(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи боздид аз муассисаҳои олии шаҳри Хуҷанд Раиси вилояти Суғд, Раиси Ситоди вилоятӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода аз яке аз тадрисгоҳҳои маъруфи кишвар-Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз дар ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд 4 факултет, 12 кафедра, 4 марказ ва 8 шуъба амал менамоянд. Дар донишкада ба миқдори умумӣ: 167 синфхонаи таълимӣ, 36 озмоишгоҳи таълиму таҳқиқотӣ, 26 синфхонаи компютерӣ, 5 синфхонаи лингафонӣ, 2 толори варзишӣ, 2 майдончаи варзишӣ, 1 технопарк, 3 толори маҷлисӣ, 3 китобхона, 3 қироатхона мавҷуд аст ва дар умум, ба як донишҷӯ 7,03 метри мураббаъ рост меояд. Дар донишкада факултети информатика ва энергетика, муҳандисӣ-иқтисодӣ, факултети муҳандисӣ-технологӣ, факултети сохтмон ва нақлиёт ва якчанд кафедраҳои умумидонишкадавӣ амал менамоянд. Ба ғайр аз ин, маркази таҳсилоти фосилавӣ нисбат ба ихтисосҳои тарзи таҳсилашон фосилавӣ ҳам функсияи факултет ва ҳам функсияи кафедраро иҷро менамояд. Донишкада аз рӯйи 21 ихтисоси зинаи бакалавриат (5 ихтисос дар шуъбаи ғоибона (фосилавӣ) ва аз рӯйи 29 ихтисоси бакалавриатура таҳсилоти дуюм (фосилавӣ)), 18 ихтисоси зинаи магистратура, 9 ихтисоси зинаи докторантура (PhD), инчунин 13 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ ва барои парки технологӣ 10 курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ фаъолият мебарад. Онҳо ихтисосҳои самтҳои технологияи иттилоотӣ, энергетика, сохтмон, нақлиёт, меъморӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, бофандагӣ, маҳсулоти хӯрока, агротехнология ва иқтисодиёт мебошанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни таълиму тадрис дар факултети информатика ва энергетикаи ин муассисаи олӣ шинос гардид. Маълум шуд, ки дар синфхонаҳо тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ риоя шудааст ва тибқи тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарсҳо ҷараён дорад.

Раҷаббой Аҳмадзода ҳамчунин аз лабараторияи манбаъҳои барқароршавии энергия ошноӣ пайдо намуда, бо донишҷўён суҳбати озоду самимӣ намуд.

Зимни иштирок дар машғулияти назариявии барномасозони оянда Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз эҷоди барномаҳои ҷавобгў ба талаботи замони муосир дар донишкада тавсиф намуда, зикр дошт, ки маҳсули эҷоди устодону донишҷўёни ин муассисаи олӣ якчанд сол инҷониб дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат васеъ истифода мешавад. Аз барномасозони оянда даъват ба амал оварда шуд, ки мутобиқ ба талаботи ҷомеа, бахусус барои корхонаҳои саноатӣ ва муассисаҳои таълимӣ барномаҳо ихтироъ ва он дар истеҳсолот ба кор бурда шавад. Таъкид шуд, ки барои ин амал иқтидори зеҳнии устодону донишҷўёни донишкада мерасад, зеро ин муассисаи олӣ яке аз пешрафтатарин боргоҳи илму маърифат дар мамлакат арзёбӣ мегардад.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмазода аз фаъолияти сехи нонпазии назди Парки технологии донишкада шиносоӣ пайдо намуд. Иттилоъ дода шуд, ки сехи нонпазӣ дар заминаи таҷҳизоти муосири истеҳсоли кишвари Олмон роҳандозӣ гардида, он бо маблағи 40 ҳазор доллари амрикоӣ тибқи барномаҳои лоиҳавии устодон вориди донишкада карда шудааст.

Донишҷўён дар маҳфилҳои ҳунаромўзӣ маҳорати нонпазиро дар ин ҷо омўхта анвои гуногуни маҳсулоти нониро дар сехи мазкур истеҳсол мекунанд. Дар баробари таъминоти устодону донишҷўёни донишгоҳҳо маҳсулоти ин сехи нопазӣ ба мағозаҳои шаҳр низ барои фурўш дастрас карда мешавад.

Раҷаббой Аҳмадзода ба маҳорати нонпазӣ ва анвои гуногуни маҳсулоти нонӣ аз ҷониби донишҷўён, бахусус писарон баҳои баланд дода, онро ибратомўз хонд. Таъкид шуд, ки ҷиҳати рушди чунин маҳфилҳои ҳунаромўзӣ тадбирҳо андешида шавад.

Дар ҳавлии донишкада Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо устодони ин муассисаи олӣ мулоқоти судманд анҷом дод. Зикр шуд, ки бинобар хуруҷи бемории мазкур бо мақсади ҳимояи саломатии хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва кормандони соҳаи илму маориф бо қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ соли таҳсил барвақт қатъ гардид ва муҳлати таътил низ дароз карда шуд. соли таҳсили имсола бо сабаби пандемияи коронавирус пештар оғоз гардид. Дар натиҷаи саъю талоши Ҳукумати мамлакат ва заҳмати фидокоронаи кормандони соҳаи тандурустӣ шиддати беморӣ хеле паст шуд ва имрӯз дари ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои таълимгирандагон боз гардид. Дар натиҷаи роҳандозӣ намудани чунин тадбир ва ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистем саломатии наврасону ҷавонон ва устодони онҳоро аз ин беморӣ эмин дорем.

Раҷаббой Аҳмадзода аз устодони донишкада талаб намуд, ки ҳамарўза ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, масофаи муқарраршуда, истифодаи ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводи антисептикӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шавад ва он то баэътидол омадани вазъият ба шуғли доимии донишҷўёну устодон мубаддал гардад. Зеро пешгирӣ аз табобати беморӣ осон ва каммасраф аст. Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар самти тозагии бинову иншоот, снфхонаҳои таълимӣ эътибори ҷиддӣ зоҳир карда шавад, ҳамарўза санҷиши ҳарорати бадани устодону донишҷӯён ба роҳ монда шавад, ҷиҳати пешгирӣ аз мавҷи дуюми бемории короновирус ба қадри кофӣ ниқоб ва маҳлулу маводи безараркунанда захира карда шавад.

Сипас, аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ДПДТТ ба номи академик Муҳаммад Осимӣ як қатор китобҳои тозанашр ва маҳлулҳои безараркунанда, ниқобу маводи антисептикӣ тақдим карда шуд.

Дилафрўз Саидӣ, директори донишкада аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои Роҳбарияти вилоят арзи миннатдорӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҷомеаи меҳнатии донишкада дар оянда низ дар самти ҷустуҷӯ ва дарёфти роҳу усулҳои пешқадаму муосири таълим, мустаҳкам намудан ва ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардонидани пояҳои моддиву техникии донишкада, васеъ ҷорӣ кардани технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, ба роҳ мондани ихтисосҳои нави ба талаботи иқтисоди миллӣ ҷавобгӯй ва воридшавӣ ба фазои ягонаи таҳсилот тадбирҳо меандешанд. Ҳамзамон бобати ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилоти касбӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои донишкадаро бо субъектҳои бозори меҳнати вилоят ба самти афзалиятноки дурнамои фаъолият қарор медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...