(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд ҷаласаи фаъолони шаҳр аз руйи натиҷаҳои ҷамъбасти 9 моҳаи соли ҷорӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва бо иштироки муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ баргузор гардид.

Фируза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд роҷеъ ба ҷанбаҳои фаъолияти хоҷагии халқи шаҳр дар 9 моҳи соли равон маълумоти муфассал дода аз ҷумла афзуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як силсила чораҳои амалӣ андешида шуд.

Таъкид гардид, ки маркази вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, ки ҳамчун пешбарандаи намунавии тамоми арзишҳо, дар самти суботи ҳамзамони ҳадафҳои стратегии кишвар ва корҳои созандагӣ дар маркази диққати ҳамарўза қарор дошта, аз натиҷаи нишондиҳандаҳои иқтисодию иҷтимоии он некўаҳволӣ ва сатҳи иҷтимоии сокинон вобастагии рўзафзун дорад. Ҳамзамон, тазаккур дода мешавад, ки дар қатори дигар давлатҳои ҷаҳон бемории сироятии коронавирус «Covid - 19» ба ба сокинони шаҳри Хуҷанд низ таъсири хавфноки худро расонида истода, дар як вақт вазъи иқтисодию иҷтимоиро коста гардонида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки дар ин давраи ҳассос кўмаки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳмати ҳамарўзаи Раиси вилояти Суғд хело назаррас буда, он барои пешгирии саривақтии сироятшавии сокинон ва табобат аз ин беморӣ хеле муҳим ва зарурӣ ба ҳисоб меравад.

Дар ин самт аз ҷониби кормандони соҳаи тиб ва дигар сохторҳои марбута бо истифода аз тамоми имкониятҳо ва кўмакҳои расонидашуда, чораҳои саривақтию таъхирнопазир андешида, дар натиҷа имрўзҳо шиддати сироятшавӣ аз ин беморӣ рў ба коҳиш оварда истодааст.

Маврид ба зикр аст, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ин марҳилаи ҳассос ба рўҳафтодагӣ роҳ надода, бо нангу номус ва ҳисси ватандўстӣ ҷиҳати сари вақт бартараф намудани масъалаҳои ҳалталаби зарурӣ вобаста ба омода намудани тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ баҳри пешгирии касалии сироятӣ, таъминоти муассисаҳои табобатӣ бо маводҳои зарурии муҳофизатию доруворӣ, безараргардонии мавзеъҳои шаҳр, таъминоти мунтазам бо озуқаворӣ ва корҳои тарғиботию ташвиқотӣ байни аҳолӣ ҷиҳати худмуҳофизатӣ аз сироятёбӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳо сарҷамъона ҳиссаи босазо гузоштанд.

Сарфи назар аз мушкилиҳои пешомада, саноатчиёни шаҳр бо дарки масъулият фаъолияти бомароми коргоҳҳои худро ба роҳ монда, барои коҳиш наёфтани нишондиҳандаҳои ин соҳа, ҳиссагузорӣ намуда истодаанд.

Дар натиҷа, мувофиқи нишондиҳандаҳои оморӣ ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолгардида ба 1047,5 миллион сомонӣ расидааст.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки қисми таркибии ин нишондиҳанда аз ҷумла, аз ҷониби корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 397,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардида, он нисбатан 21,9 фоиз зиёд ва корхонаҳои хизматрасонии соҳаи саноат 145,2 млн. сомонӣ ё 18,1 фоиз зиёд шудааст. Мувофиқи баҳисобгирии оморӣ дар қисмати ҷамъбасти тадқиқотии ин соҳа 505,2 млн. сомониро ташкил намуда, дар натиҷа он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 1,1 фоиз ё 5,5 млн. сомонӣ зиёд гардидааст.

Дар ин давра аз тарафи 17 корхонаҳои саноатии шаҳр ба маблағи 194,0 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шуда, ҳиссаи он дар маҷмўи маҳсулоти саноатӣ 36,5 фоизро ташкил медиҳад.

Инчунин аз ҷониби 64 адад корхонаҳои хурду калон маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот ба маблағи 309,1 млн. сомонӣ истеҳсол гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 65,8 млн. сомонӣ ё 27,0 фоиз зиёд мебошад.

