(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМаркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд ба маълумоти сокинон ва шаҳрвандон мерасонад, ки ҳамарўза аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шари Хуҷанд ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадобир ва чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодааст. Мутаассифона рӯзҳои охир ҳолатҳои нави сироятёбӣ, бахусус бидуни нишонаҳои хос ошкоршавии беморӣ табибонро ба ташвиш овардааст, ки сироятшиносон омили асосии онро дар риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ, бидуни ниқоб ба кўча баромадан ва масофаро риоя накардан дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ медонанд.

Воқеан ҳам бархе шаҳрвандоне, ки дар аз миёни хонавода ва пайвандонашон бемории сироятии короновирус дарёфт шудааст, бо вуҷуди огоҳии чандкарата ҳамарўза ба кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир шуда, ба саломатии дигар шаҳрвандон низ хатар эҷод намуда истодаанд. Ё худ дар як оила зан ё мард гирифтори бемории короновирус шудааст, дидаву дониста фарзандҳояшонро ба мактаб гусел мекунанд ва ё нафари солим бо бемор дар як хона зиндагӣ намуда, худро дар фосила нигоҳ надошта, нисбати пешниҳодоти духтурони оилавӣ ва мутахасисони соҳаи тиб бепарвогӣ зоҳир намуда истодаанд, ки натиҷа бемор шуда ба афзун гардидани шумораи беморон оварда расонида истодаанд.

Бояд хуб дарк намоем, ки ин бемории хатарнок, ки дар як муддати кӯтоҳ бошиддат дар олам паҳн шуда, 213 давлати дунёро таҳти таъсир қарор дод, ки ҳатто кишварҳои абарқудрат ба он истодагӣ карда натавонистанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ вазъи дар шаҳр баамаломадаро таҳлил намуда, барои пешгирӣ кардани паҳншавии он ҳамаи тадбирҳои фавриро андешида, корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳли ҷамъиятчигӣ доир ба риояи қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ дар тамоми қаламрави шар ба роҳ мондааст. Ҳамзамон ҳамарўза масоили марбут ба сироятшавӣ ва роҳҳои пешгирии он дар Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидимикӣ баҳри пешгирӣ ва пайдоиши бемории сирояти нави коронавирус (COVID-19) мавриди баррасӣ қарор дода шуда, он зери назорати доимӣ мебошад.

Тамоми кормандони соҳаи тиб дар госпиталҳои таъсиснамудаи шаҳр, бо донишу маҳорати касбӣ, давраи вазнини мубориза бар зидди зукоми хавфнок – бемории сироятии коронавирусро бо ҷасорату матонат ва ҳатто ҷоннисорӣ барои наҷоти беморон сиппарӣ намуданд, нагузорем, ки боз давраи вазнини дигари он-авҷи дуюми беморӣ табибибон ва ҳамшираҳои шафқати мо ва худи моро дар ташвиш гузорад.

Моро танҳо лозим меояд, ки ҳангоми гирифторӣ ба ин беморӣ тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҷиддан риоя намоем. Бахусус ҳангоми сироятёбӣ яке аз узви оила, қоидаҳои беҳдоштӣ ва меъёрҳои иззолиётсиониро риоя намоем. Ба бемор то қадри имкон ҳуҷраи алоҳида, зарфҳои алоҳида, хўроки алоҳида ва дигар эҳтиёҷоти фардиро муҳайё созем. Ягон нафар аъзои оила то солим гардидани шахси сироятёфта, бидуни зарурат ба кўча, мактаб, кор ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ набояд равад. Хонаи истиқоматиашонро тарк насозанд. Зеро бо ин кирдор авзои сироятёбиро дар шаҳр муташанниҷ мегардонад. Ва мубориза алайҳи он душвортар мешавад.

Сокинони шаҳр то ҳанўз дар тӯю маъракаҳо, ҷойҳои дилхушӣ, бозору мағоза, боғҳои фарҳангӣ, майдончаҳои назди хонаҳои баландошёна бепарвоёна бидуни ниқоб ва фосилагирӣ ҷамъ мешаванд, ки манбаи сироятёбиро пайдо ва ё бемории сироятиро ба хонаводаашон интиқол медиҳанд.

Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бори дигар аз сокинон ва меҳмонони шаҳр даъват ба амал меорад, ки тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъиян риоя намоянд, худ ва аҳли оилаашонро аз гирифторӣ ба бемории сироятии короновирус эмин нигоҳ доранд.

Маркази назорати давлатии санитарию
эпидемологии шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...