(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори раёсати ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти вакили Маҷлиси вакилони халқи виояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масчиди Сурх №5 Дилафрўз Саидӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Мулоқотро Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки чорабинии мазкур дар партави дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баргузор шуда истодааст, ки ҳадафи он шарҳ ва раванди татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, ҳамзамон истифодаи сарфакоронаи нерўйи барқ, самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷалби шаҳрвандон, аз ҷумла наврасон, ҷавонон, донишҷўён, омўзгорону устодон ба таълими динӣ ва иштироки онҳо дар расму оинҳои динӣ ва тақлидкорӣ ба либоси бегона, дастовардҳои Истиқлолият ва истиқболи сазовори ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Сипас, вакили Маҷлиси вакилони халқи виояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масчиди Сурх №5, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин раванд нишондиҳандаҳои рушду тараққиёти вилояти Суғд дар соли 2020 бозгўйи он аст, ким о дар марҳилаи рушд қарор дорем, зеро дар натиҷаи тадбирандешиҳо соли 2020 рушди соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 21,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 104,5 фоиз расонида шуд. Ҳиссаи маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят дар ҳаҷми умумии маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ 26,2 фоизро ташкил намуд. Ба таъсири омилҳои манфӣ нигоҳ накарда, дар соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 15,4 млрд. сомонӣ расонида шуда, суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо 117,4 фоиз таъмин гардид. Дар соли 2020 дар миқёси вилоят 107 корхонаву коргоҳи нав бо 1570 ҷойи нави корӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд. Дар самти истеҳсоли маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, бахусус коркарди маҳсулоти кишоварзӣ пешравиҳо назаррас мебошанд. Аз ҷумла, истеҳсоли консерваҳои меваю сабзавот ба 30,3 млн. қуттии шартӣ расонда шуда, суръати афзоиш 1,5 баробар таъмин гардид. Ҳамзамон, бинобар пеш омадани зарурат, баҳри пешгирии паҳншавии пандемияи коронавирус, дар корхонаҳои саноатии вилоят истеҳсоли ниқобу либосҳои муҳофизатӣ ва антисептикҳо ба роҳ монда шуда, дар маҷмӯъ то ин давра 5 миллиону 215,2 ҳазор адад ниқоби тиббӣ, 9531 адад либоси махсуси тиббӣ ва 341,3 ҳазор дона маҳлули антисептикӣ истеҳсол карда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 “Дар бораи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарори раиси вилоят аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тасвиб расида, нақшаи чорабиниҳо тасдиқ карда шуданд. Тибқи нақша дар вилоят бунёд ва таҷдиди 7190 иншооти ҷашнии истеҳсолию иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то ин давра 5990 иншооти гуногун ба истифода дода шуд ва нақшаи умумӣ 83,3 фоиз иҷро шудааст. Дар соли 2020 ҳаҷми умумии гардиши савдо 11 млрд. 54,2 млн. сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ 3 млрд. 282,4 млн. сомониро ташкил дод.

Дилафрӯз Саидӣ ҳамзамон роҷеъ ба масъалаҳои рўзмарра истифодаи самараноки нерўйи барқ изҳори андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 декабри соли гузашта дар машварати корӣ бо иштироки аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе, раисони вилоятҳои Суғду Хатлон, раисони ноҳияҳои пойтахт, раисони шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дигар сохторҳо дар қатори дигар масъалаҳо супориш доданд, ки дар ҳар шаҳру ноҳия бобати ҷоннок намудани тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ миёни мардум оид ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки неруи барқ ва ба таври қатъӣ пешгирӣ намудани исрофкорӣ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шаванд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои обии мамлакат дар фасли зимистон бояд ҳар оила, ташкилоту муассисаҳо, корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият низоми истифодаи сарфакоронаи неруи барқ ва пешгирӣ намудани исрофкории онро риоя намоянд.

Таъкид шуд, ки дастуру нишондодҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати мувофиқи захираву имконияти кишвар ба роҳ мондани истифодаи оқилонаву сарфакоронаи захираҳои энергетикӣ бо вазъи имрӯзаи на танҳо давлати мо, балки ҷаҳони муосир, ки бо буҳрони молиявию иқтисодӣ рӯ ба рӯст, мувофиқ меояд. Алалхусус, масъалаи ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои тафсандаи волфрамӣ. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба таври зайл омада буд: «Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион оиларо ташкил медиҳанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800-ваттаро давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12-соатӣ истифода намояд, он гоҳ давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад. Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад. Яъне, бо ба лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи неруи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии неругоҳи барқи иқтидораш 810 мегаватт баробар аст». Барои муқоиса: Неругоҳи барқи обии Бойғозӣ 600 мегаватт ва Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» 670 мегаватт иқтидори истеҳсолӣ доранд.

Зикр гардид, ки тамоми мушкилот осон мегардад, фақат ба шарте, ки агар ҳамаи муштариён аз барқ сарфакорона истифода баранд ва маблағи барқи истифода бурдаашонро сари вақт пардохт намоянд. Бале, барқ маҳсулот аст ва ягон маҳсулот ройгон ба даст намеояд. Фарқият дар он аст, ки барои дигар маҳсулот, ҳатто ҳар дақиқаи телефони мобилӣ, мову шумо маблағро пешпардохт мекунем. Яъне, аввал пулашро медиҳему баъд онро дастрас менамоем. Вале барқ насия дода мешавад, аввал онро мегирем, истифода мебарем ва баъд бояд маблағашро пардохт намоем. Аз ин рӯ, пардохти ҳаққи барқ нишонаи маданияти баланд ва аз гӯшаи виҷдони ҳар инсон аст. Дар ҳама кор, аз ҷумла истифодаи барқ ҳам сарфакор будан бояд низоми зиндагии мо бошад. Зеро аз ин ҳама ва ҳар кас манфиат мебинад. Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳоло ба шарофати заҳмати халқи соҳибмаърифату тамаддунсозаш ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст.

Дар анҷоми суханронии худ, вакили Маҷлиси вакилони халқи виояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Масчиди Сурх №5, директори ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Дилафрўз Саидӣ таъкид намуд, ки сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату якпорчагии мардуми шарафманди тоҷик имкон дод, ки мо маҷрои рушди иқтисоди миллиамонро ба куллӣ тағйир диҳем, барномаҳои нави давлатиро қабул кунем, сохтори давлатдориамонро, ки асоси онро принсипи адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад, таҳким бахшем, иқтидорҳои нави истеҳсолиро ба кор андозем, сокинони мамлакатро дар тамоми фасли сол бо нерӯи барқ таъмин кунем ва барои рушди минбаъдаи соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар шароит ва заминаи мусоид фароҳам оварем.

Интихобкунандагони ҳавзаи интихоботӣ доир ба масоили гуногуни ҳалталаб ба вакили Маҷлиси вакилони халқи вилоят муроҷиат намуда, посухҳои қаноатбахш гирифтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...