(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори хурди раёсати Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Нишастро бо сухани ифтитоҳӣ директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар сохтори донишкада 4 факултет, 13 кафедра, 4 марказ ва 9 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Пешрафти таҳсилу тадрис ва баланд бардоштани сатҳи сифати таълим яке аз ҳадафҳои стратегӣ ва вазифаи муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, он дар радифи сохторҳои дигари марбут ба маорифи кишвар ҳамчунин тавассути муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия, танзим ва амалӣ сохта мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани нақшаҳову барномаҳо шуъбаи таълим бо ҳамбастагии дигар шуъбаҳову сохторҳои донишкада якчанд чорабиниҳоро ташкил ва гузаронид, ки мақсади он баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва рушди таҳсилоти олии касбӣ равона карда шуда буд. Барои ба нақшагирии вазифаҳои солона нақшаи кории шуъбаи таълим барои соли таҳсили 2020-2021 тартиб дода шуда тасдиқ гардид.

Дилафрӯз Саидӣ гуфт, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатии амалкунанда ва инчунин стратегияҳои давлатӣ ба таҳсилоти олии касбӣ вобаста, шуъбаи таълим дар нақша чорабиниҳои кории худ бандҳо ва қисматҳои барномаҳо ва стратегияҳои давлатиро ворид намуда, марҳила ба марҳила аз болои иҷрои ин барномаҳо назорати қатъӣ бурда мешавад. Самти асосии кори шуъбаи таълим ба барномаҳои давлатии ба монанди “Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, “Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ (2016-2020)”, “Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020” ва ғайраҳо равона карда шудааст.

Соли 2020 низ 115 нақшаи таҳсили корӣ ва 21 нақшаи таълими корӣ барои 21 ихтисоси зинаи бакалавриат, шакли таҳсили рӯзона таҳия ва истифода шудаанд. Дар донишкада дарсҳо дар шакли таҳсили рӯзонаи зинаи бакалавриат ба таври сиклӣ ва шакли таҳсили фосилавии зинаи бакалавриат ба таври муқаррарӣ гузаронида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишкада фаъолияти илмӣ аз рӯйи мавзӯъҳои нақшаи дурнамои КИТ барои солҳои 2019-2024 тасдиқ карда шуд. Нақша 14 мавзӯи илмиро аз рӯйи 6 самтҳои илм, аз ҷумла илмҳои техника ва технология, илмҳои табиӣ-риёзӣ, илмҳои педагогӣ, иқтисодиёт, илмҳои кишоварзӣ, ҷомеашиносӣ ва гуманитарӣ дар бар мегирад. Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии устодони донишкада асосан дар шакли корҳои илмӣ-тадқиқотии ташаббусӣ, ташкил ва гузаронидани семинарҳои илмӣ-назариявӣ, конференсияҳои илмӣ-амалӣ, маҳфилҳои илмӣ ва техникҳои ҷавон, иҷрои лоиҳаҳои инноватсионӣ, тайёр намудани мутахассисони дараҷаву унвонҳои илмидошта, ташкил ва роҳбарӣ намудани корҳои илмии донишҷӯён, ихтироъкорӣ ва чоп намудани асарҳои илмӣ (монография, мақолаҳои илмӣ) амалӣ карда мешавад. Ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада дар баробари адои вазифаҳои таълимӣ ва тарбиявӣ дар соли 2020 фаъолияти пурсамари илмиву тадқиқотӣ ба анҷом расонидаанд. Соли 2020 аз рӯйи 14 мавзӯъ корҳои илмӣ–таҳқиқотӣ гузаронида шуда, дар иҷроиши он 179 нафар омӯзгорону кормандони донишкада иштирок карданд, ки 89,1 фоизро ташкил менамояд.

