(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд фаъолияти яксолонаи худро бо ширкати иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода,Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд Зуфар Исмоилзода, аъзоёни кумиҷроияи шаҳрӣ, раисони ташикилотҳои ибтидоӣ, собиқадорон ва аъзои фаъоли ҳизб натиҷагирӣ намуд.

Ҳозирин пас аз тасдиқи рӯзномаи кори ҷаласа, ҳайати котибот, регламентӣ корӣ ба муҳокимаи масъалаҳои дар ҷаласа зикршуда пардохтанд.

Раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ оид ба фаъолияти ҳизбиёни шаҳр дар соли сипаришуда ҳисобот дод. Гуфта шуд, ки дар давраи ҳисоботӣ 1 ҳазору 120 нафар шахсони арзанда ба сафи ҳизб қабул шуданд. Айни замон шумораи ҳизбиён дар миқёси шаҳри Хуҷанд ба 18 ҳазору 657 нафар расидааст ва аз ин шумора 11 ҳазору 712 нафарро занон ва 7 ҳазору 970 нафарро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии аъзоён 8 ҳазору 944 нафар дорои маълумоти олӣ буда, 2 ҳазору 871 нафарро маълумоти миёнаи махсус ташкил медиҳанд. Даҳ ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ таъсис ёфта, бинобар сабаби фаъолият накардани баъзе аз корхонаҳо фаъолияти 4 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муваққатан боз дошта шуд. Айни замон ҳизбиёни шаҳри Хуҷанд дар 5 кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва 240 адад ташкилотҳои ибтидоӣ сарҷамъ шудаанд. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аъзошавӣ ба сафи ҳизб асосан аз ҳисоби кормандони соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг бештар ба роҳ монда шуда, танҳо дар як моҳи охири соли гузашта зиёда аз 400 нафар маорифчиён ба сафи ҳизб пайвастанд. Сафи аъзоёни ҳизб дар донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои касбии шаҳр аз 50 фоиз то 88 фоизро дарбар мегирад. Мавсуф дар идомаи ироаи ҳисобот оид ба ҳаракати аъзо ва муқоисакунии он, вазъи молиявии ҳизб, раванди баргузории интихобот, мубориза ҷиҳати пешгирии бемории Ковид -19, нақш ва мақоми занону ҷавонон дар пешрафти ҳаёти ҳизбӣ, фаъолияти вакилон, муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа ва омодагиҳо ба 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Пахтакор”,№ 5 Азимҷон Иброҳимзода, муовини сардухтури беморхонаи рақами 1 Саодат Аминҷонова зимни музокира аз корҳои анҷомдодаи фаъолияти вакилӣ ва нақши пизишкон дар раванди пешгирӣ ва мубориза бо бемории сироятии Ковид -19 ҳарф заданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баромад аз нақши ҳизбиён дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсӣ, раванди ободкориву созандагӣ дар шаҳри Хуҷанд, дастгирии шахсони имконияташон маҳдуд сухан ронда, баён дошт, ки дар самти баланд бардоштани ифтихории милли наврасону ҷавонон ва дар ин замина роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмӣ ва гирифтани пеши роҳи шомилшаввии ин қишри ҷомеа ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ бояд ҳизбиён аз ҳар вақта дида фаъолтар бошанд.

Дар баромади Зуфар Исмоилзода баён шуд, ки ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд мисли соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳангу иҷтимоиёт бояд ба фаъолияти ҳизбӣ таваҷҷуҳи бештар дошта бошанд. Номбурда дар идомаи суханронӣ нуктаҳои Паёми Сарвари давлатро ба риштаи таҳлил кашида, зикр сохт: “Сарвари давлат дар Паёми навбатии худ бо халқ будану таъмини зиндагии шоистаро рисолати ҳар як роҳбар дониста, баён доштанд, ки авлоду аҷдоди мо ободкору созанда буданд ва мо инро ба мерос гирифта ҳама якҷо бо заҳмати содиқонаву аҳлонаи худ то ҷашни мубораку муқаддаси сисолагии истиқлолу озодии Тоҷикистони маҳбубамон симои Ватани азизамонро то дурдасттарин гӯшаву канори он боз ҳам ободу зебо мегардонем. Воқеан ҳам дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозанд, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё намоем”.

Дар идомаи кори ҷаласа маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбии “Минбари халқ” ва “Сухани халқ” натиҷагирӣ шуда, нақшаҳои минбаъда тасдиқ шуданд. Ҳамзамон ба ҳайати аъзои кумиҷроия тағйирот ворид карда шуд.

Дар фарҷоми ҷаласа ба фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии кумиҷроияи вилоятӣ ва шаҳрии ҳизб тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...