебошанд, ки «Наврўзнома» унвон доранд. Ин ба хотири он аст, ки дар Наврўз ба подшоҳе тақдим гаштааст.

Подшоҳони Сосонӣ дар ҷашни Наврўз ва Меҳргон чунин одат доштаанд, ки ҷомаи зимистонияшонро дар Наврўз ба дарбориён ҳадя мекардаанд, яъне бо ҳамин роҳ ба баҳори нав расидани худро нишон медодаанд. Дар ҷашни Меҳргон бошад, либоси тобистонаашонро ҳадя медодаанд.

Сикка задании пул дар Наврўз

Наврўз дар баробари ҷашн будан лаҳзаи муҳим барои дуруст кардани корҳои давлатдорӣ ва иқтисодии мамлакат низ ба шумор мерафт. Дар замони Сосониён одати наврўзӣ чунон будааст, ки дар рўзи нахустини соли нав – Навакрўз ва ё Наврўз пулҳои тангаро сикка мезаданд. Он ҳамчун нишони оғози корҳои нав ба шумор мерафтааст. Имрўзҳо мебинем, ки дар дастархони ҳафтсини наврўзӣ сикка ва ё худ тангаро ҳам мегузоранд, ки он одат шояд боқимондаи сикказании замони Сосониён аст.

Бахшоиш дар иди Наврўз

Одатан, дар гузашта ҳангоми таҷлили Наврўз хонҳои бузург мекушоданд ва подшоҳон бошанд, мардуми оммаро бор дода, ба шокоятҳояшон посух мегуфтанд.

Дар ҷашни Наврўз гуноҳи ҳамдигарро мебахшиданд. Ба хусус, дар сари дастархони идона бахшоиши гуноҳон ба назар мерасид. Дар кутуби таърих овардаанд, ки дар замони Хусрави Анўшервон хони бузурги наврўзӣ густурда буданд. Подшоҳ ҳам дар он ҷо ҳозир буд. Ба назари подшоҳ мерасад, ки як нафар меҳмон ҷоми зарринро ба ҷайбаш меандозад, яъне медуздад. Ғайр аз подшоҳ касе, инро надида буд. Хусрав худро тавре вонамуд мекунад, ки ин корро надидааст. Шаробдори подшоҳ пай мебарад, ки як ҷоми тилло гум шудааст, ў ба ҳозирон хитобан мегўяд, ки касе аз ҷашнгоҳ дур наравад, то ки ҷоми гумшударо ёбанд. Хисрав ин ҳолро дида, даст ба бахшоиши гуноҳи меҳмони наврўзӣ мезанаду мегўяд: «Он кас, ки ҷомро гирифтааст, боз нахоҳад дод ва он кас, ки дидааст, боз нахоҳад гуфт».

Подшоҳ бо ин кирдораш меҳмонашро аз хиҷолат раҳо кард ва ҷурми дуздии ўро ба хотири ҷашни Наврўз бахшид.

Ришхарӣ дар Наврўз

Яке аз рисолатҳои ҷашни Наврўз тозагӣ ва зебоипарастӣ аст. Хонатаконӣ, партофтани чизҳои нолозим ва амсоли инҳо ба хотири таъмини тозагӣ амалӣ мегардиданд. Дар таърих ришхарии наврўзӣ ҳам ҷой доштааст.

Дар замони султон Ҳусайн Мирзо дар Хуросон марде будааст, ки риши ғўлаи дароз ва ғафс доштааст, ки бино бар навиштаи муаллифи «Бадоеъ-ул-вақоеъ» Зайниддин Маҳмуди Восифӣ аз он риш ҷўли шутур сохтан мумкин будааст. Ғафсӣ ва азамати риши ин мард ба тамоми мамлакат овоза гашта буд. Он мард бо риши азими худ дар дўкон нишаста мардумро ба моли дўконаш ҷалб мекардааст.

Дар фарорасии ҷашни Наврўз Султон Ҳусайн Мирзо Бойқаро ба амиронаш супориш медодааст, ки риши он мардро харидорӣ кунанд. Баъд аз харидани риш подшоҳ ба нақкошон супориш медодааст, ки он ришро ба мисоли думи товус ранг карда, нақшҳо кашанд ва ороиши хубе созанд.

