(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҷлисгоҳи калони Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд доир гардид.

Чорабиниро директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла таъкид дошт, ки Давлату Ҳукумати мамлакат ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои ниёзманду осебпазири аҳолиро ҳамчун самти асосии сиёсати худ муайян намуда, фароҳам овардани шароити таҳсил ва кору фаъолиятро барои худ ҳадафи муҳимтарин қарор додаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдати шахсони яккаву танҳо, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, ғамхорӣ ба ятимону бепарасторонро аз фазилатҳои неки инсонӣ меҳисобанд. Дар ин замина давоми солҳои Истиқлолият бо мақсади нигоҳубини ятимон ва дар шароити хонаводагӣ ба воя расонидани кӯдакону наврасон садҳо нафар кӯдак аз ҷониби шахсони хайрхоҳ ба фарзандӣ қабул карда шудаанд ва шахсоне, ки бо меҳру муҳаббати беандоза ва эҳсону парасторӣ таълиму тарбияи кӯдакони ятимро ба ӯҳда гирифтаанд, амали савоберо ба анҷом мерасонанд. Дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо, дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва ятимону камбизоатонро дар шароити кунунӣ яке аз самтҳои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Таъкид гардид, ки дар ҳаёти ибратангез ва таълимоти пурарзиши гузаштагони соҳибтамаддуну хайрхоҳ ва башардӯстамон хайру некӣ, атову бахшиш, эҳсону дастгирии ҳоҷатмандону бебизоатон, ятимону бепарасторон мавқеи хосса дошта, одоби баланди ҷавонмардӣ маҳсуб мешавад. Андешаи классикони мо дар ин маврид чунин аст, ки ҳар касе, ки ба дигарон хайру эҳсон мекунад, гӯё ки онро барои хеш мекунад. Яъне ҳар хайру эҳсоне, ки ба дигарон мекунед, ба сӯятон боз хоҳад гашт, зеро инсонҳо узви як ҷисманд ва дар як хонаводаи сайёраи Замин зиндагонӣ мекунанду аз як ҳаво нафас мекашанд ва ғаму шодияшон таъсиргузор ба ҳамдигар хоҳад буд. Нодории як нафар нодории ҷомеа ва нодории ҷомеа нодории кулли одамизодро ба вуҷуд меорад. Бо ҳам будан, дастгири ҳамдигар будан дар маҷмӯъ неру ва дилгармӣ бахшидан ба инсоният аст.

Зикр гардид, ки яке аз ташаббусҳои Сарвари давлати мо дар оғози давлатдории худ таъсис, бунёд, эҳё ва обод кардани хона-интернатҳо барои бебизоатон, кӯдакистонҳои маъюбон ва ятимхонаҳо дар мамлакат буд. Аз ҳамон солҳои аввал то ба имрӯз соле чанд бор, хусусан дар рӯзҳои Иди саиди Фитр, Иди Қурбон, дар арафаи соли нави мелодӣ ва ғайра Пешвои миллати мо худашон бо дастовезу туҳфаҳо аз ҳоли ятимону маъюбону бебизоатони мамлакат хабар мегиранд ва пайваста барояшон ғамхориҳо зоҳир менамоянд. Аммо туҳфаи беҳтарин барои ин кӯдакони ноком на ин ҳадяҳоянд, ҳарчанд, ки онҳо ҳам нишотангезанд, балки навозишҳои падаронаи худи Пешвои миллатанд, ки самимона онҳоро ба оғӯш мегиранд.

Сипас, раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми вилояти Суғд Мӯсобек Мироватов баромад карда, аз ҷумла қайд намуд, ки мақсад аз гузаронидани ҷамъомад, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди дастгирии моддии ятимону бепарасторон ва фаҳмонидани моҳияи Паёми Пешвои муаззами миллат ба Маҷлиси Олӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон ба самъи донишҷӯён мебошад.

Маликшо Неъматзода, Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон зимни баромадаи худ дар назди донишҷӯён қайд намуд, ки дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон назаррас арзёби гардида, бо мақсади таъмини шароити зиндагии арзанда, рушду баркамол ва соҳибмаърифат гардидани онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аз тамоми донишҷӯён даъват ба амал оварда шуд, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо хубу аъло таҳсил намуда, ба халқу ватан содиқонаву софдилона хидмат намоянд.

Чанде аз донишҷӯён оиди дастгириҳои пайвастаи давлату ҳукумат, хосатан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ятимону бепарасторон андешаи худро баён намуданд.

Дар охири вохӯрӣ ба 15 нафар собиқадорони иттифоқи касаба ва 100 нафар донишҷӯёни ятиму бепарастор аз муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд туҳфаҳо супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...