(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба якбора паст шудани ҳарорати ҳаво ва дар кўфтани фасли зимистон ба маълумоти сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд мерасонад, ки бинобар беэҳтиётӣ дар ин фасл эҳтимоли хуруҷи бемориҳои роҳи нафас афзуда, ба бемории зуком ва дигар навъҳои вазнини он оварда расониданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз, пўшидани либосҳои гарм дар рўзҳои сард ва риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ тавсия дода мешавад.

Мусаллам аст, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳарчанд рӯзҳои охир ҳолатҳои сироятёбӣ коҳиш ёфта бошад ҳам, он моро хушбин намесозад, зеро дар як қатор кишварҳои Аврупо ва минтақа аз хуруҷи дуюми бемории короновирус хушдор медиҳанд, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки саломатии мо дар дасти худамон аст. Ба роҳ мондани тарзи ҳаёти солим, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, машғул шудан ба корҳои фоиданок, банд намудани фикру зикри худ ба орзую омоли интихобнамудаамон дар зиндагӣ, хушбин будан дар ҳаёт моро аз чанголи ҳамагуна беморӣ мераҳонад.

Таҳлилҳо собит месозанд, ки баъзан шаҳрвандон бо тарсу ваҳм ақидаи худро дучори бўҳрони равонӣ мекунанд, ки он боиси пайдоиш ва хуруҷи бемориҳо мегардад.

Муҳим он аст, ки мо бояд баҳри ҳифзи саломатии худ дар ин фасли сармо аз ҳарвақта дида бодиққат ва баҳуш бошем. Зукоми маъмулие, ки ба он шаҳрвандон дар ин фасл гирифтор мешаванд, бо омилҳои гуногун вазнин омаданаш мумкин аст. Аз ин лиҳоз танҳо бо тавсияи духтурони оилавӣ муолиҷа намуда, аз худтабобаткунӣ даст кашед.

Он нафароне, ки ба бемории короновирус ва илтиҳоби шадиди шуш сироёт ёфтаанд, барои барқарор намудани организми худ аз тамоми имконот истифода намоянд. Паст шудани иммунитет ба дигарбора сироятёбӣ ва афзудани беморӣ оварда мерасонад. Ҷиҳати риояи масофа ва қоидаҳои беҳдоштӣ бепарвогӣ ҳаргиз бепарвогӣ зоҳир накунед. Оилаҳои сироятшуда дидаву дониста фарзандони худро ба муассисаҳои таълимӣ нафиристанд, ки ба саломатии дигар шаҳрвандон хатар эҷод мекунанд.

Борҳо таъкид намудем ва боз ҳам мегўем, ки ҳамагуна маъракаҳои хонаводагӣ ва ҷамъиятӣ дар шароити феълӣ хатарнок арзёбӣ гардида, ба пайдоиш ва хуруҷи бемории короновирус мусоидат хоҳад намуд. Аз ин лиҳоз, шаҳрвандонро зарур аст, ки ба хотири нигоҳдошти муътадили солимии худ аз ин маъракаҳо муддате худдорӣ намоянд.

Ҳеҷ гоҳ фаромўш насозем, ки ки ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, ки кишварҳои абарқудрат ба он истодагӣ карда натавонистанд. То ҳол ваксина алайҳи ин беморӣ расман дар муомилот бароварда нашудааст. Аммо бояд дар хотир дошта бошем, ки он табобатшаванда аст, дар сурате ки қоидаҳои беҳдоштӣ риоя ва бо маслиҳати табибон амал намоем.

Дар тамоми маҳаллаҳо, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ Ситодҳо оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19)амал намуда истодааст ва масъалаҳои марбут ба пешгирии ин беморӣ дар ҷаласаҳои он ба зуддӣ ҳал карда мешаванд. Тамоми раванди мубориза ва табобати ин беморӣ зери назари доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Аз шаҳрвандон даъват ба амал меорем, ки ба ҳаргуна овозаю ҳангомаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ бовар накунанд, зеро тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон фаъолият доранд. Рўз аз рўз иқтидори ин госпиталҳо пурзўр гардида, барои қабул ва табобати беморони короновирус имконоиятҳои фаровон вуҷуд доранд.

Роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати мубориза алайҳи бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла короновирус аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, барои муборизаи дастҷамъона ва истифодаи самаровари он қувваҳоро сафарбар намудааст. Дар ин самт тамоми захира ва иқтидорҳо кифоя аст.

Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемологии шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...