Шояд ин амали хандаовар ба назар намояд, аммо Султон Ҳусайн Мирзо дар арафаи Наврўз ҳам марди ришғафсро намеранҷонид, ҳам мардумро аз касифии он риш наҷот медод ва ҳам аз риши ў чизи тамошобоб омода мекард.

Наврўз дар аҳди муғулҳо

Муғулҳо баъди он ки сарзамини паҳновари мардуми тоҷику форсро ба даст оварданд, ба Наврўз ҳамчун ҷашн муносибат мекарданд ва онро аз мардуми маҳаллӣ қабул доштанд. Вобаста ба ҷашни Наврўз муғулон маросими додани унвони «баҳодур»-ро роҳандозӣ карда буданд. Хонони муғул дар Наврўз ҷашн ороста, ба сарбозоне, ки сари душманро аз тан ҷудо кардаанд ва ё дар ҷангҳо корнамоиҳо нишон додаанд, унвони «баҳодур», яъне паҳлавонро медодаанд. Баҳодур минбаъд ҳамчун лақаби ифтихорӣ ба он сарбоз ва ё лашкаркаш илҳоқ мегардид.

Хонҳои муғул ҳангоми ҳукмронияшон анъанаи шоҳони Аҷамро, ки ба шуарову удабо ва умаро ҷомаи худро ҳадя мекарданд, идома доданд ва ин анъанаро тамоми хонҳои муғултабор дар Наврўз пайравӣ карда буданд.

Ҷаҳонгир ва дурӣ аз бемориҳо

Подшоҳони Ҳинд дар дарбори худ мисли кишварҳои Эрону Мовароуннаҳр Наврўзро сездаҳ рўз ҷашн мегирифтанд. Яке аз подшоҳони Ҳиндустон – Ҷаҳонгир завқи баланди зебоипарастӣ дошт ва намехост, ки ҳангоми дар ҷашни Наврўз савора ба шаҳр сайругашт карданаш беморони тоуну барас ва амсоли инро бинад. Аз ин хотир дар Наврўз беморон ва гирфторонро вай ба ташвиш меовард. Масъулон маҷбур буданд, ки ҳангоми сайругашти наврўзии Ҷаҳонгир беморонро аз кўчаҳо дур кунанд. Аз аҳли дарбор касе бемор бошад, худро ба подшоҳ нишон намедод. Чунин кирдори подшоҳ албатта ба беморон ва мардуми омма гоҳо писанд намеомад. Аз ин сабаб, баъзе шоирон ин одати наврўзии Ҷаҳонгирро ҳаҷв ҳам карда буданд.

Подшоҳони Ҳиндустон одат доштаанд, ки дар Наврўз филҳоро зебо оро медоданд ва ба ҷашнгоҳ мебаровардаанд. Ба филҳо лақабҳои бошаҳомат медодаанд, ба монанди Субҳдам, Фавҷсангар, Зинатсипоҳ, Бахтбаланд. Барои ба Наврўз омода кардани филҳо, ороиш бо занҷири тилло ва дигар зебоиҳо то ҳаштод ҳазор рупия харҷ мекардаанд.

Чашмаи шифои наврўзӣ

Ҷашни Наврўз оғози бедории табиат ва раҳоӣ аз бемориҳо ба шумор меравад. Дар таърихномаҳо овардаанд, ки дар маҳалле ба номи Кирбол кўҳе будааст, ки онро Ҷабали Раҳмат меноманд. Мардуме, ки гирифтори хунравӣ, дарди меъдаву рўда ҳастанд, чил рўз пеш аз Наврўз ба назди он чашма меомадаанд. Аз оби он истеъмол мекардаанд, ки хунравӣ ва дарди меъдаву рўдаро шифо мебахшидааст. Аммо сокинони худи маҳал, ки дар назди чашма зиндагӣ мекунанд ва оби онро доимӣ истеъмол мекунанд, қувваи шифобахшиашро эҳсос намекунанд. Занону мардони ба назди чашма ҷамъомада аз оби он ошомида, шифо меёфтаанду ба ҷашни Наврўз бо тани сиҳату хотири ҷамъ иштирок мекардаанд.


Ислом Раҳимов,
мардумшинос

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...