Дар корхонаҳои шаҳр ҳаҷми 59 намуд маҳсулотҳо нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 100,0 фоиз таъмин карда шудааст.

Боиси қайд аст, ки дар давраи паҳншавии касалии сироятӣ баҳри таъминоти аҳолӣ ва муассисаҳои тандурустӣ фавран аз ҷониби 13 корхонаҳои саноатӣ ба монанди: ҶДММ “Ҷавонӣ”, “САТН”, “Сано”, “Зиннат”, “Нассоҷи Хуҷанд”, “Текстил и Ко”, “Олимхони Хуҷандӣ”, “Сирдарё”, “Чои Шифо”, “ММК”, “Давои Сино 70”, “Сайхун” ва “Қолинҳои Сомон” зиёда аз 4,2 млн. дона ниқобҳо, либоси махсуси тиббӣ ва маводҳои антисептикӣ ба маблағи зиёда аз 47,0 млн. сомонӣ истеҳсол карда шуд, ки қаблан онҳо аз хориҷи кишвар ворид мегардиданд.

Фируза Нуруллозода иттилоъ дод, ки дар ин давра ҳаҷми маблағгузории асосӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои молиявӣ 171,7 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 149,6 миллион сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст. Ҳаҷми фондҳои асосии ба истифода дода шуда, аз ҳамаи сарчашмаҳо 105,3 млн. сомониро ташкил дод, ки он нисбат ба соли сипаригашта 99,5 фоизро ташкил дода, ба ҳар як сари аҳолӣ 571,4 сомонӣ рост меояд. Дар ин давра аз тарафи корхонаҳои пудратӣ ҳаҷми корҳои ба сомон расонидашуда дар қиёс ба соли сипаригашта 19,2 фоиз кам шуда, ҳаҷми он ба 116,6 млн. сомонӣ расидааст. Бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳр давоми нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар асоси 98 банди нақшаи чорабинӣ корҳо амалӣ шуда, 6 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 3 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 5 маркази хизматрасонӣ, 8 бинои истиқоматии баландошёна ва зиёда аз 106 нуқтаи савдою хизматрасонӣ ва дигар иншоотҳои гуногун ба маблағи 135 миллиону 152 ҳазор сомонӣ бунёд гардида, дар ин замина 650 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд.

Дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 961 адад Зикр гардид, ки дар шаҳр ҷиҳати такмили соҳаи маориф чораҳои ҳамарўзаи муҳим андешида шуда истода, дар 95 мактабҳою кўдакистонҳои давлатию хусусӣ ва маркази таҳсилоти иловагӣ 43 ҳазору 419 нафар хонандагон ва 8 ҳазору 226 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, ба онҳо 2 ҳазору 491 нафар омўзгорону мураббиён дониш меомўзонанд. Ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва малакаи омўзгорони фаннӣ дар соли ҷорӣ 343 нафар омўзгорони фаннӣ ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курси такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф гузаштанд, ки он 84 фоизи нақшаи солонаро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимӣ 18 адад компютер, 3 адад принтер, 3 адад тахтаи электронӣ ва 4 адад проектор харидорӣ карда шуд. Айни замон, дар 49 муассисаҳои таълимӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1610 компютерҳо, 220 адад принтерҳо, 171 адад тахтаи электронӣ ва 215 адад проектор мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд. Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, №АП-1339 аз 5 феврали соли 2020 озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, фаъолгардонии доираи забондонӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии хонандагон дар байни тарбиятгирандагон ва хонандагони мактабҳои таҳсилоти миёна ташкил ва гузаронида шуд. Дар озмунҳо аз 122 нафар ғолибони даври муассисавӣ иштирок намуда аз онҳо 24 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҷодаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа чораҳои судманд андешида шуда, шумораи занон дар ҳайати роҳбарикунандаи шаҳр 1 ҳазору 216 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин миқдор дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳр аз 40 нафар намояндагони мардумӣ ҳамагӣ 15 нафар, яъне 37,5 фоизро занҳо ташкил медиҳанд. Инчунин аз ҳисоби занони шаҳр 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар вакилони Маҷлиси халқи вилояти Суғд мебошанд. Дар мансабҳои хизмати давлатӣ бошад аз 61 нафар хизматчиёни давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 26 нафар занон, яъне 42 фоизро ташкил дода, ба мансабҳои роҳбарикунандаи хизмати давлатӣ 7 нафар занон фаъолият мебаранд.