Ғайр аз ин, 2 мавзӯи буҷавии фармоишӣ дар соли ҳисоботӣ иҷро шуда, ҳисоботи онҳо ба Шӯрои ҳамоҳангсозии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Моҳи октябри соли 2018 боз 5 лоиҳаи нав барои солҳои 2020-2023 ба шӯрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию тадқиқотӣ пешниҳод карда шуд, ки ҳоло ҳамаи лоиҳаҳо аз санҷиши экспертӣ бомуваффақият гузашта, ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо барои санҷиш пешниҳод карда шудаанд.

Соли 2020 дар самти ба даст овардани шаҳодатнома барои Донишкада хеле соли пурмаҳсул гардид. Аз рӯйи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотии иҷронамуда дар 2020 сол аз тарафи устодон 5 патент ва шаҳодатномаи зеҳнӣ аз он ҷумла 11 тадбиқи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба даст оварда шудааст.

Дар соли 2020 аз тарафи олимони донишкада зиёда аз 11 санадҳои татбиқ гирифта шуд. Соли 2020 аз тарафи омӯзгорони донишкада 259 мақола дар сатҳи гуногун чоп гардидаанд, ки аз онҳо 62 мақола дар маҷаллаҳои аз тарафи КОА эътирофгардида, 107 мақола дар маҷмӯаҳои конференсияҳои байналмилалӣ, 84 мақола дар сатҳи маҷмӯаҳои ҷумҳуриявӣ ва 7 мақола дар Scopus чоп гардидаанд.

Дилафрӯз Саидӣ вобаста ба корҳои тарбиявии донишкада маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки раёсат ва шўъбаи тарбияи Донишкада дар фаъолияти гуногунҷабҳаи худ дастуру супориш ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Қарорҳои Шўрои олимонро сармашқи кори худ қарор дода, дар амалӣ гардонидани онҳо тамоми кўшиш ва қувваю матонати худро равона намудааст.

Бобати тарбияи муҳассилин дар ҷараёни фаъолият Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи арзандаро дорад. Ин ҳуҷҷати бағоят муҳим, ки бо назардошти анъанаву суннатҳои арзишманди миллати тоҷик ва халқияту миллатҳои дигари Тоҷикистон таҳия гаштааст, ҷиҳати тарбияи ҷавонон дар рўҳияи арзишҳои волои башарӣ мавқеи арзишманд дорад. Он чун раҳнамои имрўзу фардои тамоми ҷомеа, аз ҷумла, устодону муҳассилини макотиби олии касбии Ҷумҳуриро дар боби амалӣ намудани барномаю тадбирҳои давлатии ин масъалаи аҳамияти бузурги иҷтимоию ахлоқӣ дошта ба иҷрои корҳои наҷиб тақозо менамояд.

Паёми Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи сохторҳои Донишгоҳ, Шўрои олимон, Раёсати донишкада, факултету кафедраҳо мавриди омўзиш ва таҳлили ҳамаҷониба ҷой дода шуда, мазмуну мўҳтавои он дар ҷаласаҳои сохторҳои зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Соли сипаридашуда дар умум дар донишкада беш аз 175 вохӯриву чорабиниҳои гуногунмазмун гузаронида шуданд, ки ба тарбияи сиёсӣ, ахлоқиву маънавӣ, маърифатӣ, хештаншиносиву худогоҳии миллӣ, ватанпарастӣ, масъулиятшиносӣ, касбинтихобкунӣ, зебоипарастӣ, варзишӣ, ҳаёти солим, гуманистӣ ва экологӣ равона шуда буданд.

Хобгоҳи донишкада ба пуррагӣ таъмир гашта, соҳиби 450 ҷой ва 8 ошхонаи замонавӣ аст. Дар хобгоҳ ҳамаи шароитҳои зист барои зиндагӣ, таълим ва истироҳат ба донишҷӯён муҳайё карда шудааст. Дар ошёнаи якуми хобгоҳ ҳуҷраи ҳунарҳои мардумӣ ва дарздӯзӣ барои духтарон ташкил карда шудааст.

