(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.

Корхонаи нави истеҳсолӣ дар заминаи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи соҳибкори ватанӣ Ҷумъабой Абдулҳакимов бунёд гардидааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як моҳ аз 15 то 18 тонна маҳсулоти босифати ғизоиро дар бар мегирад. Дар корхонаи нави саноатӣ 22 нафар ба кори доимӣ ҷалб гардидаанд, ки аксари онҳоро занону бонувони маҳаллӣ ташкил медиҳанд. Бонувон хушнуд аз онанд,  ки бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуда, маҳсулоти бомаззаи ватанӣ истеҳсол менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар корхонаи навтаъсис аввалан нон бо шакли махсус ва тамъи хосса пухта шуда, баъдан коркард мегардад, ки аз он 6 номгӯй маҳсулоти босифат бо тамъҳои гӯшти мурғ, қаймоқ, кабутӣ, паниру сихкабоб ва ҳасибу моҳӣ истеҳсол мешаванд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки бо мақсади истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ ба корхона таҷҳизоти муосир аз кишварҳои Аврупо, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дастрас ва васлу насб гардидаанд.

Дар хати технологии замонавӣ маҳсулоти ордӣ бо унсурҳои иловагӣ то марҳилаи ниҳоӣ коркард ва банду баст мешавад, ки он дорои сифати баланд ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Бо дарназардошти он ки талабгорони ин навъи маҳсулот аксаран кӯдакону наврасон ва ҷавонон мебошанд, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба таркиб ва сифати он диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, масъулонро вазифадор карданд, ки дар раванди истеҳсолот ба сифатнокӣ таваҷҷуҳи асосӣ равона намоянд.  Зимнан ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки таркиби маҳсулоти нонӣ, аз орду равған, ширу шакар, обу намак, тухму қаймоқ ва дигар унсурҳои табиию маводи хушбӯйкунанда иборат аст.

Бояд гуфт, ки қаблан маҳсулоти коркардшудаи нонӣ аз хориҷи мамлакат ворид мешуд ва арзиши гарон дошт. Тӯли солҳои охир бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти олии давлат ва Ҳукумати мамлакат истеҳсоли ин навъи маҳсулот бо сифати баланд ба роҳ монда шуда, ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад, ки дар бозори истеъмолӣ рақобатпазир асту талабгорони зиёд дорад.

Пас аз шиносоӣ бо фаъолияти корхонаи истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи нави саноатӣ дидан карданд. Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат аз истеҳсоли маҳсулоти дигари ғизоӣ, ки дар натиҷаи коркарди картошкаи маҳаллӣ истеҳсол мешавад, иттилоъ доданд.

Гуфта шуд, ки дар сехи алоҳидаи тобеи корхонаи мазкур коркарди картошка ба роҳ монда шудааст ва аз он маҳсулоти хушсифату болаззат омода мегардад.

Дар заминаи татбиқи ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ва имтиёзҳои муқарраргардида ба соҳибкорони ватанӣ чунин корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ дар мамлакат, хусусан дар вилояти Суғд бунёд ва мавриди истифода қарор мегиранд, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти баландсифати ватанӣ, ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, сокинони зиёд ба шуғли доимӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамаи ин тадбирҳои муҳим ба хотири баланд шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ равона шудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкори ватандӯст ҷиҳати бунёди корхонаи нави тавлидотӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос намуда, барои боз ҳам афзоиш додани иқтидори истеҳсолӣ ва бештар намудани ҷойҳои нави корӣ маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...