27 Ноябр 2020
Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мулоқоти муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода бо донишҷӯёни фаъоли донишгоҳ баргузор гардид.
Зимни мулоқот Фирӯза Нуруллозода қайд кард, ки бо ҳидоят ва дастгириҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар самти дастгирии ҷавонон тадбирҳои ҳадафманд андешида шуда, ба ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Илова шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир мураккаб гардида, гуруҳҳои манфиатҷу ба ҳар роҳу восита хостори амалӣ намудани нақшаву ниятҳои нопокашон мебошанд. Хуруҷи бемориҳои сироятӣ аз мушкилии дигари доғ гардидааст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст сарҷамъу муттаҳид гардида, дар солимии миллат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои давлатӣ саҳмгузор бошанд.
Сипас, мудири бахши ҷавонон ва варзиши МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Абдувосид Ғафуров доир ба сиёсати давлатии ҷавонон, эҳтирому гиромидошти арзишҳои миллӣ, соҳибихтиёрӣ ва якпорчагии давлат, таҳдиду хатарҳои замони муосир, хусусан, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва пайомадҳои ногувори онҳо ба саломатии аҳолӣ ва зуҳуроти номатлуби терроризму экстремизм, ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон ибрози андеша кард.
Дар интиҳо қайд гардид, ки донишҷӯёни ДДҲБСТ ҷавонони ташаббускору серғайрат буда, дар амалӣ намудани дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва ҳифзу ҳимояи арзишҳои милливу дастовардҳои даврони Истиқлолият нақши муассир доранд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд