(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Аҳмадзиё Сироҷ, раҳбари Раёсати умумии амнияти миллии Афғонистон рӯзи панҷшанбеи 18-уми феврал зимни суханронӣ оид ба натиҷаҳои "Конфронcи минтақаии мубориза алайҳи терроризм" ҳузур доштани дастаҳои ҷангии ташкилоти террористии Ҳизби наҳзати исломиро дар ҶИА тасдиқ кард.

Дар ин бора расонаҳои хабарӣ, аз ҷумла сомонаи радиои «Озодӣ» 19 феврали соли ҷорӣ  хабар доданд. Тибқи иттилои мазкур, раҳбари мақомоти амниятии Афғонистон аз мавҷудияти 6 то 10 ҳазор ҷангҷӯи хориҷӣ дар ин кишвар хабар дода, гуфтааст, ки дар миёни онҳо аъзоёни ТТЭ ҲНИ  низ ҳастанд.

Албатта паҳн шудани ин хабар як зарбаи ногаҳоние буд, ки бар сари террористони наҳзатӣ куфта шуд. Саркардаи ин ташкилоти хунхор акнун мисли мурғаки посухта худро ба ҳар тараф мезанаду аз ноилоҷӣ намедонад, ки чи кор кунад. Як баёнияи аблаҳонае ки раҳбарияти ТТЭ ҲНИ бо мақсади рад кардани изҳороти Аҳмадзиё Сироҷ интишор дод, наҳзатиҳоро бештар шарманда кард. Зеро ин баёнияи наҳзат як дуруғи навбатиест дар муқобили изҳороти аниқу дақиқи раҳбари ниҳоди амниятии ҶИА. Агар террористони наҳзатӣ дар шимоли Афғонистон мавҷуд намебуданд, ҳаргиз Аҳмадзиё Сироҷ чунин изҳорот намедод.

Аҳмадзиё Сироҷ, ки таъмини амнияти Афғонистонро бар уҳда дорад, зимни суханрониаш бо тамоми масъулият эълон кардааст, ки ҷангиёни наҳзатӣ дар қатори гуруҳҳои дигари террористии муқими шимоли ин кишвар ҳадафи аз ҳудуди ҶИА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто Чин интиқол додани ҷангро доранд.

Изҳороти мазкур дигар ягон ҷои шубҳаеро боқи намондааст, ки   ТТЭ ҲНИ то ҳануз дастаҳои ҷангию террористӣ дорад ва онҳо дар Афғонистон даст ба куштору террор мезананд. Мисоли равшани ҳолати мазкур фаъолияти “Ансоруллоҳ” аст, ки ҳамчун як қисми ТТЭ ҲНИ пештар ба минтақаи Моимайи Дарвози Афғонистон ҳамла карда, шумораи зиёди кормандони пулиси он ҷоро ба қатл расондаанд.

Дигар маълум аст, ки ТТЭ ҲНИ то ҳануз аз усули асосии фаъолияту муборизааш, яъне зуроварию хушунат ва террору ҷанг барнагаштааст. Раҳбарияти наҳзат аз аввали фаъолияти худ аз усули зуроварию хушунат кор мегирифт. Тибқи шоҳидии яке аз собиқадорони ТТЭ ҲНИ Аёмиддин Сатторов, ки дар филми мустанади “Хиёнат” оварда шудааст, раҳбарияти наҳзатӣ ба зердастонашон дастур медодаанд, ки “агар ба таври осоишта ҳукуматро гирифта натавонистем, бояд аз неруҳои ҷангии худ истифода кунем ва қудратро бо зуроварӣ ғасб намоем”.

Ҳануз дар соли 1993 тасдиқ шуда буд ва дар мусоҳибаи Раҳбарияти кишвар ҳам садо дода буд, ки ТТЭ ҲНИ ягона ҳизбест, ки дастаҳои ҷангӣ дорад ва ҳатто дар шаҳодатномаҳои аъзоёнаш дарҷ шудааст, ки онҳо иҷозати гирифта гаштан ва истифода кардани силоҳро доранд. Яъне ТТЭ ҲНИ на ҳизб, балки як гуруҳи ҷангию террористӣ аст.


Кайхусрави Субҳонзод,

ходими илмии АМИТ



Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...