(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи сафари кории худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз дар роҳ ҳангоми ҳаракат ба сӯи Истироҳатгоҳи «Чорчаман» бо як гурӯҳ шаҳрвандони кишвари дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ки барои истиқбол ва мулоқот бо Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди соҳили дарёи Панҷ ҷамъ омада буданд, суҳбати самимии сарироҳӣ анҷом доданд. Ин воқеаи таърихӣ боз аз ҷасорати нотакрор, қаҳрамонӣ, шуҷоат, мардонагӣ ва поси оини иратбахши ҳамсоядории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳикоят мекунад.

Чунин воқеъаҳои нодир дар таърихи инсоният қариб ки ба чашм намерасад. Роҳбари як Давлат бо сокинони як минтақаи ҷангзада, осебпазир, дар баробари ин ҳамсоя, ҳамзабон бидуни мувофиқаи пешакӣ дар суҳбати рўбарў қарор гирифт. Ин ҷо масоили таъмини амният ва дигар омилҳои хатарзо дар баробари муҳаббати тарафайн огоҳона сарфи назар гардидааст, ки аз намунаи олии инсондӯстии шахсияти оламшумул дарак медиҳад.

Воқеан ҳам дар ҳама давру замон нақши ҷомеасозӣ дар ҳамгироии ҳамсоядориро шахсиятҳои ҷовидон бозидаанд, ки дар авроқи таърихи башар бори гарони давлатдорӣ ва тақдири миллатҳо дар лаҳзаҳои ноҳинҷори ҳалокатқарордоштаро ба уҳда гирифтаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳову ташаббусҳо ва масъалагузорию иқдомҳои созанда бар нафъи аҳли башар дар арсаи олам шинохта шудаанд ва ҳоҷат ба тафсири он нест. Бисёр фараҳбахш ва ифтихоровар аст, ки шаҳрвандони кишвари ҳамсоя зимни суҳбат ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешвои тоҷикони ҷаҳон барои ҳалли мушкилоти рӯзгорашон, аз ҷумла норасоии оби ошомиданӣ, неруи барқ, алоқа, набудани роҳи мошингард ва дигар камбудиҳои ҷойдошта муроҷиат карданд.

Ин муроҷиат оддӣ нест. Ин муҳаббати самимона, боварӣ, эътимоди шаҳрвандони як кишвари хориҷӣ, ҳамзамон дўсту бародар, ҳамзабон ба Президенти мардумии мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Сарвари кишвари мо дар баробари соҳиб шудан ба муҳаббати саршори сокинони мамлакатамон ба боварию эътимоди аҳолии он сӯйи марз даромадаанд.

Дар тӯли солҳои Истиқлолияти давлатӣ бо ташаббусҳои созанда ва дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на фақат бо дигар кишварҳои вазъи ороми сиёсӣ дошта, бахусус бо кишвари Афғонистон дар доираи сиёсати бобарори хориҷии Ҳукумати мамлакат ва дар чаҳорчӯби робитаҳои гуногунҷабҳа дар болои дарёи Панҷ пулҳои дӯстӣ бунёд карда шуданд. Бо сохтмони ин пулҳо рафтуомади бемамониати шаҳрвандони ду кишвар оғоз шуда, бозорҳои наздисарҳадӣ ташкил гардиданд, ки сокинони ду тарафи соҳил аз он барои таъмини эҳтиёҷоти зиндагии хеш бо молу маҳсулоти мавриди ниёзи аввал самаранок истифода мебаранд.

Саволе пайдо мешавад, ки чаро сокинони кишвари ҳамсоя бо умед ва бо боварии том ба Роҳбари Давлати Тоҷикистон муроҷиат карданд? Онҳо диданд, таҳлил намуданд, хулоса карданд, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба савганди хўрдаашон содиқ монданд. Ҷиҳати иҷрои ваъдаҳояшон амалан фидокорона кўшиш карданд, ки вазифаи муқаддасашонро сарбаландона иҷро намоянд.Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мо дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, Пешвои миллат худро нороҳат ҳис мекарданд. Боре ҳатто дилсӯзона гуфтанд: Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба Шумо куҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне ки дорем бо ҳам мехурем”.

Ҳамин самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷойи зисти аввалаашон баргардонида шуд. 36 ҳазор хонаи пурра ё қисман харобшуда дар як муддати кўтоҳ пурра барқарор шуд.

