(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо садо додани Суруди миллӣ иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ ва вакилони шаҳрӣ оғоз гардид.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Сари баландӣ №20 Хайрулло Ғайбуллозода иҷлосияро ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро бо рўзномаи он шинос намуд.

Нахуст вакилони шаҳрӣ фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 73 “Дар бораи аз вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод намудани Муҳаммадзода Маъруф”-ро тасдиқ намуданд.

Сипас ба самъи ҳозирин матни фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 ноябри соли 2020, № 74 “Дар бораи иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин намудани Шарифзода Фирдавс” расонида шуд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанд дар назди вакилони шаҳр баромад намуда, барои боварӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин вазифаи пурмасъулият арзи миннатдорӣ баён карда, аз ҷумла зикр дошт, ки тамоми қувваю васила ва донишу таҷрибаи хешро барои ободӣ ва рушди шаҳри бостонии Хуҷанд сарф намуда, барои Ватан, миллат ва сарзамини аҷдодӣ содиқона хизмат хоҳад кард.

Сипас ҳисобот оид ба фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дар соли 2020 аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Аюб Раҳматзода ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сардори Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд Абдусалом Бобоҷонзода дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми даромад ва хароҷоти буҷети шаҳр барои соли 2020 ва қабули буҷети шаҳри Хуҷанд барои соли 2021 баромади муфассал намуд ва вакилони шаҳрӣ ҳисоботи буҷети шаҳри Хуҷанд дар соли 2019-ро баъди баррасии он тасдиқ намуданд.

Аз ҷониби Фирўза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009, № 600 “Дар бораи тасдиқи Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои солҳои 2010-2020” дар шаҳри Хуҷанд маълумоти муфассал дода шуд.

Дар ҷараёни иҷлосия ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, сиҳатии омма, ҳифзи табиат ва масоили оила ва занон ва ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Маҳастӣ”, № 2 Дилафрўз Саидӣ оид ба рафти иҷрои ваколати вакилӣ ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Сипас вакилон дар бораи пеш аз мўҳлат қатъ намудани ваколати вакилии вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии “Тиллокон”, №37 ва дар бораи таъин намудани интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум қарор қабул намуда, ҷиҳати ташкили комиссияи шаҳрии интихобот ба ивази вакили хориҷшудаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум масъулини дахлдор муваззаф гардиданд.

Сипас аз ҷониби вакилони масъалаҳои марбут ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ ва муайян намудани нархи ибтидоии объекти иҷора мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳамзамон “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Хуҷанд барои солҳои 2021-2025” қабул гардид. Зимнан якчанд адад қарорҳои қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тасдиқ карда шуданд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба масъалаҳои баррасишуда дар иҷлосия изҳори андешаронӣ намуд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд дар анҷоми иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум баромад намуда, аз вакилони шаҳрӣ даъват ба амал оварда, аз ҷумла зикр дошт, ки дар фаъолияти ҳаррўзаи худ ҳамчун намояндагони халқ ба масъалаҳои асосии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум таваҷҷўҳи бештар зоҳир намоянд ва бо ин васила ҳамкориро бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр густариш диҳанд.

Фирдавс Шарифзода ҳамзамон ҷиҳати роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади бо дастовардҳои назаррас истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмини иҷрои нишондиҳандаҳои асосии Дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр барои солҳои 2020-2022 ва иҷрои нақшаҳои пешбинишуда вобаста ба корҳои бунёдкориву созандагӣ, андешидани чораҳои мушаххас доир ба таъмини нақшаҳои буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ, кам кардани бақияи қарзи андоз ва суғуртаи иҷтимоии давлатӣ, сари вақт пардохтани нафақа, зиёд кардани шумораи кормандони маошгири соҳаҳои иқтисодиёт тавассути муайян ва ба ҳисоботи оморӣ ворид кардани шуғли ғайрирасмӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави кории мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ, корбарӣ дар самти ҷалби сарчашмаҳои бо андозбандӣ фарогирифтанашуда ва истифодаи шароити мавҷуда, ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нишондиҳандаҳои ҳармоҳаи буҷет, инчунин пешгирии истифодаи ғайримақсади маблағҳои буҷетӣ, андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати идома додани фаъолият дар самти азнавсозии кўчаву хиёбон, сохтмони маҷмааи фаввораҳо дар ҷойҳои истироҳати мардум, таъмиру тармими роҳравҳо, тоза намудани соҳили дарё, каналу ҷўйборҳо, чароғонкунии кўчаҳо, гузоштани қуттиҳои партовҷамъкунӣ дар нуқтаҳои муқарраршуда ва шинондани гулу буттаҳои дарахтони ҳамешасабз дар қадди роҳҳо ва боғҳои фарҳангию фароғатӣ, корбарӣ ҷиҳати тайёр намудани ниҳолҳо, кўчату қаламчаҳои гулҳо баҳри сари вақт оғоз намудани маъракаи ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳолӣ ва бо ин васила тибқи меъёр ва қоидаҳои агротехникӣ ташкил намудани маъракаи имсола ва дигар масоили рӯзмарра масъулини дахлдорро вазифагузорӣ намуд.

Бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...