(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКормандони соҳаи савдо, коркунони муассисаҳои хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналиро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо иди касбиашон самимона табрику муборакбод мегӯям.
Корхонаи воҳиди давлатии комуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҳам вилоятӣ саҳми арзанда дорад. Соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ яке аз соҳаҳои афзалиятноки давлат ба шумор рафта, самтҳои фаъолияти он асосан барои ободонию кабудизоркунӣ, бунёдкорию созандагӣ, чароғонкунию гулзоркунӣ, саривақт нигоҳ доштани тозагию озодагии ҳудуди шаҳр, нигоҳдории фонди манзил аз он ҷумла таъмири биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгарду пиёдагард ва ғайра нигаронида шудааст.
Боиси хушнудист, ки Ҳукумати кишвар манзалати соҳаи мазкурро ба назар гирифта, ҳар сол рӯзи якшанбеи якуми моҳи июнро Рӯзи касбии кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ эълон намудааст. Ин аст, ки ҳар сол дар ин рӯз бевосита аз ҷониби роҳбарияти шаҳр якчанд кормандони фаъоли соҳа барои хизматҳои беандоза-ашон баҳри ободонии шаҳрамон бо ифтихорномаю сипозномаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Албатта татбиқи ин иқдом имконият медиҳад, ки кормандону мутахассисони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ меҳнати худро дучанд намуда, баҳри ноил шудан ба пешравию нишондодҳои баланди соҳавӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Хизматҳои шоёни кормандони соҳа буд, ки имрӯзҳо шаҳри азизамон рӯз аз рӯз ободу зебо шуда истодааст. Дар ҳайати кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ кормандоне ба монанди Бурҳонов Раҳматҷон, Махкамов Оқилҷон, Икромов Музаффар, Мирбобоева Мушар-раф, Умаров Мирзоҳабиб, Норматова Мавзуна, Ҳакимова Мукарам, Аминов Салимбой, Рустамов Ином, Халифаева Саиднисо, Додхоева Наҷминисо, Юлдошев Сиддиқбой, Пӯлотова Хайрӣ ва Турсунов Турсунбой барин шахсони фидокор ҳастанд, ки солҳои тӯлонӣ баҳри гулгул шукуфии хуҷандшаҳр саҳми босазои худро гузошта истодаанд.
Боиси қайд аст, ки то имрӯз тибқи нақша чорабиниҳо аз ҷониби қитъаи кабудизоркунии Сарраёсат ва муассисаи «Кабудизоркунӣ»-и шаҳр дар қади роҳҳо, гулгаштҳо, мавзеъҳои фарҳангӣ ва фароғатии шаҳрамон ба миқдори 132413 дона гулҳои ороишии голландӣ, петуния, марҷонгул, тоҷихурӯси маҳаллӣ, 12702 дона гули садбарг, 12300 дона карнайгул, 12802 дона лолаи голландӣ ва 3141 дона дарахтони ороишию сояафкан ба монанди ардач, санавбар, серени ҳиндӣ, каштан шинонида шуда, дар ин самт корҳо идома ёфта истодаанд.
Илова бар ин, бо корбарии Корхонаи воҳиди давлатии комуналии «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Хуҷанд баҳри иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 10 феврали соли 2014, №68 «Дар бораи эълон намудани «Соли ободонӣ ва гулкорӣ» бахшида ба 20-солагии Рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ва бо мақсади дар сатҳи баланди ташкилию омодагӣ гузаронидани озмуни мазкур дар ҳудуди шаҳр якчанд маротиба шанбегиҳо гузаронида шуда, аз тарафи корхонаю муассисаҳо, мактабу донишкадаҳо ва дар ҷои истиқомат шинонидани гулҳои ҳархелаи ороишӣ ва дарахтон ба роҳ монда шуда буд. Натиҷаи он буд, ки:
- шинонидани дарахтон ҳамагӣ - 14733 дона
Аз он ҷумла:
- дарахтони мевадиҳанда - 3127 дона
- дарахтони ороишию сояафкан - 11606 дона
- шинонидани гулҳо - 13096 дона
- ташкил намудани майдони кабудизор ва гулшинонӣ - 14924 м2
Тавре ҳамагон медонанд, соли 2014 бо ибтикор ва супориши бевоситаи Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Абдурамон Қодирӣ дар вилоят «Соли 2014-соли роҳҳои обод» эълон шудааст, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тақвият бахшидани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят самараи хуб хоҳад дод.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд низ, ин иқдоми хубро пеша карда, барои иҷрои супориши мазкур мутобиқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 18 марти соли 2014, №131 барномаи шаҳрии «Соли 2014-соли роҳҳои обод»-ро ба тавсиб расонид. Дар асоси барномаи мазкур мақомот тасмим гирифтааст, ки 116 километр роҳҳои асосӣ ва дохилии шаҳрро тибқи нақша – чорабиниҳои тасдиқшуда аз таъмиру мумфаршкунии куллӣ барорад.
