(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt2 феврали соли 2021 сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Суғд аз шаҳри Хуҷанд оғоз гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқии шаҳри Хуҷанд ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маргарин ва равғани зарди Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” ва коргоҳи замонавии истеҳсоли гӯшти парандаи Фабрикаи мурғпарварии “Назар”, ки ҳарду ҳам аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова бо харҷи зиёда аз 5 миллион сомонӣ бунёд карда шудааст, оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни боздид аз раванди истеҳсоли маргарин ва равғани зард ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки коргоҳи мазкур дар асоси технологияи муосири соҳавии ширкатҳои бонуфузи кишварҳои пешрафтаи Аврупо фаъолият намуда, ҳадафи муассис таъмини бозори дохилӣ бо ин ду навъи маҳсулот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар коргоҳи нав дар як сол дар маҷмӯъ 360 тонна маргарин ва равғани зард истеҳсол мегардад, ки бо нишони молии “Субҳи заррин” дар банду басти ҷолиб, мутобиқ ба стандарту сифати сатҳи байналмилалӣ ба бозори истеъмолӣ пешниҳод карда мешаванд.

Дар ин коргоҳ аслан 10 намуди маргарин ва равғани зард аз 150 грамм то 10 кило истеҳсол ва банду баст гардида, мутахассисон тариқи воситаҳои нақлиёти махсуси яхдондор маҳсулоти тайёрро ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат интиқол медиҳанд.

Ашёи хом асосан аз корхонаҳои коркарди шири шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва як қисмаш аз хориҷи мамлакат дастрас карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Субҳи заррин” дастур доданд, ки ба сифати маҳсулот таваҷҷуҳи махсус равона намуда, ҳаҷми истеҳсолотро бо дарназардошти талаботи бозори дохилӣ марҳила ба марҳила афзоиш диҳанд.

Иқдоми дигари соҳибкори ватанӣ, ки дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат амалӣ гардид, таъсиси фабрикаи мукаммалу меъёрии парвариши чӯҷа ва коргоҳи истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда мебошад.

Бо мақсади таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ соли 2020 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Каромат Назарова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Фабрикаи парандапарварии “Назар” таъсис дода шуд, ки айни замон дар он зиёда аз 30 ҳазор сар чӯҷаи зоти бройлерӣ парвариш карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.

Дар соли равон бо бунёди боз ду иншооти дигар парвариши чӯҷа дар ин фабрикаи парандапарварӣ ба 100 ҳазор сар расонида мешавад.

Дар фабрикаи паррандапарварӣ ҷараёни технологӣ пурра автоматӣ буда, ҳарорати дохили парваришгоҳ, тозакунии ҳаво, додани обу ғизо тавассути технологияи компютерӣ амалӣ мешаванд.

Соҳибкори ватанӣ баъди бунёди фабрика азм гирифт, ки истеҳсоли гӯшти парандаро ба роҳ монад. Инак, коргоҳи забҳи паранда бо фарогирии коркард ва банду баст бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд, ки дорои хати технологии муосири туркӣ буда, ҳамаи марҳилаҳои истеҳсол то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати паранда пурра ба роҳ монда шудааст.

Дар коргоҳ барои қариб 50 нафар коргарону мутахассисони маҳаллӣ ҷойи нави корӣ таъсис ёфта, дар як моҳ бештар аз 100 тонна ва дар 1 сол зиёда аз 1 ҳазору 200 тонна гӯшти паранда истеҳсол карда мешавад.

Тамоми биною иншооти махсуси соҳавӣ, аз ҷумла барои забҳ, коркард, банду баст ва нигоҳдории гӯшти парҳезии паранда муҷаҳҳаз бо хату таҷҳизоти технологии муосир сохта шудааст.

Дар коргоҳ барои муайян намудани сифат озмоишгоҳ низ фаъолият мекунад ва аз ҷониби мутахассисон маҳсулоти тайёр бо мошинҳои махсуси яхдондор ба бозорҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дастрас карда мешавад.

Оянда бо таъмини бозори дохилӣ гӯшти парҳезии паранда бо банду басти мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои минтақа ҳам содирот карда хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҷо ҳамчунин Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти коргоҳи Фермаи парандапарварии “Назар” дидан намуда, ба сифат ва коркарди он баҳои баланд доданд ва иқдоми пешгирифтаи соҳибкоронро дар самти саҳмгузорӣ дар рушду нумӯи соҳа ибратбахш арзёбӣ карданд.

Таъкид гардид, ки оянда бо ворид намудани хатҳои нави технологӣ дар ин ҷо аз гӯшти паранда истеҳсоли чандин намуди маҳсулот ба роҳ монда мешавад.

Тибқи маълумоти масъулони соҳа имрӯз дар вилояти Суғд аз шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ фаъолияти зиёда аз 20-тои он махсус барои истеҳсоли гӯшти парҳезии паранда равона карда шудааст.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат дар самти бунёд ва ба истифода додани корхонаҳои парандапарварӣ натиҷаҳои босамар дод ва ба рушди соҳа такони ҷиддӣ бахшид. Дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот ба роҳ монда шуда, талаботи аҳолии ҷумҳурӣ бо маҳсулоти аълосифати ватанӣ таъмин гардид. Масалан, соли 2020 дар мамлакат истеҳсоли гӯшти паранда нисбат ба соли 2017-ум 4,5 баробар афзоиш ёфтааст ва ин нишондианда дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.

Ҷиҳати расидан ба нишондодҳои аз ин ҳам бештар соҳибкорони вилояти Суғд дар оянда бо таъсиси корхонаҳои парандапарварии нав истеҳсоли гӯшту тухмро афзоиш медиҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...