(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа нахуст муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода доир ба ҳолати муолиҷа ва ташхиси мубталиёни бемории короновирус дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод. Изҳори нигаронӣ карда шуд, ки то ҳол омилҳои сироятёбӣ бозору ҷойҳои истироҳатӣ ва тўю маъракаҳо шуда истодаанд. Бо вуҷуди муайян шудани талаботи беҳдоштӣ мутаасифона аз ҷониби шаҳрвандон гигиенаи ҷамъиятӣ риоя намешаванд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба шахсони масъул супориш дод, ки ҷиҳати роҳандозии корҳои тарғиботӣ фаъолнокӣ зоҳир намоянд. Гузаронидани рейдҳо бо ҷалби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ амали саривақтӣ дониста шуд. Зеро мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки то ҳол зимни бастани ақди никоҳ, ҳозиршавӣ ба тўй ва сайругашт дар боғҳои фароғатӣ бидуни ниқоб ва риоя нашудани масофа сурат мегиранд.

Сипас мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхўҷаева ҷиҳати омодагиҳои муассиаҳои таълимӣ ба соли нави хониш маълумоти муфассал дод.

Иттилоъ дода шуд, ки аз 17-уми август таҳсил дар мактабҳои Тоҷикистон расман оғоз мегардад аст. Соли нави хониш ва тартиби нави иштироки муҳассилонро дар мактабҳо Вазорати маориф дар ҳамоҳангӣ бо Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо COVID-19 қабул кард. Алакай он ба тамоми мактабҳо фиристода шуд. Риоя кардани тартибҳои нав барои ҳифзи саломатии хонандагон бисёр муҳим аст." Давомнокии дарсҳо дар муассисаи таълимӣ барои синфҳои якум 35 дақиқа барои синфҳои 2-11 на зиёда аз 45 дақиқаро ташкил медиҳад.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус «Covid-19» Маъруф Муҳаммадзода зимни баррасии масъалаи мазкур таъкид дошт, ки мактабҳо пеш аз ҳама бояд бо маҳлулҳои беҳдоштӣ ва собун таъмин шаванд ва оби тоза дошта бошанд. Фосилаи ҷисмонӣ риоя карда шавад. Баҳри бонизом дохил ва хориҷ шудан аз мактаб хатҳои уфуқӣ кашида шаванд. Машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ, суруд ва мусиқӣ ва омодагии ибтидоии ҳарбӣ мувофиқи имкон берун аз синфхонаҳо ҷараён гирад ва бештар толорҳои варзишӣ, маҷлисгоҳ ва иншооти дигари ёрирасон муваққатан ҳамчун синфхонаи таълимӣ истифода шавад. Синфхонаҳо ҳамарўза безараргардонӣ карда шаванд.

Сипас Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва раванди муолиҷа бемории коронавирус «Covid-19» ҷалб намуда, ҷиҳати баррасии мушкилоти ба миён омада аз соҳаҳои дахлдор пурсиш ба миён овард. Бахусус ҷоннок намудани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зарур дониста шуд.

Шаҳрдор ҷиҳати ҷоннок намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби кормандони соҳаи маориф, фарҳанг, ҷавонон, ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд, занон, маҳаллаҳо бо якҷоягии духтурони оилавӣ муҳим арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки корҳои ташриф ба хона ва ошкорнамоии нишонаҳои бемориро бештар роҳандозӣ намоянд.

Ба вазифагузориҳои дигар ба кори ҷаласа ҳуни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...