12 Июн 2014
Дар расми кушоди чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов сухан ронда, аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли иштирокдорон ва саҳмгузорони ин фестивали умумишаҳриро табрик намуд. Намояндаи Агентии назорати зидди маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шӯҳрат Абдуллозода низ ба сухан баромада, иттилоъ дод, ки ҷамбасти фестивали мазкур санаи 25 июн бо баргузории намоиши оммавии умумишаҳрӣ хотима меёбад.
Дар мусобиқа намояндагони тамоми мактабҳои варзишӣ, дастаҳои алоҳида ширкат менамоянд.