(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд дар кўчаи Сангинбой Полвонови хиёбони Раҳим Ҷалили маҳаллаи Сирдарёи шаҳр мактаби хусусии «Аркон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Иттилоъ дода шуд, ки мактаби хусусии «Аркон» бо саҳми соҳибкори ватанӣ, муассиси он Умеда Гадойбоева бунёд шуда, алҳол танҳо хонандагони синфҳои 1 ва 2-ро барои таҳсил қабул менамояд. Дар мактаби навтаъсис хонандагон фанҳоро дар баробари забони давлатӣ, ҳамзамон бо забони англисӣ чуқур азбар менамояд. Таҳсил шартномавӣ буда, арзиши моҳонаи он 980 сомониро ташкил медиҳад. Баъди хатми соли таҳсил ба хонандагони сертификати эътирофшудаи сатҳи байналмилаии мактаби Кембриҷи Британияи Кабир, ки аз аз ҷумлаи муассисаи таълимии хеле шуҳратманду бонуфузи олам мебошад, дода мешавад. Омўзгорон дар як ҳафта се маротиба тариқи онлайн аз машғулиятҳои устодони макотиби пешрафтаи ҷаҳонӣ бархўрдор мешавад. Маоши омўзгорон аз 2000 то 4000 сомониро ташкил медиҳад.

Бино аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, дар таҳхона ошхона, толори варзиш ҷой гирифтааст. Дар се ошёнаи бинои муассиса синфхонаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва таҷҳизоти хониш муҷаҳҳаз карда шудааст. Машғулияту дарсҳо бо истифода аз усулҳои пешрафтаи таълим ба роҳ монда мешаванд. Омӯзгоронро дар ҷараёни таълиму тарбия ассистентҳои соҳибкасби риштаҳои педагогика ва психология кумаку роҳнамоӣ мекунанд.

Бояд қайд намуд, ки мактаби хусусии «Аркон» дар заминаи Маркази забонҳои «Аркон» ки 8 сол инҷониб фаъол аст, таъсис ёфтааст.

Дар тӯли солҳои фаъолияти марказ, аллакай зиёда аз 10 000 нафар донишҷӯён забони хориҷиро аз худ кардаанд, тақрибан 15 ширкат тахассуси кадрҳои худро баланд бардоштанд, ҳамаи муаллимони марказ курсҳои такмили ихтисос гирифта, соҳиби сертификат ва диплом шуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни боздид аз синфхонаҳои таълимии мактаби хусусии «Аркон» ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, хонандагонро ба донишомўзии амиқ ва тарбияи ёфтан дар руҳияи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоятҳо намуд.

Зимни суханронии худ Маъруф Муҳаммадзода дар ҳузури хонандагон ва волидайнашон аз ҷумла таъкид намуд, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбариии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунад ва ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ ва кадрии онҳо тадбирҳои амалӣ меандешад, то ки наврасону ҷавонон ҳамчун насли соҳибмаърифату соҳибкасб ба воя расида, идомадиҳандагони роҳи гузаштагони шарафманди худ бошанд. Боиси қаноатмандист, ки дар доираи бунёдкориҳои чанд соли охир дар қаламрави шаҳрамон сохтмону азнавсозӣ ва мавриди истифода қарор додани муассисаҳои нави таълимӣ вусъат пайдо карда, ифтитоҳи боз як муассисаи нави таълимӣ дар маркази маъмурии вилояти Суғд аз ҷумлаи иқдомоти созандаи соҳибкорони бонангу номуси шаҳр мебошад.

Зикр гардид, ки гузаштагони хирадмандамон гуфтаанд, ки дар тифлӣ аз худ кардани донишу маърифат мисли нақш бар санг мебошад. Бинобар ин, устодон ва омӯзгоронро зарур аст, ки ба масъалаи қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагон эътибори ҷиддӣ диҳанд ва сатҳу сифати таълимро мунтазам беҳтар намоянд. Ҳамчунин, омӯзгоронро зарур аст, ки ба корҳои мустақилонаи хонандагон зиёдтар диққат диҳанд, машғулиятҳои иловагӣ ва бозиҳои таълимиро дар фанҳои табииву риёзӣ бештар гардонанд, кори хаттии хонандагонро назорат карда, ба фаъолгардонии ҳофизаи наврасон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд.

Изҳори умедворӣ карда шуд, ки дар солҳои наздик хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат баҳри рушди босуботи мамлакат ҳиссаи арзандаи хешро мегузоранд.

Муассиси мактаби «Аркон» барои таваҷҷуҳи доимӣ ва фароҳам овардани шароити фаъолияту таҳсили рақобатпазир ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта, таъкид намуд, ки муҳассилини ин муасссаи навбунёд барои соҳиб шудан ба донишҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ бо мусоидати омўзгоронашон сайъ хоҳанд намуда, Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст дошта, рафтору кирдори намунавиро пеша намуда, ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош хоҳанд намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...