Сокинони он сўйи дарёи Панҷ дар вуҷуди Роҳбари Давлат сифатҳои зиёди инсони олию оддӣ, меҳрубонию қаҳрамонӣ, матонату ҳалимӣ, дилсўзию ҷасорат, хоксорию ғурур бо риояи одоб ва эҳтироми оини ҳамсоядорӣ, ҳамзабонӣ, дар мизони хирад ва тарозуи манфиати миллат ва Ватан баркашидани ҳамаи инро ҳис карданд ва умедворона муроҷиат намуданд. Ва муҳимтар аз ҳама медонанд, ки ин муроҷиати онҳо беҷавоб нахоҳад монд.

Зимни суҳбати самимӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба сатҳи кунунии ҳамкории судманди ду кишвари дӯст, ҳамҷавор, ҳамзабон ва ҳамфарҳанги Тоҷикистону Афғонистон ибрози андеша карда, таъкид доштанд, ки ҳамаи мушкилиҳо дар доираи муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ ҳалли худро пайдо мекунанд.

Воқеан ҳам дар ин росто якчанд барномаҳо амалӣ шуданд ба шарофати таҳкими равобити иқтисодӣ байни ду Давлат дар оянда низ як садҳо лоиҳаҳо роҳандозӣ карда мешаванд.

Агар аз дурбини воқеъият нигоҳ кунем, бисер риққатовар аст, ки дар он суйи марз мардуми ҳамзабони мо “аз сару либос то хонаю палос” дар кадом сатҳ зиндагӣ доранд. Роҳҳои мумфарш, барқи доимӣ, бунёди садҳо иншооти таъиноташ гуногун дар Тоҷикистон барои ҳамсоякишвраи мо мисли афсона аст, ки фосилаи ҳамагӣ сад ё дусадметра дорад.

Мо бояд бо ин қиёс шукрона намоем, ки замоне мисли ҳамсояаамон чунин шароит ва зиндагӣ доштему имруз сатҳи он хеле боло рафтааст, мутаассифона душманони миллат дар хориҷи кишвар истода, танҳо дар қиёс бо ин ҳаводис пешрафти моро дида наметавонанд. Кӯр-кӯрона баҳо медиҳад, нишондоди соҳибони хориҷиашонро иҷро менамоянд.

Тавре таърихнигорон менависанд моҳи декабри соли 1996 дар деҳаи Хосдеҳи ноҳияи Фархори Давлати исломии Афғонистон ҷанг мерафт, бо вуҷуди ин Роҳбари Давлати Тоҷикистон барои гуфтушунид рафтанд. Дар ҳолате, ки сару либоси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пур аз чанг, дар кафи дасташон пиёлаи чойи сард буд, рўйи кўрпача мисли як марди оддӣ нишаста, ҷон ба гарав гузошта, дар роҳи ташнагӣ ба сулҳу субот, ботамкинона,меҳрубонона, дурбинона сарварони мухолифро ба ваҳдат, сулҳу субот даъват мекарданд, ки ин хислатҳо аз шахсияти муқаррари набуданашон гувоҳӣ медод.

Шери Панҷшер Аҳмадшоҳи Масъуд ин ҳолатро дида, аз сарварони мухолифин даъват ба амал меорад, ки “Ман имруз роҳбари давлати шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ ба сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашродареғ намедорад, қодир аст ки сулҳ биорад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда, ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо-афғонҳо дар солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳануз чунин роҳбари ғамхорро надоштаем”.

Шаҳрвандони кишвари ҳамсояи Афғонистон дар ин дидори таърихӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои имкони мулоқот ва нақшаву ниятҳои нек баҳри истиқрори сулҳ дар Афғонистон, дарёфти роҳҳои рушди иқтисоди миллии давлати дӯсту ҳамсоя ва дигар иқдомҳои башардӯстона бори дигар изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

Таҷрибаи таърихи сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки доштани Пешвои миллӣ, эътирофи бунёдгузори давлат барои рушди худшиносӣ ва роҳи ҳамвори тараққиёти давлатӣ вобаста ба шароити дохилию байналмилалӣ шарт ва зарур аст.

Роҳе, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон то расидан ба ин мақом буд, ин роҳи осону саҳл набуда, роҳи ҷон ба гарав, роҳи камоли ҷавонмардӣ, хирадмандӣ, сарбаландӣ, роҳи пур аз шебу фароз, хатарнок, сангин, роҳи шикасти садди тиллисмоти азим буд, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз он фахр намоянд ва намунаи олии идеалсозию ибратбахши пайравӣ ба насли ҷавони имрӯзу фардо аст.

Маъмури Юсуфзод,
котиби матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...