Бояд қайд кард, ки дар ин самт аллакай якқатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда, аз тарафи корхонаи давлатии «Истифодаба-рии роҳҳо»-и шаҳр ба масоҳати 5884м2 роҳҳои кӯчаҳои шаҳр аз таъмир ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шуда, ба миқдори 708,3 тонна асфалт хобонида шуд. Дар натиҷа кӯчаҳои Барака Бобоева, Камоли Хуҷандӣ (самти баромади шаҳр), хиёбони Раҳмон Набиев, роҳи Минтақаи озоди иқтисодӣ дар маҳаллаи 3, кӯчаҳои Раҷабов-ҳо, Ҳаким Карим, Грибоедов, Фирдавсӣ аз таъмири ҷорӣ ва мумфаршкунии куллӣ бароварда шуда, дар ин самт ҳоло корҳо идома ёфта истодаанд.
Илова бар ин, аз ҷониби кормандони муассисаю корхонаҳои зертобеъи Сарраёсат як қатор корҳо ба монанди обёрикунии гулу гулгаштҳо, ба тартиб даровардани дарахтони сояафкан ва гулҳои ороишӣ, чароғон кардани кӯчаю хиёбонҳо, таъмир ва ба кор андохтани фаввораҳо, тоза кардани гирду атрофи биноҳо аз партовҳои маишию техникӣ, аз таъмири намо баровардани биноҳо ба анҷом расонида шуда, аз ҷониби корхо-наю муассисаҳо, дар ин самт кор идома дорад.
Илова бар ин қитъаи ободонии Сарраёсат низ яке аз масъулони гузаронидани чорабиниҳои давла-тию ҷамъиятӣ ба шумо рафта, хизматҳои кормандони ин қитъа бисёр назаррас мебошад. Заҳмати шабонарӯзии онҳо буд, ки чорабиниҳои ҷашнии мо ҳамеша бо шукӯҳу шаҳомати хоса гузаронида мешавад.
Бояд қайд намоем, ки баҳри ободонӣ ва сарсабзу хуррами диёр беҳбудии рӯзгори мардум, рӯҳияи болидаи онҳо ба сатҳи хизматрасонии кормандони соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ вобастагӣ калон дорад. Аз ин рӯ, имрӯз тақозо мешавад, ки ислоҳоти соҳа тарзи корбарӣ ва хизматрасонии коммуналӣ мувофиқи талаботи замон ба роҳ монда шавад.
Ба дӯши кормандони соҳаи савдо вазифаҳои басо масъулиятнок вогузор аст, ки онҳо ҳамарӯза дар хизмати халқ буда, барҳақ муҳимбарори халқ мебошанд.
Фаровонии маҳсулоти бозор, таъминоти мардум бо маводи ниёзи аввал, маводи рӯзгор, хӯрокаю пӯшока ва хизматрасонии маишӣ иҷрои ин вазифаҳо дар дӯши кормандони соҳаи савдо ва хизмати маишӣ мебошад.
Ин ҳама тақозои давру замон буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи савдо ва хизмати маишӣ» қабул гардид, ки ин барои кормандони савдо дастур ва роҳнамо мебошад.
Вобаста бо вазъияти болоравии нархи маводҳои хӯрока дар бозорҳо бо дастгири ва супориши Президенти Ҷумҳурии тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ дар вақтҳои мавсимӣ чораҳои зарурӣ нисбати ташкили ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ҳама сола ташкил карда мешавад, ки дастурхони мардум аз маводҳои аввалиндараҷа ғанӣ гардад ва барои танзими нархи бозор таъсир расонад.
Бо баробари ин барои дар назди хонаҳои истиқоматӣ наздик шудани хизматрасонӣ, бештар сохтмонҳои нави замонавӣ, аз он ҷумла мағозаҳо, қаҳвахонаҳо, нуқтаи хизмати маишӣ ташкил ёфта истодааст.
Имрӯзҳо дар бозорҳо арзонию фаровонии молу маҳсулотҳои кишоварзӣ, маводи рӯзгор ва маданияти баланди хизматрасонӣ дастовар гардида, он пеш аз ҳама ба азму иродаи соҳибкорон ва ҳиммати онҳо алоқаманд аст.
Бори дигар ҳамаи шумоёнро ба муносибати Рӯзи кормандони савдо, хизмати маишӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ табрику муборакбод намуда, ба шумоён тансиҳатию саломатӣ, рӯзгори хуш, осмони соф ва дар фаъолияти масъулиятнокатон бурдборӣ ва муаффақиятҳо орзу менамоям.
Иди касбӣ муборак!

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...