24 Февраль 2021
Недоступен ни однин перевод.
Имрӯзҳо дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки сокинони касбу кори гуногун ва кормандони ташкилоту муассисаҳо дар ҳудуди 22 маҳаллаҳои шаҳр ҳашарҳои дарахтшинонӣ ва сабзазоркунию гулшинонӣ муташаккилона ҷараён доранд.
Дирўз бо иқдоми занони фаъол, ходимони ҳизбию давлатӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии шаҳри Хуҷанд дар майдони ҳудуди МТМУ №10-и шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бех ниҳолҳои мевадиҳанда ва ороишӣ шинонида, ба кабудизоркунии муҳити атроф саҳмгузорӣ намуда, насли наврасро ба роҳи худшиносиву худогоҳӣ, ободии ватан ҳидоят намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд