(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки ҷавонони ихтиёрӣ, волидайни ҷавонони ба хизмати ҳарбӣ сафарбаршуда, кормандони комиссариати ҳарбӣ ва раисони кумитаи маҳаллаҳо чорабинӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммаддзода дар оғози мулоқот ба волидайни сарбозон ва сержантон, ки фарзандонашонро дар рўҳияи ватандўстӣ парвариш намудаанд, арзи миннатдорӣ баён карда, аз ҷумла афзуд, ки фарзандони онҳо имрўз бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардида, баҳри ҳифзи марзу буми Ватани азизамон Тоҷикистони соҳибистиқлол хизмат намуда, қарзи шаҳрвандии худро адо намуда истодаанд, бо сари баланд хизмати Ватан-модарро сарбаландона адо намуда, ба назди аҳли оилаи худ бармегарданд ва баҳри ободонӣ ва шукуфоии кишвари азизамон саҳми босазои худро мегузоранд.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки боиси хушбахтии мо аст, ки имрўз Тоҷикистони азизу маҳбубамон дар арсаи ҷаҳонӣ шуҳратманд гардида дар фазои он кабўтарони сулҳ парвоз доранд, кўдакон хурсандии кўдакона доранд, пирони рўзгордида давлати пирӣ меронанд, ҷавонони саодатманд дар пешрафти Ватани дилоро саҳми хешро мегузоранд, ки ин ҳама бо шарофати заҳматҳои шабонарўзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи меҳнатқарин ва шикастнопазири тоҷик мебошад. Ба ҳамин хотир қадру қиммати сулҳ, Ваҳдати миллӣ хеле гарон аст ва ҳар як нафар фарзанди воқеии Ватан барои ҳифз ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани ин арзишҳои муқаддас бояд кўшиш намояд.

Таъкид шуд, ки ҳамасола тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишварамон маъракаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ба роҳ монда шуда, аз шаҳри Хуҷанд низ ҳамасола садҳо нафар ҷавонони шуҷои Ватан баҳри ҳифзи марзу буми Ватанамон сафарбар карда мешаванд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намудаанд; “Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузурги ҳар як фарзанди бонангу номуси мамлакат аст”. Бо қаноатмандӣ изҳори назар кард, ки сол аз сол сафи ҷавонони ихтиёрӣ барои адо намудани қарзи шаҳрвандии хеш бисёр гашта истода, намунаи ибрат ба баъзе аз ҷавононе, ки имрўз аз хизмати Ватан саркашӣ менамоянд, ҳастанд.

Боиси хушнудист, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон такмили фаъолияти қисмҳои низомии ҳудуди мамлакат ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии афсарону сарбозон солҳои охир дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, имрўз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби инфрасохтори замонавӣ, техникаву таҷҳизоти муосири ҳарбӣ ва кадрҳои миллии афсарии дорои тахассуси олӣ мебошанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки аз шароити хуби қисмҳои низомии кишвар худи волидайни сарбозон ва сержантон ба таври пурра огаҳӣ доранд. Зеро ҳамасола бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят волидайн ва хешу ақрабои наваскарон ба дидори фарзандони хеш сафарбар карда шуда, худ шоҳиди шароити хуби қисмҳои ҳарбӣ гашта истодаанд. Имрўз ягон муаммо вобаста ба вазъи хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ мавҷуд нест. Фақат ҷавонони мо бо амру дили пок бояд қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан адо намоянд.

Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мудҳиштарин рўзҳое, ки ба сари тоҷикон омада буд, Артиши миллӣ таъсис дода шуда, ҳамчун наҷотбахшу меъмори бахту саодат дар хонадони ҳар сокини кишварамон хуршеди нурфишони меҳру муҳаббат ва сулҳу сафоро дурахшон намуд.

Бо шарофати далериву шуҷоат ва фидокориву ҷоннисориҳои хизматчиёни ҳарбӣ - фарзандони бонангу номуси Ватан, дар кишвари азизамон ҳокимияти қонунӣ барқарор гардида, барои сулҳу суботи устувор заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шуд.

Давлату Ҳукумат фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромўш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории сулҳу субот, ҳимояи марзу буми Ватан ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медорад.

Мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки фазои орому осудаи имрўзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси миллат ба даст омадааст.

Ҳоло барои он, ки ин давлат, ин марзу бум ва ин сарзамини муқаддаси воқеан биҳиштосо насиби ҷовидонии миллати куҳанбунёди тоҷик бошад, мову шумо ва насли ҷавони имрўза бояд бо эҳсоси гарми ифтихор аз давлати соҳибихтиёри худ, онро самимона дўст дорем, бо таъмини волоияти қонун, таҳкими ваҳдати миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ҳар зарраи хоки он ва ҳар ваҷаб замини онро чун гавҳараки чашм ҳимоя карда, ба хотири ободиву шукуфоияш талош намоем.

Аз ин рў, ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватан ўҳдадор аст, ки бо масъулияти фарзандӣ ва садоқату эътиқод ба халқи хеш баҳри ҳифзи марзу буми кишвар омода гашта, қарзи шаҳрвандии худро адо намояд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин толор, як қатор ҷавонони шаҳри Хуҷанд ҳозир омадаанд, ки бо хоҳиши худ мехоҳанд ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис гардида, қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан адо намоянд.

Дар анҷоми мулоқот шаҳрдор аз волидайни сарбозони ихтиёрӣ сафарбаршуда хоҳиш намуд, ки барои даъват намудани ҷавононе, ки имрўз бо ҳар восита аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ менамоянд, корбарӣ намуда, онҳоро баҳри адо намудани қарзи шаҳрвандии хеш ҷалб намоянд.

Сипас ба як қатор волидайни сарбозон мактуби миннатдории Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Мирзо тақдим карда шуд.

Дар анҷоми мулоқот аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати босифат гузаронидани маъракаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизматӣ ҳарбӣ ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...