(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Фирдавс Шарифзода нахуст ҷавнонро бо фарорасии Соли нави мелодӣ таҳният гуфта,онҳоро барои фараҳманд гардиданашон ба стиендияи Раиси шаҳр муборакбод намуд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ифтитоҳ намуда, ҳозиринро бо рӯзномаи он ошно сохт.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Шўро ду масъала: “Дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардидаанд” ва “Тасдиқи Нақшаи кори Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд барои соли 2021” мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.

Фирдавс Шарифзода гуфт, ки фаъолияти Шўрои кор бо ҷавонон дар назди Раиси шаҳри Хуҷанд ва ҷаласаи имрўза бори дигар шаҳодат аз он медиҳад, ки сиёсати давлатии ҷавонон дар меҳвари сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Аз ин лиҳоз, масъулинро зарур аст, ки бо ин қишри созандаи ҷомеа ба таври мунтазам, самарабахш ва бо истифода аз усулҳои муосиру таъсирбахш чорабиниҳои мақсаднок амалӣ намоянд. Маҷмўи тадбирҳои андешида дар доираи сиёсати давлатии ҷавонон бояд аз нигоҳи манфиатнокӣ ва касбӣ ба таври ҷиддӣ тарҳрезӣ гардида, баҳри беҳтар намудани шароити зиндагӣ, таҳсил ва фаъолияти меҳнатию ҳаёти фарҳангии ҷавонон мусоидат намояд.

Сипас, аз руйи масъалаи аввал: “Дар бораи рафти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шўрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни баргузории ҷаласаи Шўрои миллии кор бо ҷавонон баён гардидаанд” мудири бахши кор бо ҷавонони шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар ин самт якҷоя бо сохторҳои дахлдор баҳри иҷрои нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Шӯрои миллии кор бо ҷавонон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чораҳои амалӣ андешида шуданд. Воқеан ҳам ҷавонон қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, шумораи умумии ҷавонони шаҳри Хуҷанд дар соли ҷорӣ ба 61 ҳазору 900 нафар расид, ки аз ин миқдор 30 ҳазору 900 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади расонидани мазмуну моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҳудуди шаҳр, мактабҳои варзишӣ, кўчаву маҳаллаҳо, маркарҳои савдо ва қисмҳои низомӣ мулоқоту вохўриҳо, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳи баргузор гардиданд, ки дар ҳар як чорабинӣ аз 150 то 300 нафар ҷавонон ва сокинон фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон 40 аксияҳову ҳамоишҳои тарғиботӣ – ташвиқотӣ ва иттилоотӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон амалҳои ифротгароиро маҳкум мекунем!”, “Тарзи ҳаёти солим – интихоби мо ҷавонон!”, “Танзим баракати зиндагӣ!”, “Барои Ватани маҳбубамон хизмат мекунем!”, “Ба Пешвои худ содиқ мемонем!” ва “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат!” баргузор гардида, 14650 нафар дар аксияҳои мазкур иштирок ва 9800 дона маводҳои тарғиботӣ ва варақаҳои иттилоотӣ дастраси аҳолӣ гардид. Бо мақсади таъмини иштироки фаъолонаи ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ аксияи тарғиботӣ - ташвиқотӣ таҳти унвони “Ширкат дар интихобот масъулияти ҳар як шаҳрванд аст!” бо доираи васеи ҷавонони касбу кори гуногун ташкил ва баргузор гардид. Волонтёрон ва ҷавонони фаъол корҳои фаҳмондадиҳиро миёни навинтихобкунандагон, сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногун ба роҳ монда, варақаҳои иттилоотӣ, маълумотномаҳо ва дастурҳои истифодаи умумро ба тақсим ва дар ҷойҳои серодам насб намуданд.

Абдувосит Ғафуров таъкид намуд, ки бо мақсади ҷалби ҷавонон ба корҳои ободонию хуррамгардонӣ, ба ин васила тарбия намудани онҳо дар рўҳияи меҳнатдўстию созандагӣ, сазовор таҷлил намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи эълон гардидани 1300 рўзи ободонӣ, 100 рўзи ниҳолшинонӣ таҳти унвони “Мо ҷавонон ин Ватанро сабзу хуррам мекунем!” 26 маротиба шанбегиҳо, ҳашарҳои дастаҷамъона ва корҳои тозагиву ободкорӣ бо иштироки зиёда аз 2400 нафар ҷавонону варзишгарон баргузор гардида, оромгоҳҳо, боғҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, кўчаву хиёбонҳо, ҳудуди муассисаҳои варзишӣ, соҳили дарё ва ҷўйбору майдонҳо тоза карда шуданд.

Сипас, оид ба масъалаи мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Мирзоҷон Мирзобоев, табиби ҷавон аз таваллудхонаи шаҳри Хуҷанд Фарида Ҳасанзода, докторанти Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Шодмон Нурматов ва гирандаи Стипендияи Президентӣ Фарангис Атохўҷаева ва дигарон баромад намуда, андешаҳои хешро баён доштанд.

Бо мақсади таъмини самаранокии кори Шўро аъзои он нақшаи мушаххаси кориро барои соли 2021 баъди баррасӣ тасдиқ намуданд.

Фирдавс Шарифзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Шўрои кор бо ҷавонони назди Раиси шаҳри Хуҷанд ҷаласаро ҳусни анҷом бахшида, таъкид дошт, ки ҷавононро лозим аст, ки бо истифода аз тамоми имконият ва шароите, ки давлат ва Ҳукумати мамлакат барояшон дар таҳсил, кору фаъолият, фароғату беҳдошти сатҳи зиндагӣ омода ва пешниҳод менамояд, самаранок истифода намуда, пеш аз ҳама сатҳи дониш ва маърифатнокии худро боло бардоред, ташаббускору созанда бошанд. Пайваста дар роҳи ташаккули ҳаматарафа ва солимии ҷисмониву маънавии худ кўшиш ба харҷ дода, бо ҷидду ҷаҳди комил дар роҳи дуруст тарбия ва ба камол расед. Дар ин раванд лозим аст, ки тамоми ҳастӣ ва нерўи ҷавонии худро барои саодати миллат ва ободии диёр равона намудан кӯшиш намоед. Ҷиҳати мунтазам баргузор намудани озмунҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи тарбияи ватандўстии ҷавонон ва таъмини фаъолонаи иштирокчиёни он саҳмгузорӣ карда шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...