Баҳри иҷрои нақшаи амали Барномаи давлатии «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» дар 22 маҳаллаҳои шаҳр донишгоҳҳои олӣ, коллеҷҳо, ҷомеаҳои меҳнатӣ муассисаҳои таълимии шаҳр зиёда аз 30 маротиба бо иштироки занону ҷавондухтарони фаъол аз соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ бобати масъалаҳои мубрами ҷомеа, аз ҷумла оила ва оиладорӣ, муносибати зан бо шавҳар, арўс бо хушдоман, пешгирии никоҳи хешутаборӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии бемории ВНМО, баробарҳуқуқии зану мард, пешгирии зўроварӣ дар оила, барпо намудани муносибатҳои хуб байни ҷомеа, оила, хусусан ҷавонон, мардҳо ва занҳо, волидайн ва фарзандон вохўриву мулоқотҳо баргузор гардиданд.

Қайд гардид, ки бо мақсади ҷалби бештари аҳолӣ, хусусан наврасону ҷавонон ба варзиш дар ҳудуди шаҳр зиёда аз 300 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 7 варзишгоҳ, 185 майдончаҳои варзишӣ, 68 толори варзишӣ, 4 ҳавзҳои шиноварӣ, 37 иншооти махсуси варзишӣ ва 1 маркази варзишӣ ва солимгардонӣ мавриди истифодабарӣ қарор дошта, тибқи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 адад майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуд. Бо мақсади оммавигардонии варзиш, таблиғи тарзи ҳаёти солим, ҷалби васеи омма ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш бахшида ба санаҳои таърихӣ дар ин давра 55 чорабиниҳои варзишӣ, аз қабили мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуривӣ, спартакиадаҳо, дави наврўзӣ, веломарафон ва монанди инҳо бо ҷалби беш аз 35 ҳазор нафар шаҳрвандони касбу кори гуногун ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ҷараёни маҷлиси фаъолон Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода фаъолияти кори раиси маҳаллаҳои шаҳрро дар самти мубориза алайҳи бемории фарогирии короновирус ғайриқаноатбахш арзёбӣ карда, ба масъулини дахлдор ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо муҳлатҳои муайян дод. Таъкид шуд, ки бояд дар ҳар як маҳалла кори Ситоди мубориза алайҳи бемории короновирус ҷоннок карда шуда, дар самти пешгирӣ ва табобати манбаъҳои сироят сохторҳои дахлдор аз ҷумла, занон, ҷавонон, фаъолон, духтурони оилавӣ, сироятшинос, азҳоби сиёсӣ, милитсия ва ғайраҳо ҷалб карда шаванд.

Фаъолияти савдои кӯчагӣ, марказҳои дилхушӣ манъ карда шуда, ҷиҳати тибқи талаботи муқарраргардида баргузор намудани тӯю маъракаҳо тадбирҳо пурзур карда шавад.

Ба сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологӣ дастур дода шуд, ки баҳри пешгирии беморӣ дар муассисаву ташкил корҳои назоратиро ҷоннок намояд.

Дар ҷараёни кори ҷаласа роҳбарони сохторҳои маориф, занон, ҷавонон, саноат, ободонӣ, нақлиёти мусофиркашон, маҳаллаҳо ва ғайраҳо пурсиш ба амал оварда, ҷиҳати ислоҳи камбудиҳо супоришҳои қатъӣ дода шуд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд баромад намуда, доир ба самти пешравиҳо дар шаҳр андешаронӣ намуда, ҳамзамон баҳри тақвияти корҳои ободонӣ, суръатбахшии иқтисодият ва маҷмуаъан сазовор пешвоз гирифтани ҷашни умумиллии 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулин дастуру ҳидоятҳо дод.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми ҷаласаи ҷамъбастии 9 моҳаи хоҷагии халқи шаҳр таъкид дошт, ки то охири соли ҷорӣ сокинони шаҳр бо руҳияи баланд ҷиҳати татбиқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода баҳри бартараф намудани муаммоҳои марҳилаи ҳассос, бо масъулияти шаҳрвандӣ саҳми босазо хоҳанд гузошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...