Сипас дар қисмати саволу ҷавоб рӯзноманигорон доир ба ҳамкориҳои байналхалӣ, таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, ихтироъкорӣ, ихтисосҳои нав, тадбирҳои раёсати донишкада дар самти рушди тафаккури техникии донишӯён, курсҳои забономӯзӣ, таълифи дастурҳои таълимӣ, сифати таълиму тадрис, ташкили лабараторияҳои фаннӣ, фаъолияти донишкада дар давраи оғози пандемия ва саволҳо дода ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада роҷеъ ба суоли рӯзноманигорон оид ба муваффақияти гуногунҷабҳаи донишкада посух дода, аз ҷумла афзуд, ки сирри муваффаққияти донишкада аз иҷрои босамари дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи маориф мебошад. Ҳар як суханронӣ, баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо дастури раҳнамоӣ ва нақшаи фаъолияти рӯимизӣ аст. Яке аз самтҳои муваффақи донишкада ин фаъолияти пурсамари Парки технологӣ мебошад, ки барои ҳар чӣ бештари ҷалби донишҷӯёни соҳибзавқи донишгоҳ ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва ихтироъкориву инноватсионӣ нигаронида шудааст. Айни замон заминаи моддию техникии паркро, асосан, озмоишгоҳҳои кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология, ошхона, сехи дӯзандагӣ дар бинои факултети информатика ва энергетика, ки бо дастгирии донишкада сохта шудааст, устохонаи хизматрасонии компютерӣ ва устохонаи таълимии кафедраи автомобилҳо ва идоракунии нақлиёт ташкил медиҳанд. Дар мувофиқа бо роҳбарияти донишкада соли гузашта сохтани маркази истеҳсоли нонпазӣ дар назди кафедраи маҳсулоти хӯрока ва агротехнология дар назар гирифта шуда буд. Барои истеҳсоли маҳсулоти нонӣ таҷҳизоти лозима ба кор дароварда шуда, истеҳсоли маҳсулоти нонӣ ба роҳ монда шуд. Ҳоло маҳсулоти истеҳсолшуда дар ошхона ва ба донишҷӯён ба фурӯш бароварда шуда истодааст. Соли 2020 дар парки технологӣ курсҳои бозомӯзӣ, ба монанди “Дӯхти либос”, “Забони англисӣ” ташкил карда шуданд, ки донишҷӯён ба ин курсҳо иштироки фаъолона доранд. Барои дастгирии бизнес-идеяҳои донишҷӯён парки технологӣ озмун ташкил намуд. Дар озмун унвонҷӯён ва донишҷӯён иштирок намуданд. Аз байни ин озмунҳо 3 лоиҳа аз тарафи парки технологӣ маблағгузорӣ карда шуд.

Барои дастгирии идеяҳои инноватсионӣ озмуни дигар ташкил карда шуда, барои дастгирии 3 лоиҳа қарор қабул карда шуд:

- туҳфаҳои худсохт;

- таъмири трансформаторҳо;

- маҳсулоти дастии бофташуда.

Дар соли 2020 стансияи таъмири автомобилӣ фаъолияти худро ба роҳ монд. Минбаъд шаҳрвандони шаҳри Хуҷанд метавонанд аз ин хизматрасонӣ истифода баранд. Дар дохили стансияи таъмири автомобилӣ ду синфхонаи таълимӣ мавҷуд аст, ки минбаъд курсҳои омӯзишӣ ташкил намудан мумкин аст.

Парки технологии донишкада нақша дорад, ки бо корхонаву муассисаҳои гуногун қарордод оид ба иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ, омӯзишӣ ва истеҳсолиро ба анҷом расонад.

Айни замон масъалаи бастани шартномаи ҳамкорӣ бо мактабҳо ва корхонаҳои давлатӣ оид ба дӯхти либосҳои расмӣ дар назар аст.

Инчунин парки технологӣ имконияти хизматрасонии компютерӣ ва ҳадафи бастани шартнома бо корхонаҳоро дорад.

Дар анҷоми нишасти матбуотӣ Дилафрӯз Саидӣ, директори донишкада рӯзноманигоронро барои ҳамкории мутақобилан судманд даъват намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...